Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ҶАВОНОН-СОЗАНДАГОНИ ОЯНДАИ ВАТАН!

 

Кишвари маҳбуби мо аз зумраи он давлатҳое мебошад, ки аксари аҳолияшро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар воқеъ, имрўзҳо ҷавонони мо такягоҳ, умед ва ифтихори ҷомеаву давлати Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Дар кишвари мо ҳар сол 23 май Рўзи ҷавонон ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми даврони соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошукуҳу шаҳомати хоса таљлил мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои авали соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз ва неруи пешбарандаи ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста онҳоро дастгириву роҳнамоӣ карда истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соњибистиқлолӣ ин дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор ёфтани масъалаи ҷавонон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ҷавононро дар меҳвари сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи худ гузоштаанд, ба ҷавонон эътиқоду боварии устувор доранд ва онҳоро дилпурона «созандагони фардои кишвар» меноманд. Бешубҳа, ҷавонон њам имрӯз ва ҳам ояндаи миллат мебошанд.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки ҷавонони тољик пайваста мекўшанд, ки фарзанди арзандаву бовафои халқу миллату Ватани маҳбуби худ бошанд ва неруи қудратманди ҷавониашонро сарфи корҳои пурарзишу судманд намоянд. Ҳамзамон нақши онҳо дар ташаккул ва рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар назаррас мебошад. Ҷавонони мо пос дорандаи тамаддуни бостон ва давомдиҳандаи таъриху фарњанги қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд.

Инчунин, ҷавонони мо бояд ба масъалаи омӯхтани таърихи пурғановати миллати тољик, осори гаронбаҳои гузаштагони халќамон, арҷгузоштан ба забони давлатӣ, боз њам баланд бардоштани сатњи маърифатнокӣ, эҳтиром гузоштан ба рамзњои давлатї ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти зеҳниву эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва дар ин самтҳо ташаббускор бошанд.

Ватанро содиќэқона ва самимона дўстдоштан, бо он ифтихор кардан, ҳамеша барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлол, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ расидан ва шукргузор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд, ҳифз намудани ин арзишҳои муқаддасро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.

Пешвои муаззмаи миллат дар ҳамаи баромадҳояшон ҷавононро ояндаи миллат ва созандаи ҷомеаи навин медонанд. Ин ҳама таваҷҷуҳи Сарвари давлат ҷавононро водор месозад, ки бомаърифату ҷаҳонбинии васеъ баҳри афзун намудани нуфузу эътибори миллат кӯшиш намоянду пайваста аз сиёсати Сарвари давлатамон ҷонибдорӣ намоянд.

Воқеан ҳам агар хоҳем, ки ҷавонон тавонанд умеду орзу ва ормонҳои ниёгонро бароварда созанд, пас бояд талош намоем, то онҳо илм омӯзанду босаводу бомаърифат гарданд ва донишҳои замонавиро аз худ намоянд.

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои азизи миллат бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон зикр намуданд: «Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрўз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳи ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеъи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон, мақому манзалати онҳо дар ҷомеа ҳамчун неруи фаъолу асосӣ, бунёдкорони фардои дурахшон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати ташаккулёбии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, тамоми шароитҳои мувофиқро фароњам овардааст. Зеро имрўз таваҷҷуҳ ба ҷавонон кафолат ба фардои дурахшони Ватан мебошад, ки ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад.

Аз ин лиҳоз ба ҷавонони кишвар мурољиат карда, аз онҳо даъват менамоем, ки аз имкониятҳои ҷавонӣ сазовору бамаврид истифода намоед, хизмати Ватан – Модарро фарзандвор ва ба таври шоиста иҷро карда ботаҳсилу касбомӯзӣ, меҳнати ҳалолу созанда ба рушду нумӯъ, ободу зебо шудани Ватани азизамон сањм гузорад.

Ҷавобан ба ҳама дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлат ҷавонони мо, ки ояндасози ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошанд, метавонанд дар ҷаҳони муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намоянд, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонанд ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро намоянд.

Ҳафизов Суҳроб

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин