Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Cоҳаи кишоварзӣ, барқ, сохтмон ва роҳ

Соҳаи кишоварзӣ-дар иқтисодиёти ноҳия нақши ҳалкунанда дошта, манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 54,4 миллион сомонии соли 2006 дар соли 2015 ба  272 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он мутаносибан 500 фоизро ташкил медиҳад. 

Майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, хусусан зироатҳое, ки эҳтиёҷоти аҳолӣ ба он зиёд мебошад, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ сол аз сол зиёд мегардад. Агар соли 1992 кишти зироатҳо майдони 6326 гектарро фаро гирифта бошад, пас дар соли соли 2016 ба 12819  гектар расонида шудааст, ки ин афзоиш дар муқоиса ба соли 1992 6493 гектарро ташкил медиҳад. Ин зиёдшавӣ асосан дар натиҷаи  азхудкунии заминҳои талу теппа ба вуҷуд омадааст. Яъне аҳолӣ  заминҳои чарогоҳ ва талу теппаро аз худ намуда, дар онҳо зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки чорво кишт намудаанд.  

Дар баробари зиёдшавии майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли маҳсулоти  ғалладонагӣ назаррас мебошад. Агар дар соли 1992  истеҳсоли умумии ғалла дар ноҳия 7807 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин нишондод дар соли 2015 ба 27,3 ҳазор тонна  расонида шуд, ки афзоиш 19,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Истеҳсоли картошка бошад дар ин давра аз 1265 тоннаи соли 1992 дар соли 2015 ба 5540 тонна расонида шуда, афзоиши он ба 4275 тонна баробар мебошад. 

Зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ба назар мерасад. Агар дар соли 1992 аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 10,3 сентнери ғалла гирифта шуда бошад, пас ин нишондод дар соли 2015 ба 23,5 сентнер расонида  шудааст. 

     Дар ноҳия ҷиҳати зиёд намудани оилаи занбури асал, низ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст. Соли 1992 дар ноҳия шумораи оилаи занбури асал 480 оиларо ташкил дода бошанд, пас ин шумора дар соли 2015 ба 3290 оила расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1992  6,7 баробар зиёд аст. 

 Сохтмон ва саноат. Соли 1991 дар ноҳия ягон корхонаи саноатӣ фаъолият намекард. Дар  даврони истиқлолият бошад дар ноҳия              15 корхонаи хурду калони саноатӣ аз қабилӣ 3 корхона оид ба коркарди тиллои пошхӯрда, 2 корхонаи дӯзандагӣ, 3 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ,  2 корхонаи истеҳсоли маводҳои хурокворӣ,  2 корхонаи коркарди меваю сабзавот, як корхонаи истихроҷи ангишт ва 2 корхонаи сангу шағалбарорӣ ба фаъолият дароварда шуд. Истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.  

       Дар   Тули 25 соли фаъолияти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 210 иншооти гуногун ба маблағи умумии зиёда аз 65,3 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла дар ин муддат сохтмони 27 муассисаи таълимӣ ба маблағи 11,4 миллион сомонӣ, 27 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 2,1 млн сомонӣ, 26 муассисаи тиббӣ ба маблағи10,95 млн сомонӣ, сохтмони 3 китобхона ба маблағи 357350 сомонӣ, ду купрук ба маблағи 738 ҳазор сомонӣ, кашидани хати об ба 39 деҳа ба маблағи зиёда аз 5,6 миллион сомонӣ, барқарорсозии роҳҳои дохилии ноҳия дар 7 деҳа ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ ба итмом расида, мавриди истифода қарор дода шудаанд 

Ҳамзамон сохтмони биноҳои маъмурии Раёсати молияи ноҳия, комиссариати ҳарбии ноҳия, Ҷамоатҳои деҳоти Доғистон ва Лангардара,  идораи фурӯши барқи ноҳия, нозироти андози ноҳия, филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Амонатбонк» дар ноҳия, суди ноҳия, прокуратура, бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, шуъбаи корҳои дохилӣ, шуъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳия, шуъбаи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ шуғли аҳолӣ, шуъбаи суғуртаи иҷтимоӣ ва  нафақаи ноҳия, ва маркази адлия ба маблағи зиёда аз 11 миллион сомонӣ ба итмом расонида шудааст.

Айни ҳол дар соҳия сохтмони як қарор иншоотҳои муҳим аз қабили бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 барои 380 хонанда, №8 барои 320 хонанда, қасри фарҳанги ноҳия, варзишгоҳи марказӣ, бинои меҳмонхона барои 50 ҷой, нерӯгоҳи хурди барқии обӣ бо иқтидори 127 кВ/соат, бинои беморхонаи қитъавӣ дар деҳаи Чагам идома дошта сохтмони 4 бунгоҳи тиббӣ ва 2 муассисаи таълимӣ дар арафаи оғозёбӣ қарор дорад.

        Амалӣ гардидани нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат барои рушди бомароми соҳаи нақлиёт ва беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар ин самт заминаи боэътимод мегузорад. Бо ин мақсад дар ҳудуди ноҳия то имрӯз  ҷиҳати бунёди роҳу пулҳо  1 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз 102 миллион доллари амрикоӣ сохтмон ва таҷдиди роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Шӯрообод – Шоҳон мавриди татбиқ қарор дошта, лоиҳаи сохтмони пули дӯстӣ миёни Давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозори наздисарҳадӣ пурра ба итмом расид. 

Барқ. Ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо нерӯи барқ низ дар ин муддат дар ноҳия корҳои муайяне ба иҷро расонида шудааст. Барои бо барқ таъмин намудани деҳаҳои бебарқ дар ноҳия соли 2008 ба ҷамоати деҳоти Лангардара ба масофаи 25,8 км ба маблағи умумии 1,65 миллион сомонӣ хати барқ кашида шуда, 16 деҳаи бебарқ ва баъдан дар давоми солҳои 2008 то нуҳ моҳи соли 2016 25 деҳаи дигар ба барқи доимӣ пайваст карда шуданд.

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

August 2019
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2019 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин