Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

 

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, гирандагони стипендияи Президентӣ, гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон ва ноҳия, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва варзишгарону ҷавонони фаъоли ноҳия чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни суханронӣ иштирокдорон ва тамоми ҷавонони ноҳияро ба Рӯзи идашон шодбош намуданд.

         Зикр гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Маҳз ҳамин ғамхориҳои пайгиронаи Пешвои миллатамон буд, ки бо таваҷҷуҳи хоса ба насли   ҷавони кишвар соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуда буданд. Ин ташаббус ва иқдоми наҷиб, агар аз як тараф ба рукнҳои иҷтимоии демографӣ ва сиёсӣ-стратегӣ рабт дода шавад, аз тарафи дигар хусусияти таърихӣ низ дорад.

         Бо ин мақсад ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти милии ҷавонон ва дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо чандин барномаву стратегияҳо қабул карда шудаанд,   ки мақсад аз таҳияи онҳо   фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда ба имконият ва ташакулёбии механизмҳои амалӣ ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонони кишвар мебошад.

Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо метавон онро яке аз шартҳои   ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа номид.

Имрӯзҳо нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ бараъло дида шуда, дар тамоми равандҳои бунёдкориву созандагӣ пешсаф мебошанд.

Сипас, ба як қатор ҷавонони фаъол аз ҷумла гирандагони стипендия Президентӣ, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, варзишгарон ва ҷавонону волонтиёрони фаъол, ки дар корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаълона доранд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи фарҳангии аҳли фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин