Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ДАР ЗАМИНАИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"

 

Дар заминаи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ корҳои тарғиботӣ рафта истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақшаи вохӯрии муштарак гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Ғоибзода Н, А, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун, сархатиби масҷди ҷомеи марказӣ Абдуқудуси Ашур ва ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Кӯлоб капитани адлия Пулоди Шаҳзод бо сарбозони қисми низомии дар ноҳия фаъолият дошта вохӯрӣ баргузор гардид.

Қобили тазаккур аст, ки масъулин зимни вохӯрӣ ба сарбозон вобаста ба вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза, торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеаҳо, пешгирӣ аз зиёдшавии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, бахусус қишри ҷавон, ҳамзамон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва иштироки фаъолонаи ҷомеа дар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаҳмондадиҳӣ карданд.

Дар идома ҳамзамон, доир ба ташаббуси наҷиби Сарвари давлат дар бораи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" изҳори андеша карда шуд. Зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби давлат қабул гардидаанд, ки дар таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мусоидат мекунанд, ёдовар шуданд.

Дар ин радиф гуфта шуд, ки таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва пешгирии содиркунии ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирӣ намудани ҷавонон аз омилҳои номатлуб-пайвастан ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби онҳо ба донишандӯзиву касбомӯзӣ дастуру тавсияҳои судманд ироа гардид.

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин