-ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИ-
ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА СОХТОРҲОИ ДАХЛДОР ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 ҲАМЧУН "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун, Қурбонов Сомон мудири бахши дин, танзими анъна ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Маҷнунов Абдурасул сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Ҷумъаи Назарзодаи Назрӣ-котиби озоди Шурои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия ва Розиямои Карим мутахассиси бахши кор бо занон ва оила иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ тамоми паҳлуҳои масъалаҳои матраҳшаванда аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир,ифродгароӣ, бегонапарастӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
25.04.2024 11:20
22
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Ҷустучӯ дар сомона
© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин