Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Тандурустӣ

 

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта,   зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан дар баробари дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ соҳаи тандурустиро низ зери таваҷҷуҳи хосаи худ қарор дод. Вобаста ба он оиди беҳтаришавии вазъи соҳа чандин Барномаҳову санадҳои муҳими давлатиро қабул намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри амалишавии ҳадафу мақсадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарору барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Соҳаи тандурустӣ   зери таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, баҳри беҳтаршавии вазъи феълии кормандони соҳа, аз қабили сохтмону азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмони бунгоҳову марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ, инчунин тарбияи мутахассисони ҷавон тадбирҳои муассир андешида тамоми чораҳои таъсирбахшро амалӣ менамояд.

Дар ҳудуди ноҳия як беморхонаи марказӣ, як беморхонаи қитъавӣ, 4 беморхонаи рақамӣ ва як маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил фаъолият доранд, ки дар онҳо 27 нафар табибони маълумоти олидор ва 137 нафар кормандони миёнаи тиб кору фаъолият менамоянд.

Давоми соли 2018 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ҳиндустон ба беморхонаи марказии ноҳия мошини ёрии таъҷилии ҷавобгӯ ба талаботи замон оварда шуд.

Маркази мубориза бар зиддӣ бемориҳои сил дар ноҳия ягона марказест, ки шаҳрвандони ба бемории сил гирифторшудаи ноҳия ва берун аз онро ба табобат фаро мегирад. Маркази мазкур дорои 20 кат мебошад. Дар соли 2017 дар ин марказ 128 бемор бистарӣ шудааст.  

Дар сохтори бистарии ноҳия дараҷанокии табибони маълумоти олидор: -дараҷанокии олӣ 10 нафар, дараҷанокии якум 4 нафарро дар бар мегирад, ки иҷроиши он 90 %-ро ташкил менамояд. Аз шумораи кормандони миёнаи тиб бошад дараҷанокии олӣ 20 нафар, дараҷанокии 1-ум 18 нафар, дараҷанокии 2-юм 17 нафарро дар бар мегирад.

То ин муддат аз сохтори мазкур 18 нафар табибон ва 43 нафар корманди миёнаи тиб аз курсҳои такмили ихтисос ва 6 нафар табибон ва 8 нафар кормандони миёнаи тиб курси ихтисосгузариро хатм намудаанд, ки маблағҳои ба ин самт равона карда шуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва фонди оғохон мебошад.

Аз соли 2013 инҷониб аз ҳисоби буҷети маҳалӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳо ба сохтори бистарии ноҳия ба маблағи 758 ҳазор сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ аз қабили ренгини мобилb 2 адад, кордиоманитор 3 адад, теғи барқӣ 3 адад, мизи ҷарроҳӣ 1 адад ва дигар воситаҳои ёрирасон харидорӣ карда шудааст.

Дар дигар сохтори бистарии ноҳия низ вобаста ба имконият бо аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад. Дар ин муассиаҳо 11 нафар духтурони маълумоти олидор ва зиёда аз 60 нафар духтурони маълумоти миёнаи тиббидошта кору фаъолият менамоянд.

Сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия низ чун як ҷузъи соҳаи тандурустӣ ҷиҳати иҷрои қарори болозикри раиси ноҳия   корҳои судмандеро иҷро намудааст. Дар ноҳия 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 15 маркази саломатии деҳотӣ ва 18 бунгоҳои тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Миқдори умумии кормандони онҳо бошад айни замон 430 нафарро ташкил дода, аз онҳо 23 нафарашон табибон, 324 нафарашон кормандони миёнаи тиббӣ, 83 нафар кормандони хурди тиббӣ ташкил медиҳад.

Сохтори мазкур соли 2007 дар заминаи беморхонаи марказии ноҳия фаъолият мекард ва дар тобеияташ 20 бунгоҳи тиббӣ ва 7 маркази саломатӣ дошт. Бо шарофати Истиқлолиятӣ давлатӣ ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим   дар ноҳия якчанд марказу бунгоҳҳои алоҳида бобати сари вақт дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ кушода шуданд. Вобаста ба ин айни ҳол дар сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия   маркази солимии репуродуктивӣ, маркази эмтаъминкунӣ, маркази нашъамандӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим, тропикӣ, вируси норасогии масъунияти одам, сил ва ғайраҳо ба мардум пайваста хизмат мерасонанд. Дар ин давра ҷиҳати беҳтаришавии вазъи феълӣ ва хизматрасонии тиббӣ дар сохтори мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ бунгоҳу марказҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла марказҳои   саломатии     деҳоти Доғистон, Шаҳрибарбар, Саричашма, Порвор, Лангардара ва бунгоҳи саломатии Сафедоб-1, Ҷилга, Шоҳон, Ҳазрати Эмом бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонии Рушд сохта шудаанд, ки маблағи он 4 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил дода, таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ харидашуда бошад 800 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Дар ин давра бунгоҳҳои саломатии Анҷироб, Мулёб, Сари марғзор, Деҳдарозак, Сафедоб-2, Сарирег, марказҳои саломатии деҳаҳои Кафтар, Хирманҷо ва Даштиҷум бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин бунгоҳҳои тиббии Оби тира, Хоҷағалтон, маркази саломатии Дараи об   сохта ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор доранд. Сохтмони маркази саломатии деҳаи Зулмобод бошад ба маблағи 1 милиону 226 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Дар сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия айни ҳол 6 автомошинаи ёрии таъҷилӣ ва 3 автомошинаи хизматӣ ба сокинон пайваста хизмат мерасонанд. Ворид намудани технологияи муосир дар сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз ҷумла дастгоҳи фавқулсадо (УЗИ) имкон фароҳам овард, ки мардуми эҳтиёҷманди ноҳия барои муоина ва ташхис ба шаҳри Кӯлоб ва умуман ба берун нараванд.

Бо   мақсади баланд бардории сат[и касбии кормандон то давраи соли 2009 дар шаҳри Бохтар 20 нафар духтурони тибби оилавӣ ва 60 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида шуданд. Дар давраи солщои 2010-2018   бошад аз тарафи сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 46 нафар аз тарафи беморхонаи марказӣ бошад   наздики 60 нафар   курсҳои бозомӯзиро хатм намуданд.

Бо мақсади ба таври самарабахш татбиқ намудани хизматрасонии тиббӣ ҷиҳати бо кадрҳои миёнаи тиббӣ таъмин намудани соҳаи тандурустии но[ия аз соли 2012 ин ҷониб дар ноҳия гуруҳи мақсадноки филиали колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолият менамояд, ки то ин муддат наздики 60 нафар хатмкардагони ин муассиса, дар со[аи тандурустии ноҳия кору фаъолият доранд.    

Бояд зикр намуд, ки теъдоди ҳарсолаи кадрҳои тиббии тайёркардашуда, бо дарназардошти ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва зиёдшавии аҳолӣ, талаботи муассисаҳои тандурустии ноҳияро таъмин карда наметавонад ва андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо менамояд.

Яке аз талаботҳои аввалиндараҷаи мақомоти маҳаллӣ ин пеш аз ҳама муҳайё намудани шароити иҷтимоии кормандон, аз ҷумла ба замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани кормандони ин соҳа мебошад. Бо ин мақсад дар сохтори бистарӣ 12 нафар ва дар сохтори кeмаки авалияи тиббию санитарии ноҳия 23 нафар ба заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд ва минбаъд низ ин раванд идома дода мешавад.

Аз соли 1997 то инҷониб зиёда аз 36 нафар ҷавонони ноҳия тариқи квотаи президентӣ Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистонро хатм намудаанд, ки аксаврият дар беморхона ва сохторҳои тандурустии ноҳия кор ва фаъолият доранд.

Тибқи таҳлилҳо муайян гардид, ки сол[ои охир дар минтақаҳое, ки сатҳи таъмини аҳолӣ ба табибон мушкилиро ба миён меорад, миқдори донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии тиббӣ кам ва баръакс дар ҷойҳое, ки таъминнокӣ бо табибон нисбатан хуб аст, миқдори довталабони дохилшуда ва донишҷӯён зиёд аст.

Ва бояд гуфт, ки бо чунин раванди кор дар оянда барои аз байн бурдани номутаносибии ҷуғрофии таъмини аҳолӣ бо табибон ҳали худро наёфта, балки баръакс мушкилиҳоро ба бор овард. Бо ин мақсад ҷиҳати бартарафсозии ин камбудӣ бобати ба таври зарурӣ ба роҳ мондану назорати раванди кори табибон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ба минтақаҳои ба табибони маълумоти олидошта бо дарназардошти шумораи аҳолӣ квотаи президентӣ таъсис дода шудааст, ки ин раванд дар оянда ҷиҳати аз байн бурдани норасогии кадрҳои тиббӣ дар ин минтақаҳо мусоидат мекунад.

Ҳамчунин ёдрас менамоаям, ки айни ҳол дар Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино 83 нафар ҷавонони ноҳия таҳсил доранд, ки аз ин 41 нафарашон тибқи квотаи президентӣ қабул карда шудаанд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

August 2019
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2019 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин