Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Фарҳанг

     Соҳаи фарҳанг яке аз соҳаҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеа ба шумор рафта, вобаста ба ин дар ноҳия корҳои судманде ба иҷро расонида шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мардум дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои фарҳангю сиёсӣ ва маърифатию эљодӣ, тарбияи љавонон дар рӯњияи ватандӯстию хештаншиносӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин айни замон  33 муассисаи фарҳангӣ аз қабили 1 қасри фарҳанг, 4 хонаи фарҳангӣ, 7 клуби деҳотӣ, 1 гуруҳи хизматӣ, 1 боғи Парчам ва Нишони давлатӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 китобхонаи марказӣ ва 17 филиал китобхонаҳо фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 185 нафар кору фаъолият намуда истодааст.

Тибқи таҳлилҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 16 ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шуда, дар феҳристи ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуданд, ки аз онҳо 4 ёдгории бостонӣ, 10 ёдгориҳои меъморӣ ва 2 ёдгориҳои монументалӣ мебошанд. Базаи моддию техникии соҳа сол то сол мустаҳкам гардида, бахши мазкур бо таҷҳизотҳои тақвияти овоз ва дигар асбобҳои зарурӣ таъмин гардидааст.

 

 Дар китобхонаи марказӣ ва филиалкитобхонаҳои ҳудуди ноҳия   70 ҳазору 259 нусха китобу маҷаллаҳо мавҷуд мебошад. Дар соли равон 9 муассисаи фарҳангӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Яке аз масъалаҳои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа ва сари вақт датрасӣ ёфтани мардум ба рӯйдодҳои дохил ва хориҷ дар баробари телевизиону радио, рӯзномаю маҷала ба шумор меравад. 

Дар қаламрави ноҳия 3 рӯзнома фаъолият дошта, моҳе онҳо ду маротибагӣ бо теъдоди аз 500 то 1500 нусха рӯи чоп бароварда мешаванд.

Фарогирии пахши аналогии барномаҳои телевизиони “Тоҷикистон” 70 %, “Сафина” 70 “Баҳористон” 60, “Ҷаҳоннамо” 50 , “ТВ Хатлон” 50, «Синамо» 40, «Шаҳнавоз» 40 фоизро дар бар мегиранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

February 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 1 2 3

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин