Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА МАФКУРАИ МИЛЛӢ

Оғози садаи бисту як дар таърихи инсоният вобаста ба тавлиду таҳдиди баъзе ангезаҳои ифротӣ, ки яке аз онҳоро терроризм ташкил медиҳад, махсус арзёбӣ мешавад. Ҳадафи терроризми имрӯза, пеш аз ҳама, фишори мағзу андешаи миллӣ ва ба гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ нисбат додани намояндагони миллатҳои ҷудогона мебошад. Дар ин замина террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи фишору зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Ба таври дигар, террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедиву дилмондагӣ афкандан аст. Дар ин росто ҳар қавму миллате, ки андешаи устувори милливу миллатпарастӣ ва худогоҳиву давлатсозӣ дорад, аз ин хатари ҷаҳонӣ дар эмин аст ва ҳар миллате, ки андаке калавандагии сиёсиву иҷтимоӣ дорад, метавонад ба коми он фурӯ равад ва волотарин арзишҳои худро аз даст диҳад. Мисоли зиндаи назарияи охиринро мо имрӯз дар мисоли мамлакатҳои зиёди дуру наздик, ба монанди Ироқ, Афғонистон, Сурия, Украина ва ғайра мушоҳида карда метавонем, ки бархе аз онҳо аллакай дар вартаи фаношавӣ қарор доранд.
Хушбахтона, миллати тоҷик, ки соҳибтаммаддун ва дорои таърихи бойи давлатдориву давлатсозист, дар муқобили ин падидаи номатлуби замон аз рӯзҳои аввал қотеъона истодагарӣ намуд ва ҳаргиз нагузошт, ки нафаре муғризонаву огоҳона ба мафкураи миллии мо таъсири манфӣ расонад. Чунин афзалияти сиёсиро мо, қабл аз ҳама, ба воситаи илму дониш роҳандозӣ намудем. Таърихи афкору андешаи миллии мо борҳо исбот намудааст, ки илму дониш ҳамеша сипари боэътимод бар зидди ифротгароӣ буда, ҳамчун аслиҳаи маънавии муътамад муқобили хурофот, куҳнапарастӣ ва бофтаҳои баъзе ашхосу гурӯҳҳои бесаводу иртиҷоӣ баромад намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ягон нафар мутафаккир ё донишманди тоҷик аз ифротгароиву омилҳои ангезандаи терроризми диниву сиёсӣ ҷонибдорӣ накарда, баръакс унсурҳои тавлиддиҳандаи онҳо – хурофоту нодонӣ ва ҷаҳолату заифии сиёсиро зери интиқоди шадид қарор додааст. Андешаи миллии дар дарозои таърих обутобёфта ва донишу заковати фитрии мо тавонист моҳияти ин ангезаи ғайриинсониро фавран фош созад ва нагузорад, то таъсири чашмраси он баръало эҳсос гардад. Албатта, чунин муваффақияти сиёсӣ бе назорат ва таъсири саривақтии давлату ҳукумат ва, пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар нагардидааст. Мусаллам аст, ки аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ Пешвои миллат хатари ҷиддии ин вабои асрро пешгӯӣ намуда буданд ва баҳри пешгирӣ намудани он аз имкониятҳои мавҷуда саривақтӣ истифода карданд. Ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии пайваста миёни ҷавонон, роҳандозӣ намудани барномаҳои махсуси сатҳҳои гуногуни давлатӣ, таъсиси ниҳодҳои марбутаи дахлдор, пурзӯр намудани назорати сарҳадӣ ва дигар чораандешиҳо аз зумраи он ибтикороти саривақтӣ ва муҳимме буданд, ки тавонистанд, дар маҷмуъ, мавқеи давлату миллати моро дар рӯёрӯи терроризми ҷаҳонӣ устувор ва қатъӣ нигаҳ доранд. Таҷрибаи Сарвари маҳбуби мо имрӯз сармашқи фаъолияти сиёсии кишварҳои дигар гаштааст, ки ин боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии ҳар як фарди худогоҳ мебошад.
Пас, моро мебояд, ки пайваста дар ҷараёни ҳаводиси имрӯзаи ҷаҳонӣ қарор гирем, зиракии сиёсии худро боз ҳам баланд бардошта, ба василаи донишу хиради азалии тоҷикона, ки дар мағзу хуни мо ҷорист, нагузорем, ки нафари нопокдилу баднияте хостгори аз миён бурдани сулҳу суботи сартосарӣ ва, пеш аз ҳама, нест кардани мафкураи ягонаи милии мо бошад. Ин афзалияти сиёсии хешро мо борҳо дар тӯли таърих нишон додаву ҳамеша аз болои душманони марзу буми кишвари азизамон ғолиб баромадаем. Барои бори дигар тасдиқ намудани чунин бартарияту қудрати сиёсӣ моро танҳо ва танҳо зарур аст, ки дар атрофи идеяи ягонаи давлату ҳукумат ва андешаҳои созандаи Пешвои миллат боз ҳам сарҷамъ оем, то тавонем дар мавридҳои зарурӣ мушти обдоре ба даҳони бадхоҳони миллати тоҷику давлати Тоҷикистон занем.
Дӯстзода Ҳамрохон

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин