Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Таҷумаи ҳол

 

Зарифзода Почохон Ҳабибулло 3 марти соли 1960 дар деҳаи Доғистони Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таваллуд шудааст. Соли 1977 ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1982 онро бо ихтисоси муҳандис бинокор хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба ҳайси устои бригадаҳои сохтмонии Доғистон шуруъ намуда, баъдан дар вазифаҳои котиби озоди кумитаи комсомолии хоҷагии Доѓистон (1983-1989), инструктори шуъбаи ташкилии кумитаи ноҳиявии Ленингради Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1989-1991), ташкилотчии масъули шуъбаи ташкилии кумитаи ноҳиявии Шўроободи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1991), директори маркази шуѓли аҳолии ноҳияи Шўрообод (1991-1995), роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шўрообод (1995-2003), роҳбари барномаҳои инженерии Барномаи ҷонибдори инкишофи иҷтимоии манотиқи кўҳистони Хазинаи Оѓохон дар ноҳияи Шўрообод (2003-2004), менеҷери Барномаи ҷонибдори инкишофи иҷтимоии манотиқи кўҳистони Хазинаи оѓохон ноҳияи Шўрообод (2004-2006), сардори шуъбаи комплектатсияи таҷҳизотҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2010), сардори шуъбаи техники Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), сардори шуъбаи комплектатсияи таҷҳизотҳо ва нархгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2011), сардори раёсати корҳои Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011-2016) кору фаъолият намудааст. Номбурда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шӯрообод ва аз 26 майи соли 2016 раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таъин гардидааст. Оиладор

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

August 2019
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2019 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин