Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сайёҳи

 

Бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Пешвои миллат айни ҳол дар ноҳия ҳафт ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Морхур» дар Ҷамоати деҳоти Саричашма, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайди Тагноб» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Маҳмудов, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «М. Бухорӣ» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Маҳмудов, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «М. Шоҳин» дар Ҷамоати деҳоти Саричашма, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайди Роғ» дар Ҷамоати деҳоти Шӯрообод, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳофиз» ва Ҷамъияти                     дорои масъулияти маҳдуди «Сафари Даштиҷум»   ташкил карда шудааст, ки барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ омода мебошанд.              

 Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дар моҳи апрели соли 2018 аз ҷониби ширкати сайёҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Морхур» дар мавзеи «Дараи руи Об» - Ҷамоати деҳоти Саричашма ва моҳи сентябри соли 2022 аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «М. Бухорӣ» дар деҳаи Кишти Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов меҳмонхонаи муосир барои сайёҳии шикорӣ дорои 15 ҷойи хоб сохта ба истифода дода шуд.

Танҳо дар давоми соли 2022 мавзеъҳои сайёҳии ноҳияро 6784 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34 нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намуда, аз инфрасохтори хизматрасонии онҳо истифода бурданд. 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

June 2023
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 1 2

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2023 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин