Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Иқтисодиёт

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун ноҳияи куҳистону аграрӣ ва ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, бо андешидани як қатор тадбирҳои мушаххас дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.

Дар тули Истиқлолият рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин аз рӯи нақша ва барномаҳои тасдиқшуда таъмин гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ноњиявӣ ва љамоатҳои деҳоти ноҳия баҳри иҷрои супоришҳо ва вазифаҳои ба миён гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода, нишондињандаҳои дурнамои пешбинишударо бо натиҷаҳои мусбат сари вақт ҷамъбаст менамоянд.

 Вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чун минтақаҳои дигари кишвар дар доираи татбиқи барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии Ҳукумати мамлакат дар ҳоли рушд буда, ҷиҳати татбиқи барномаҳо ва дурнамои рушди ноҳия, дастгирии бахши воқеии иқтисод, соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорию ба даст   овардани   нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳия 

аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти иҷроияи ноҳия пайваста чораҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ин замина дар соли 2018 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 111% таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 7,1 миллион сомонӣ, маблағи 7,92 миллион сомонӣворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 812 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳои иҷтимоӣ дар ин давра 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 15 миллиону 569 ҳазор сомонӣ маблағи 16 миллиону 430 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 861 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Иҷрои нақшаи пардохтҳои иҷтимоӣ- буҷетӣ 100 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 105 фоиз таъмин гардида, дар умум ба буҷети фонд ба ҷойи 8 миллиону 460 ҳазору 298 сомонии нақшавӣ маблағи 8 миллиону 509 ҳазору 42 сомонӣ ворид карда шуд. Ҳамин тариқ иҷрои сифатии нақшаи   андозҳо дар ноҳия аз 103 фоиз то141 фоиз таъмин гардид.

Айни ҳол дар ноҳия бақияпулиҳои қарзи андоз маблағи 2,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 68287 сомонӣкам карда шудааст. Ин нишондодқонеъкунанда набуда, гуруҳи корӣ оид ба ҷамъоварии бақияпулиҳои андоз ва масъулини нозироти андози ноҳияро мебояд минбаъд дар ин самт чораҳои таҳкимбахшро мавриди амал қарор диҳанд.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои андоз ва мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маҷбуран ситонидани   қарзи андозҳо тариқи ғайрисудӣ аз тарафи мақомоти андоз нисбати 266 андозсупоранда ба маблағи умумии 1 миллиону 837 ҳазору 500 сомонӣ огоҳинома дода шуда, аз ин ҳисоб маблағи 961200 сомонӣба буҷети ноҳия ворид гардид.

Дар давоми соли сипаригардидаи  ба буҷети ноҳия ба маблағи 25 миллиону 117 ҳазору 600 сомонӣ (100%) ёрии молиявӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардидааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят бошад ба буҷети ноҳия маблағи 1 миллиону 977 ҳазору 500 сомонӣ маблағи мақсаднок ворид гардид, ки ба 56 фоизи нақша баробар мебошад.

Натиҷа ҳамин аст, ки иҷрои нақшаи қисми хароҷоти дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 98 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар соли 2018 бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия лоиҳаи сармоягузорӣ сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Кӯлоб-Қалъаихумб қитъаи Шӯрообод–Шоҳон ба маблағи 508 миллион сомонӣ ба анҷом расида, соли оянда сохтмони қитъаи роҳи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин оғоз хоҳад гардид. Ҳамчунин Барномаи давлатии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо дар давраи солҳои 2012-2019» бо фарогирии 65 деҳа ба маблағи 8,4 миллион сомонӣ, Лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар самти барқарор намудани зарари офати табиӣ дар Ҷамоати Саричашма бо маблағи 8,8 миллион сомонӣ, Лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ идома доранд.

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

August 2019
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2019 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин