Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҳисоботии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода П. Ҳ.

 

                                            Муҳтарам вакилони халқ!

                                         Ҳозирини гиромӣ!

         Дар соли 2018 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои дар Паём (22.12.2017) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаи Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон чораҳои мушаххас андешида, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳи корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия чун минтақаҳои дигари кишвар дар доираи татбиқи барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии Ҳукумати мамлакат дар ҳоли рушд буда, ҷиҳати татбиқи барномаҳо ва дурнамои рушди ноҳия, дастгирии бахши воқеии иқтисод, соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорию ба даст   овардани   нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайваста чораҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ин замина иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 111% таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 7,1 миллион сомонӣ, маблағи 7,92 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 812 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳои иҷтимоӣ дар ин давра 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 15 миллиону 569 ҳазор сомонӣ маблағи 16 миллиону 430 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 861 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Иҷрои нақшаи пардохтҳои иҷтимоӣ- буҷетӣ 100 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 105 фоиз таъмин гардида, дар умум ба буҷети фонд ба ҷойи 8 миллиону 460 ҳазору 298 сомонии нақшавӣ маблағи 8 миллиону 509 ҳазору 42 сомонӣ ворид карда шуд. Ҳамин тариқ иҷрои сифатии нақшаи   андозҳо дар ноҳия аз 103 фоиз то141 фоиз таъмин гардид.

Айни ҳол дар ноҳия бақияпулиҳои қарзи андоз маблағи 2,4 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 68287 сомонӣ кам карда шудааст. Ин нишондод қонеъкунанда набуда, гуруҳи корӣ оид ба ҷамъоварии бақияпулиҳои андоз ва масъулини нозироти андози ноҳияро мебояд минбаъд дар ин самт чораҳои таҳкимбахшро мавриди амал қарор диҳанд.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои андоз ва мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маҷбуран ситонидани   қарзи андозҳо тариқи ғайрисудӣ аз тарафи мақомоти андоз нисбати 266 андозсупоранда ба маблағи умумии 1 миллиону 837 ҳазору 500 сомонӣ огоҳинома дода шуда, аз ин ҳисоб маблағи 961200 сомонӣ ба буҷети ноҳия ворид гардид.

Дар баробари ин, таъмини пардохти пурра ва саривақтии маблағи ҷаримаҳо яке аз воситаҳои ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад аз тарафи мақомоти андози ноҳия 66 андозсупоранда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба сифати ҷазо ба маблағи 30300 сомонӣ ҷарима татбиқ ва аз ин ҳисоб ба буҷети 25800 сомонӣ ворид карда шуд.

Ғайр аз ин дар ноҳия ба имрӯз сарчашмаҳои зиёди андозбандӣ мавҷуданд, ки дахолати масъулини соҳа ва кормандони нозироти андозу Раёсати молияи ноҳияро тақозо дорад.

Дар ёздаҳ моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 25 миллиону 117 ҳазору 600 сомонӣ (100%) ёрии молиявӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардидааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят бошад ба буҷети ноҳия маблағи 1 миллиону 977 ҳазору 500 сомонӣ маблағи мақсаднок ворид гардид, ки ба 56 фоизи нақша баробар мебошад.

Натиҷа ҳамин аст, ки иҷрои нақшаи қисми хароҷоти дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 98 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар ин давра бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия лоиҳаи сармоягузорӣ сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Кӯлоб-Қалъаихумб қитъаи Шӯрообод–Шоҳон ба маблағи 508 миллион сомонӣ ба анҷом расида, соли оянда сохтмони қитъаи роҳи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин оғоз хоҳад гардид. Ҳамчунин Барномаи давлатии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо дар давраи солҳои 2012-2019» бо фарогирии 65 деҳа ба маблағи 8,4 миллион сомонӣ, Лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар самти барқарор намудани зарари офати табиӣ дар Ҷамоати Саричашма бо маблағи 8,8 миллион сомонӣ, Лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ идома доранд.

Тавре маълум аст, имрӯз ҳама ободкориҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ба дастгирии соҳибкорони ватандусту соҳибэҳтиром амалӣ гардида, ҳалли бисёр мушкилоти ҷойдошта ба ташаббускории онҳо вобастагӣ дорад. Дар ноҳияи мо низ дар ин самт бо ташабуси соҳибкорон корҳои назаррас анҷом дода шудааст.

Аз ҷумла аз тарафи соҳибкор Икромов Туйчи дар Ҷамоати деҳоти Саричашма дар масофаи 3200 метр ба деҳаи Гулистон, дар масофаи 2500 метр ба муассисаи таълимии №31, бунгоҳи тиббии деҳаи Ҷилга ва дар деҳаи Қавоқ ба масофаи 8000 метр барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ хати об кашида шуд.

Айни ҳол бо маблағгузории соҳибкор Набиев Аҳмад дар деҳаи Қавоқ сангфаршкунии 5 км роҳ бомаром идома дорад. Дар маркази ноҳия бошад аз тарафи соҳибкор Алиматов Умар 400 метр роҳи маҳалӣ, дар ҷамоати деҳоти Доғистон бо маблағгузории соҳибкор Назримадзода Бахтиёр 800 метр роҳи маркази Ҷамоат сангфарш карда шуданд.

Ҳамзамон соҳибкор Зарифов Мирмад дар маркази ноҳия як майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода, аз тарафи соҳибкор Алиматов Умар сохтмони як майдончаи варзишии замонавӣ ва аз тарафи соҳибкор Шамсов Сулаймон сохтмони як майдончаи варзишӣ ва толори болопӯшида идома ёфт.

Дар Ҷамоати деҳоти Лангардара аз тарафи соҳибкор Шобудинов Сироҷиддин бо дастгирии як гуруҳ соҳибкорони ин мавзеъ роҳҳои маҳаллӣ тахту амвор карда шуданд.

Бо мақсади дастгирӣ ва таъмини пардохти саривақтии нафақаи нафақахӯрону маъюбон дар ин давра дар ноҳия корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда, вазъи зиндагии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони башардӯст, оилаҳои камбизоат зери назорати доимӣ гирифта, ба онҳо аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия ва дигар манбаъҳо ба маблағи 24140 сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонида шудааст.

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 3937 нафар ва   маблағи моҳонаи нафақаи онҳо 1178353 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин шумора ба 410 нафари онҳо бо сабаби маҳрум шудан аз саробон нафақа таъин шуда, маблағи нафақаи моҳонаи онҳо 104421 сомониро ташкил медиҳад.

То ин давра музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, ташкилоту муассисаҳо ва нафақапулии ҳамаи эҳтиёҷмандон пурра пардохт карда шудааст, ки ин заҳмати умумии ҳамаи масъулини соҳа мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки чунин дастовард на дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят муяссар шудааст.

Бо мақсади таъмини сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати касбии захираҳои меҳнатӣ ва бо ин васила беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум дар ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Дар ин муддат дар ноҳия 11 ярмаркаи ҷойҳои кории холї баргузор гардида, 115 нафар шаҳрвандони ноҳия ба ҷой кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки 30 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дар ин давра 190 нафар шаҳрвандони ноҳия ба курсҳои гуногуни омӯзишӣ фаро гирифта шуда, 538 нафар бо тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардонида шуданд.

Соли ҷорӣ 943 нафар ҳамчун ҷўяндаи кор ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия муроҷиат намуда, ба 500 нафари онҳо (200 зан) мақомӣ бекорӣ ва ба 154 нафар кӯмакпулӣ таъин карда шудааст. Ҳамзамон қайд менамоем, ки соли оянда соли 2019 дар маркази ноҳия оғози фаъолияти филиали литсейи сохтмон ва саноати шаҳри Кӯлоб аз 1 январи соли 2019 мустақиман бо мақсади соҳибкасб намудани ҷавонон дар назар аст.

Муҳтарам вакилони ҳалқ!

Ҳозирини гиромӣ!

Хушбахтона солҳои соҳибистиқлолии кишвар тавассути дасгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва тадбирҳои андешидашуда шароит фароҳам омад, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар баробари рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ соҳаи саноат низ рў ба беҳбудї оварад.

Даврони аввали таъсисёбии ноҳия дар ҳудуди ноҳия ягон корхонаи саноатӣ мавҷуд набуд. Шуруъ аз соли 2004 таъсисёбии корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ оғоз гардида, айни ҳол шумораи онҳо ба 11 адад расонида шудааст, ки ин ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва пайдо шудани ҷойҳои кории нав мусоидат менамояд.

Коргоҳи дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот, ки дар маркази ноҳия бо дастгирию иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дастоварди назаррас дар ин самт мебошад. Ин коргоҳ бо таҷҳизотҳои технологии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар ин коргоҳ дар ҳолати пурра ба фаъолият шуруъ намудан 125 нафар шаҳрвандони ноҳия ба ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин мегарданд. Ҳамзамон қайд менамоем, ки давоми ёздаҳ моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ аз шумораи умумии корхонаю коргоҳҳои саноатӣ 5 корхона; ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ёғук”, “Мавҷи Панҷ”, “Ҳазориспанд”, “Зафар” ва КВД “Дӯзандагӣ ва коркарди мева” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро афзоиш дода, ҷамъиятҳои дорои маҳсулияти маҳдуди “Баракати Истиқлол”, “Мустақим-1” ва КФ “Кони ангишти Шӯрообод” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбатан коҳиш дода бошанд ҳам, аммо фаъолияташонро густариш додаанд. Мутаассифона дар ин давра 3 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондаанд. Умуман дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия ба 25,4 миллион сомонӣ расонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри таъмини рушди соҳа ва пешрафти минбаъдаи иқтисодиёти ноҳия пеш аз ҳама имкониятҳои воқеии ноҳияро истифода намуда, тавассути коркарди ашёи ҳоми маҳаллӣ барои бунёди   корҳонаҳои хурди дорои технологияи ҳозиразамони коркарди маҳсулот бояд кӯшиш ба харҷ диҳем.

                             Муҳтарам вакилони халқ,

Ҳозирини гиромӣ,

Дар соҳаи сохтмони асосии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 69 миллиону 392 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ аз худ карда шуда, ба маблағи 62,65 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкорӣ иҷро гардид.

Ҳамчунин дар ин давра сохтмони 42 адад биною иншоотҳои муҳими ноҳиявӣ, аз қабили 6 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаи фарҳангӣ, 1 муассисаи тиббӣ, 12 иншооти   муҳандисӣ, 8 нуқтаи хизматрасонӣ, 8 бинои маъмурӣ, 2 бинои истиқоматӣ-хизматӣ, 1 адад бинои давлатӣ-ҷамъиятӣ идома ёфт.

Ҳамзамон сохтмони 12 иншоот: корхонаи дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот, кандани ду чоҳи обкашӣ дар маҳаллаҳои Кӯҳдоман ва Ҷавонон, сохтмони биноҳои ошхона, навбати дуюми муассисаи таълимӣ барои 144 ҷойи нишаст, як муассисаи таълимӣ барои 80 ҷойи нишаст, сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Қасри фарҳанги ноҳия, кашидани хати барқи 10/04 кВ бо зеристгоҳи барқии 400/10 кВа дар Ҷамоати деҳоти Шӯрообод, сохтмони як муассисаи таълимӣ барои 220 ҷойи нишаст дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷум ва як дорухона дар Ҷамооати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов ба маблағи умумии 38 миллиону 52 ҳазор сомонӣ ба итмом расонида шуд.

Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои ноҳия дар ин давра бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои дар минтақаи Яхчипунбудаи ноҳия, корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.

Тӯли ин муддат аз тарафи ин муассисаҳо ба маблағи 327293 сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла барои таъмири ҷорӣ 195100 сомонӣ, бартарафсозии офатҳои табиӣ 43622 сомонӣ, таъмири қубурҳо 21900 сомонӣ ва корҳои зимистонгузаронӣ 66617 сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Бо истифода аз техникаҳои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия ва дастгирии аҳолии маҳаллӣ роҳи автомобилгарди Шӯрообод-Доғистон дар масофаи 1,5 км ва як қатор кўчаҳои маркази деҳаи Доғистон сангфарш гардиданд.

Бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷум дар деҳаи Сафедоб сохтмони як пул ба анҷом расонида шуда дар Ҷамоати деҳоти Доғистон дар миёни деҳаҳои Доғистон- Кафтар ва Доғистон - Дараи Эмом сохтмони 2 пули мошингузар идома доранд. Ҳамзамон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод, Доғистон, Чагам, Саричашма ва ба номи Нуриддин Маҳмудов бомаром идома доранд.

Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ 1230 метр роҳҳои маркази ноҳия ба маблағи 3 миллион сомонӣ мумфарш карда шуда, чароғонкунии ин кўчаҳо идома дорад. Аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ бошад 700 метр роҳҳои дохилӣ дар деҳаҳои Навобод ва Дараи об сангфарш карда шуда, сангфаршкунии 5 км роҳи Саричашма-Қавоқ идома дорад.

Ҳамзамон тавре, ки қайд кардем бо маблағгузории шахсони саховатманд дар деҳаи Доғистон сангфарш намудани роҳҳои дохилии деҳа бомаром идома доранд.

Дар ин давра аз истеъмолкунандагон 3 миллиону 73 ҳазору 702 сомонӣ маблағи ҳаққи истифодаи барқ ҷамъоварӣ шуд, ки 85%-и маблағи барқи истифодашударо ташкил медиҳад. Қарзи нерӯи барқ дар ин давра дар ноҳия маблағи 4,6 миллион сомониро ташкил дода, 76,5%-и он ба аҳолӣ рост меояд.

Ҳамзамон ҷиҳати беҳтар гардидани таъмини аҳолӣ бо барқ дар маҳаллаи Шамсиддин Сафарови Ҷамоати деҳоти Шӯрообод, як зеристгоҳи барқӣ бо тавоноии 400 кВа аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ, дар деҳаи Шоҳон Ҷамоати деҳоти Даштиҷум як зеристгоҳи барқӣ бо тавоноии 250 кВа насб карда шуда, бо дастгирии Ширкати саҳомии холдингии “Барқи Тоҷик” кашидани хати барқи маҳаллаҳои Кўҳдоман ва Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо насби 2 трансформатори 400 кВа ба анҷом расонида шуд. Дар маҳаллаи Фирдавсӣ аз ҳисоби буҷети вилоят хати барқ бо насби трансформатори 400 кВа кашидани хати барқ ба деҳаҳои Хавзаи Ҷамоати деҳоти Лангардара бо насби трансформатори 63 кВа ба анҷом расид.

Ҳамчунин ба маҳаллаи ба номи Шокир Зокири Ҷамоати деҳоти Саричашма кашидани хати барқ бо насби трансформатори 100 кВа, маҳаллаи Чагами нав кашидани хати барқ бо насби трансформатори 160 кВа аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва дастгирии аҳолӣ, дар қисмати болоии Қисми ҳарбӣ кашидани хати барқ бо насби трансформатори 250 кВа аз ҳисоби аҳолӣ ба анҷом расонида шуд.

Муҳтарам   вакилони ҳалқ!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани заминҳо ва бо ин васила таъмини амнияти озуқаворӣ диққати зарурӣ дода шуда, ҳаҷми умумии истеҳсоли   маҳсулоти кишоварзӣ   дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба ­­­­­­­­­­276,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 4 миллиону 557 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар ин муддат кишоварзони ноҳия дар майдони 12777 га кишт гузаронида, ба миқдори 27584 тонна ғалладонагиҳо, 5074 тонна картошка, 2297 тонна сабзавот, 2352 тонна полезиҳо ва 14215 тонна меваҷоту 2494 тонна ангур истеҳсол намуданд.

Ҷиҳати нигоҳ доштан ва зиёд намудани саршумори чорвою парранда дар ин давра чораҳои лозимӣ андешида шудаанд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба санаи 1 декабри соли 2018 ба миқдори 28704 cap чорвои калони шохдор, 72770 cap моли майда, 2570 cap асп, 3330 оилаи занбури асал ва 43300 cap парранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Қайд намудан зарур аст, ки вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод, Доғистон, Даштиҷум ва Саричашма ба тадриҷ беҳтар шуда истодааст.

Вобаста ба масъалаи ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ ва беҳбудии вазъи экологӣ дар мавсими кабудизоркунии имсола 23,8 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла 20000 бех ниҳоли мевадиҳандаю сояафкан ва 3800 ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ дар лаби ҷӯю роҳҳо шинонида шуданд. Ҳамзамон дар ин давра дар ноҳия дар майдони 63 гектар баробар ба 105 фоизи нақшаи пешбинишуда боғи нав бунёд карда шуд.

Масъалаи бунёди боғҳои мувофиқ ба талаботи имрӯза дар мадди назари доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад. Айни ҳол майдони боғот дар ноҳия 2805 гектарро ташкил дода, иҷрои дурнамои бунёди боғҳо дар доираи 5 сол тибқи барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат иҷро гардидааст. Ҳамзамон қайд менамоем, ки тавассути дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳаи Девдор, Ҷамоати деҳоти Шӯрообод бунёди 2 га боғи интенсивӣ идома дошта, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов бо ҷалби шарикони рушд таҷдиду азнавсозии боғҳои анор ва ба кор андохтани заминҳои обӣ оғоз карда шуд.

Бо мақсади мутобиқ намудани соҳаи ҳоҷагидории ноҳия ба шароити навини бозоргонӣ дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии ҳоҷагиҳо ба 2694 адад расонида шуда, айни ҳол   дар баробари дигар соҳаҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда фаъолият намуда истодаанд.

Дар ин давра дар асоси аризаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ 164 парвандаи заминсозӣ тартиб дода шуда, 297 нафар шаҳрванд бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ҳуқуқӣ истифодаи замин таъмин гардид.

Бовуҷуди корҳои анҷомдодашуда, беҳтар шудани шароити корӣ фаъолияти муассиса ҳоло ҳам ба талаботи рӯз ҷавобгў нест. Бахусус ҳалли масъалаҳо вобаста ба замин ва масъалаҳои баҳснок беҳбудиро тақозо менамоянд.

Давоми ёздаҳ моҳи сипаригардида дар ноҳия аз тарафи маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда, нақшаи эмгузаронии чорвои калону майда бар зиди касалиҳои гуногуни чорво пурра таъмин гардидааст. Ин аст, ки сар задани касалиҳои чорво дар ноҳия сари вақт пешгирӣ ва чораҷӯӣ карда мешаванд.

Соли оянда дар назди соҳаи кишоварзии ноҳия вазифаҳои муҳим ва анҷоми дигаргуниҳои куллӣ истодаанд, ки аз ҳар яки масъулини соҳамасъулияти калонро тақозо менамоянд.

Ҳамчунин баҳри сари вақт гузаронидани коркарди байни қаторҳои боғҳои себу нок, анору ангур ва афзоиш додани истехсоли ин навъи меваҳо, махсусан анори Даштиҷуму ангури Чагам чораҳои таҳкимбахш андешида шуда ба бунёди боғҳои нави ин навъи меваҳо вусъат бахшида шавад. Бо ин мақсад нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд ба тасвиб расонида шавад.

Муҳтарам вакилони халқ,

Ҳозирини гиромӣ,

        Дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ–фарҳангӣ маориф, тандурустӣ, фарҳанг диққати ҳамаҷониба дода шуда, фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дода шудааст.

Бо мақсади беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар 35 муассисаи таълимии ноҳия барои 620 нафар хонандагони болаёқат дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд мебошад. Ҳамчунин дар назди 29 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шуд, ки 12 тои он бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳаз мебошанд.

Хонандагони ноҳия дар даври озмунҳои вилоятӣ соҳиби 6 ҷой (2 медали тилло, 4 медали биринҷӣ) гардиданд.

Ҳамчунин дар ин давра дар ноҳия озмуни “Хонандаи беҳтарини соли 2018” ҷамъбаст гардида 13 нафар хонанда барои иштирок дар даври вилоятӣ рохат гирифтанд. Аз 13 нафар хонандаи дар даври минтақавии озмуни “Донояк” ширкат варзида 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимию мактаб- интернати ноҳия бо гирифтани ҷойҳои якум ва дуюм сазовор гардиданд.

         Аз шумораи 1174 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соли 2018 тибқи Маркази миллии тестӣ 668 нафар ба озмуни тақсимот роҳ ёфта сазовори номи донишҷӯ гаштанд. Тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 нафар, ба мактабҳои олии низомӣ 10 нафар, ба муассисаҳои олии таълимии ҳориҷи кишвар 10 нафар, ҷамъ 716 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохилу хориҷи кишвар дохил шуданд.

Дар ёздаҳ моҳи соли сипаригардида муассисаҳои таълимии ноҳия 75 адад компютер харидорӣ намуданд, ки 89,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ муассисаҳои таълимии ноҳия дорои 547 адад компютер ва 157 адад принтер мебошанд.

       Солҳои охир баҳри мустаҳкам намудани пояи моддӣ–таълимии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Соли ҷорӣ дар ноҳия 3 муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои Девдор, Урсихо ва Шоҳон сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 3 муассисаи таълимии дигар дар деҳаҳои Зулмобод ва Тудании Ҷамоати деҳоти Шӯрообод, Назарбойии Ҷамоати деҳоти Чагам бо маром идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ бо аҳолӣ, бунёди муассисаҳои табобатии замонавӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо таҷҳизотҳои   ташхисӣ,   мустаҳкам   намудани   базаи   моддию техникии соҳа ва таъмини онҳо бо кадрҳои баландихтисос пайваста тадбирҳои судманд меандешад.       

       Сохтмони беморхонаи қитъавӣ дар деҳаи Чагам аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия ба анҷом расида, дар арафаи Соли нав мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. Ҳамзамон дар маркази ноҳия лоиҳакашии Маркази нави тиббии замонавӣ дорои се ошёна ба анҷом расида, сохтмони бинои маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия оғоз гардид. Дар деҳаи Ќавоқ бошад сохтмони бинои бунгоҳи тиббӣ бомаром идома дорад. Сохтмони Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ бошад соли оянда оғоз мегардад. Сохта ба истифода дода шудани ин иншоотҳо ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳоли мусоидат менамояд.

Дар ин давра дар беморхонаҳои ноҳия 122 амалиёти ҷарроҳӣ, аз ҷумла 38 амалиёти таъҷилии ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   4 амалиёт зиёд мебошад. Рафти иҷрои нақшаи кат-рӯз 18,1 фоизро ташкил дода,   нисбат ба соли 2017 ба андозаи 6,2 фоиз кам шудааст. Аз ҳисоби ҳизмати пулакӣ   дар давоми сол ба суратҳисоби махсуси беморхонаи марказӣ 67947 сомонӣ ворид гардида, тибқи сметаи хароҷотӣ барои пардохти музди меҳнат ва хариди маводҳои доруворӣ харҷ гардидааст.

Дар зарфи ду соли охир табибони ноҳия собит сохтанд, ки онҳо бо мањорати касбии худ метавонанд аз иҷрои қариб ҳама намуди ҷарроҳӣ ва табобати бемориҳои душвор баромада тавонанд.

Муҳтарам вакилони халқ!

Ҳозирини гиромӣ!

         Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди соҳаи фарҳанг ва иттилоот тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҷиҳати таъмири муассисаҳои фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, тўли ин муддат бо истифода аз маблағҳои буҷетї маҳаллӣ ва маблағҳои соҳибкорон як қисмати боғи фарҳангии ноҳия аз таъмир бароварда шуд.

Дар ин давра бо кӯшишу талошҳои кормандону санъаткорони ноҳия, бахши фарҳанги ноҳия ҷашнҳои таърихию давлатӣ ва фестивал-озмунҳои баргузоргардида дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Хунармандони ноҳия дар қатори ғолибони Фестивал-конкурси телевизионии “Андалеб-2018” ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳамзамон дар ин давра сохтмони қасри фарҳангӣ ноҳия, ки санги асосашро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия гузошта буд, барои 375 ҷойи нишаст бо маблағи 8 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба анҷом расонида шуд, ки инро рӯйдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангии ноҳия маънидод кардан мумкин аст.

Мо соли 2019-ро соли дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи фарҳанги ноҳия эълон менамоем. Дар ин сол ба нақша гирифтаем, ки бо дастгирии шарикони рушд хонаи фарҳанги деҳаи Доғистон аз таъмири асосӣ бароварда шавад. Мо ният дорем, ки фаъолияти клубу китобхонаҳо ва хонаҳои фарҳанги ноҳияро боз ҳам беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчї бештар ҷалб намуда бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бањри дастгирии ҷавонон ва дар рӯҳияи ҳудшиносию ҳудогоҳӣ тарбия намудани онҳо пайваста кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад. Бо ин мақсад соли равон дар ноҳия 76 чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи 7 намуди варзиш гузаронида шуд, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҷавонону наврасон иштирок намуданд.

Имсол бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар майдони 5,6 га замин сохтмони варзишгоҳи марказӣ барои 6000 ҷойи нишаст ва сохтмони як толори болопӯшида, як майдочаи варзишӣ аз тарафи соҳибкор Шамсов Сулаймон оғоз гардида, ба рушди соҳаи варзиш дар ноҳия мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин аз тарафи соҳибкорон тавре, ки қайд намудем дар маркази ноҳия сохтмони як майдончаи варзишии замонавӣ ба анҷом расида, сохтмони панҷ майдончаи варзишии замонавӣ бо маром идома дорад. Бо маблағгузории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як толори варзишии болопӯшида дар маркази ноҳия дар назар дошта шудааст. Маҳсулотҳои сохтмонии ин толор оварда шудаанд.

Дар ин муддат варзишгарони ноҳия дар чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби 15 медали тилло, 13 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ гардиданд.

Айни ҳол қисмати асосии кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои ноҳияро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла дар хизмати давлатӣ ҳиссаи ҷавонон 22 фоиз, дар дар дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бошад 45 фоизро ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 22 декабри соли 2017 дар қатори дигар соҳаҳо ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда буданд. Хушбахтона барои рушди ин соҳа дар ноҳияи мо ҳамаи заминаҳои зарурӣ мавҷуд мебошад.

Бинобар ин дар соли 2018 барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайрҳо ба мавзеъҳои саёҳии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуд. Дар шабакаҳои интернетӣ хатсайрҳои сайёҳии Эмом- ал -Аскарӣ ва мамнӯъгоҳи Даштиҷум ҷойгир кунонида шуда, дар ноҳия 6 ширкати сайёҳии шикорӣ фаъолият менамояд. Ҳамзамон бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ноҳия ду маркази замонавии қабули сайёҳони хориҷӣ ташкил карда шуда, сохтмони ду маркази дигар бо маром идома дорад. Солҳои оянда ҳамаи мою шумо шоҳид мешавем, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба яке аз мавзеҳои сайёҳӣ табдил меёбад.

Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирӣ аз ҳар навъ қонуншиканиҳо вобаста ба он имкон дод, ки дар зарфи солҳои охир сатҳи зиндагии мардуми ноҳия чун дигар сокинони мамлакат бамаротиб беҳтар гардад.

Маҳз бо таъсири ҳамин Қонун таассубу зиёдаравӣ аз байн рафта, дар доираи арзишҳои миллӣ низоми дурусти маъракаорої шакл гирифт.

Давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар ноҳия 995 туйи домодию арӯсӣ, 1 туйи домодию арӯсии хайриявӣ бо ҷалби 5 ҷуфт навхонадорон, 1 хатнасури хайриявӣ бо ҷалбӣ 10 нафар кӯдакон барпо гардида, маблағи хароҷоти ин маъракаҳо 2418684 сомониро ташкил дод. Ҳамзамон қайд менамоем, ки дар ин давра дар ноҳия 2 ҳолати қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда, ба суди ноҳия пешниҳод карда шуд. Вайронкунандагони Қонун ба маблағи 8000 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Соҳибкасб намудани занону духтарон ва ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Самти кор бо занон ва баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб рафта, айни ҳол 8 нафар зан дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, 6 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 15 нафар вакили ҷамоатҳои деҳот, 2 нафар директори муассисаҳои таълимӣ, 26 зан

муовини директор дар муассисаҳои таълимӣ, 1 зан роҳбари кӯдакистон, 10 зан роҳбари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва 547 нафар роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба уҳда доранд. Дар ин давра дар ноҳия 30 нафар зан ба ҷой кор таъмин шуда, 175 нафар занону духтарон ба курсҳои гуногуни омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Ба 200 зан мақоми бекорӣ дода шуда, ба 4 нафар зан кумакпулӣ таъин карда шуд.

Бо мақсади ҷалби бонувон ба ҳунарҳои мардумӣ беш аз 100 нафар занону духтарон дар коргоҳҳои дӯзандагӣ ва адрасу атласбофӣ ба кор таъмин шуда, беш аз 300 нафар занону духтарон дар ноҳия ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва технологияи навин фаро гирифта шуда, соҳибкасб гардидаанд.

Тўли ин муддат дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар байни аҳолӣ дар мавзуҳои мухталиф, аз қабилӣ пешгирии зӯроварӣ дар оила, арҷу эҳтиром ба арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, тарзи ҳаёти солим, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, паст кардани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, пешгирии доҳилшавии ҷавонону занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шудааст. Ин аст ки дар қаламрави ноҳия бо талошу коргузориҳои мутассадиёни соҳа, кормандони ҷамоатҳо ва аҳли ҷомеа нисбатан ин амалҳои номатлуб коҳиш ёфтаанд.

Мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирии тарғиби сару либоси бегона маънии поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро надошта, танҳо мақсаду мароми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, пешрафту ҳамгирої ва сулҳу ҳамдигарфаҳмї дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Ва ин рисолат, ки аз дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат сарчашма мегирад, соҳаи иҷтимоии ноҳияро, ки масъули корҳои табилиғотӣ дар ноҳия мебошанд, бори дигар водор месозад, ки ба ин масъала эътибори зарурӣ дода, барои пешгирии ҳама зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа чораҳои таҳкимбахш андешанд.

Масъалаи нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорию мубориза бар зидди он, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар мадди назари доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии ҷинояткорӣ ва иштироки онҳо дар гузаронидани чорабиниҳои ноҳиявӣ хеле назаррас мебошад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ дар самти риояи татибот саҳми босазо доштанд. Ҳамчунин дар натиҷаи фаъолияти пурсамари онҳо сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт.

Дар ҳудуди ноҳия дар ин давра аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 74 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи кушодашавии онҳо 90,6 фоизро ташкил дод.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.04.1996 «Дар бораи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» бо тариқи бурдани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ   ба миқдори 182 кг 320гр маводи мухадир мусодира карда шуда, 5 ҳолати содир кардани ҷинояти экстремисти-терористӣ аз тарафи ду шаҳрванди ноҳия ошкор карда шуд.

       Дар ёздаҳ моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ аз тарафи сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0308-и Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 422,184 кг бангдона, 96,148 кг афюн, 33,65 кг ҳашиш ва 5,6 кг героин ва 5 адад яроқи оташфишон мусодира карда шуд.

         Фаъолияти якҷоя ва сарҷамъонаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни занону ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ хеле беҳтар гардид.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатии худ оиди ин масъала нигаронӣ кардааст, ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе аз тарафи роҳбари аввали мақоми давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ шаҳрвандон шахсан қабул гардида, масъалаҳои ба миёнгузоштаи онҳо дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар ин давра ба дастгоҳи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 730 муроҷиати шаҳрвандон дар шакли хаттӣ ва 169 муроҷиат дар шакли шифоҳӣ ворид гардида, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ ва ба муроҷиаткунандагон тибқи муқаррароти Тартиби баҳисобгирии омории муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳлатҳои дар қонун пешбинишуда ҷавобҳои мушаххас гардонида шудааст. Дар ин давра дар ноҳия 3 маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 11 машварати назди раиси ноҳия ва 46 маҷлиси назоратӣ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин самт қарорҳои дахлдор ба тасвиб расонида шуданд.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои иҷрои корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи муҳити зист, корҳои кабудизоркунию ободонӣ, гузаронидани чорабиниҳои оммавию сиёсӣ бахшида ба рӯзҳои ҷашнӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Тули ин муддат дар ҷамоатҳои деҳоти Доғистон, Саричашма, Лангардара ва Чагам 8,5 км роҳҳои маҳаллӣ тахту амвор ва сангфарш карда шуд, дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод, Чагам ва Даштиҷум 12 иншоот сохта ба истифода дода шуд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ин пешгирии ҳодисаҳои нохуши табиӣ ба ҳисоб рафта, тибқи таҳлили ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ноҳия барои гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкакунӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “Каритас” дар дар ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод, Доғистон, Чагам, Даштиҷум ва ба номи Нуриддин Маҳмудов дар 9 деҳа ба миқдори 6185 м2 симтур, ва 4789 литр сӯзишвории дизелӣ дастрас карда шудааст.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки бо мақсади пешгирӣ намудани фаромадани ярч дар ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод, Доғистон, Чагам ва ба номи Нуриддин Маҳмудов дар шаш деҳа ба аҳолӣ ба миқдорӣ 8639 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва 2700 бех дигар намуди дарахт тақсим карда шудааст.

Аз таҳлили фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия, ки 30 нафар, аз ҷумла 6 нафар занонро ташкил медиҳанд, маълум мегардад, ки вобаста ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намуда бошанд ҳам, фаъолияти имрўзаи онҳо беҳбудиро тақозо дорад.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки иштироки вакилони ноҳия дар корҳои ободонию созандагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ноҳиявӣ назаррас гардида истодааст. Бахусус саҳми онҳо дар корҳои ободонӣ ва ободу зебо гардонидани маҳаллаҳои алоҳидаи ноҳия рӯз аз руз чашмрас шуда истодааст.

Тавре маълум аст, бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ноҳияи мо ташриф оварда буданд, нақша-чорабиниҳои мушаххас омода гардида, иҷрои бандҳои алоҳидаи он аз ҳамаи вакилони мардумӣ, фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дараҷаи баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд. Ногуфта намонад, ки барои иҷрои нақша-чорабиниҳои мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо вазорату кумитаҳои дахлдори сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки ҳалли баъзе аз мушкилоти ноҳия ба онҳо вобастагӣ дорад, ҳамкории зич дошта, дар сурати мавриди амал қарор гирифтани дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар ноҳия як қатор мушкилоту норасоиҳо ҳаллу фасл гардида, нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар сатҳи лозимӣ афзоиш меёбанд.

         Вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоем, ки дар ноҳия сохтмони 185 иншооти хусусияти иҷтимоию истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ дошта ба нақша гирифта шуда, дар давоми сол 15 иншоот сохта ба истифода дода шуд.

 

Айни замон дар 94 иншооти дигар корҳои сохтмонию лоиҳакашӣ бомаром идома дошта, то ҷашни 30 солагии Истиқлолият сохта пурра ба истифода дода шудани ин иншоотҳо дар назар аст. Соҳибкорон ва шахсони баору номуси ноҳия дар ин кори бузург саҳми босазо гузоша метавонанд.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон қариб ҳамаи нақшаҳо ва ҳадафҳо бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст гардиданд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ заҳмату дастгирӣ ва ғамхориҳои бемисли Пешвои миллатро қадр карда, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободию шукуфоии кишвар талош меварзад.

Бо эҳтироми баланд ёдовар мешавем, ки соли 2019 160 солагии ҳамватани мо, шоири классики тоҷику форс Шамсиддин Шоҳин таҷлил мегардад. Мо аз ҳоло ба ин ҷашн, ки як қисмати он дар ноҳияи мо таҷлил мегардад, бояд омодагӣ бинем.

Дар баробари пешравиҳои ба даст омада, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, пеш бурдани сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, иҷрои фармонҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон ва бо мақсади таъмини иҷрои дурнамои истеҳсолӣ чораҳои зарурӣ андешида, аз тамоми захираю имкониятҳо самаранок истифода менамояд.

         Муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромиқадр, мою шумо дар арафаи таҷлили соли нави мелодӣ қарор дорем, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шуморо ба фарорасии соли 2019 аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам аз самими қалб муборакбод гуфта, ба шумо ва дар симои шумо ба ҳамаи ҳамдиёрон хонаи обод, сари баланд, тансиҳатӣ ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед.

         ТАШАККУР

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин