Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР МУАРРИФГАРИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ.

 

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил дар сатҳи байналмилалӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор ташаббусҳои нодир дар самти ҳалли масоили мубрам барои ҷомеаи инсонӣ маъруфият пайдо намудааст. Махсусан, дар доираи созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои глобалӣ афзалият дошта, дар ин роҳ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудааст. Ҳамкории Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид афзалияти бештар касб намудааст. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон ва пазироии онҳо аз ҷониби ин созмони бонуфуз нишони ҳамкориҳои мутақобилан судманд маҳсуб меёбад.

Дар доираи ин ҳамкориҳо ва аъзогии фаъол санаи 21-уми марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ширкат дар Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йроки ИМА туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони Милали Муттаҳид таќдим намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои стратегӣ, сиёсӣ ва назорат дар соҳаи идора, раиси комиссия оид ба фарҳанг Катрин Поллард ширкат намуд.

Дар ин раванд таъкид гардид, ки туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари нақши назаррас ва рамзи аҳаммияти санъат дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад. Тоҷи кунгурадор, ки ҳамчун туҳфа ба СММ тақдим карда шуд, бозёфти нотаркрори таърихӣ маҳсуб ёфта, аз лиҳози хронологӣ ба давраи ибтидои ташаккулёбии халқи тоҷик аниқтараш ба давраи аввали давлатдории Кушониён марбут шуморида мешавад. Тибқи таҳлили муаррихон он ба номи этникии “тоҷик” робитаи бевосита дошта, реша ва асли калимаи “тоҷик” аз вожаи “тоҷ”, ки маънояш тоҷдор, яъне давлатдор аст, сарчашма мегирад. Ниёгони тоҷикон то замони ҳукумати Кушониён ориёӣ номида мешуданд, ки маънояш халқи шоҳӣ, воломақом, покнажод ва ҳукумрон аст. Вожаи “тоҷик” ҳам ба ҳукумрон ва воломақом пайваст буда, мақоми махсуси ниёгони моро, ки дар ташаккул ва рушди унсурҳои тамаддун, махсусан низоми давлатдорӣ доштанд, инъикос менамояд. Дар замони Кушониён ҳукумати юнону мақдуниҳо таназзул ёфта, тамаддун ва фарҳанги маҳаллӣ бо ташаббуси намояндаҳои ҳукумрони ин сулола аз нав эҳё ва рушд менамояд. Маҳз ибтикори шоҳони кушонӣ дар роҳи эҳёи фарҳанги ниёгон боис гардид, ки заминаи ташаккули халқи тоҷик гузошта шавад. Аз натиҷаи таҳқиқи бостоншиносон ва бозёфтҳо маълум мегардад, ки давраи Кушониён яке аз марҳилаҳои асосии нақшгузории тоҷикон ба тамаддуни башарӣ ба ҳисоб мерафт.

Тоҷи кунгурадор аз ҷумлаи он бозёфтҳои нодире маҳсуб меёбад, ки таърихи қадим ва мероси ғанӣ доштани халқи тоҷикро, ки аз давраи қадим дар руҳияи сулҳу субот ва ба таври осоишта бо тамаддуну миллатҳои ҳамҷавор ва таҳаммулпазириву ҳамзистӣ доштанд, муаррифӣ менамояд. Он нишони арҷгузорӣ ба ҳамкориҳои судманд бо яке аз ташкилотҳое, ки мавзуи сулҳу субот ва амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар меҳвари ҳадафҳояш қарор дорад, маҳсуб меёбад. Миллати тоҷик ва ниёгони он ҳамеша дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ пуштибонӣ аз муносибати судмани тарафайн ва сулҳу субот намуда, бо халқҳои ҳамҷавори худ дар ин росто равобити ҳасанаро барқарор намудаанд. Дар сиёсату фарҳанги ниёгони тоҷикон ҳамеша падидаҳои арзишманде чун сулҳ, субот, инсондӯстӣ ва амсоли инҳо тараннум гардида, амалӣ мегардид. Аз замони Ҳахоманишиҳо сар карда то аҳди Сомониён аҷдоди тоҷикон ҳамеша бо роҳи созишу сулҳ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон давлатро идора намуда, ба ҳақу ҳуқуқи халқҳои ҳамсояи хеш арҷ мегузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо талошу ташаббусҳои беназири хеш бори дигар собит намуданд, ки чун ниёгони хеш ба мисли Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ дар роҳи арҷ гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳалли масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешсаф мебошанд. Миллати тоҷик дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ принсипи инсодӯстиро дар мадди аввал қарор дода, дар ҳама самтҳо аз он пуштибонӣ менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат таъкид намуданд, ки ин ҳадя, ҳамчунин саъю талоши ҳамаҷониба ва дастгирии мардуми тоҷикро аз ҳадафҳо ва арзишҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо дар заминаи эҳтироми усули баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо тавассути таърих, санъат ва маданият бозгӯӣ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва меҳмонони ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ бо дидани нигора аз фарҳангу таърихи бостонии мардуми мо – тоҷикон ёдовар хоҳанд шуд.

Дар баробари арҷ гузоштан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳамчунин бо ибтикори Пешвои миллат маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон” баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Роҳбари Дастгоҳи кулли СММ Эрл Кортеней Раттрей, муовини дабири кулли СММ, сафирони кишварҳо ва намояндагони расмии давлатҳои аъзои СММ, инчунин дигар иштирокчиёни Конфронси оби СММ – 2023 ширкат намуданд.

Сарвари давлат зимни суханронии хеш диққати ҳозиринро ба вазъи таърихии ба истиқлол расидани Тоҷикистон ҷалб намуда, талошҳои мардуми тоҷикро ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, инчунин рушди устувори иқтисодӣ таъкид карданд.

Ҳадафи асосии ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳ қабл аз ҳама муаррифии намунаҳои фарогири давраҳои муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон, фарҳанги ғаниву қадима, табиати зебову нотакрори давлат, захираҳои фаровони табиӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъат ва ҳунармандиву меъмории мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад.

Дар воқеъ ташкили Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон” яке аз падидаҳои нодир ҷиҳати муаррифии миллату давлат дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро бо таъриху тамаддуни тоҷикон ва Тоҷикистони муосир ошно месозад. Дар замони соҳибистиқлолӣ борҳо собит гардид, ки дар баробари ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ муаррифии давлату миллат аз ҷониби Пешвои миллат, ҳамчунин қадамҳои ҷиддӣ ва устувор ҷиҳати эҳё ва гиромидошти суннатҳои неки ниёгон ва инъикоси он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат гирифта истодааст. Сарвари давлат ҳамеша аз таъриху фарҳанги хосса ва ғановатманди тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ таъкид намуда, иброз менамояд, ки дар меҳвари он арҷ гузоштан ба инсон қарор дорад.

Ҳамчунин ташкили намоишгоҳи мазкур имкон медиҳад, ки диққати ҷаҳониён ба ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ҷалб шуда, соҳаи сайёҳии кишвар рушд намояд. Албатта яке аз заминаҳои рушди сайёҳӣ дар кишвар мавҷудияти ёдгориҳои куҳани таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки бо ин иқдом Сарвари давлат бори дигар аз чунин як минбари баланд таъриху фарҳанги миллиро муаррифӣ намуд. Таърихи ташаккули давлатҳои ниёгони тоҷикон - ориёиҳо аз аҳди Пешдодиён то Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кушониён, Сосониён ва Сомониён дар такя бо натоиҷи таҳқиқоти муҳаққиқон дар намоишгоҳ инъикос гардидааст. Ҳамчунин харитаҳои сиёсии давлатдории тоҷикон дар тули таърих, раванди рушди фарҳанги ниёгон ва таъсири он ба тамаддуни башарӣ нишон дода шудааст.

Ин ташаббус дар роҳи ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ҳамчунин имкон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам рушду нумуъ ва эҳё карда шавад. Дар намоишгоҳ ҳамчунин намунае аз сарватҳои нодири табиати Тоҷикистон муаррифӣ шуд, ки ин ҳам ба рушди соҳаи саноати кишвар дар натиҷаи ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Антонио Гутерриш ќайд намуданд, ки Тоҷикистон омода аст, дар якҷоягӣ бо СММ ва давлатҳои азои он ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саъю талош намояд. Махсусан, ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “нерӯи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз рӯи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзуҳои асосии муолоқот ба шумор мерафт.

Дар ин баробар Сарвари давлат диққати ҳайати роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳидро ба рафъи хатарҳои дигари глобалӣ, махсусан бӯҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва таҳдидҳои терроризму экстремизм ҷалб намуд. Дар хусуси вазъи кишвари ҳамҷавори мо – Афғонистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз раванди интиқоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми кишвари ҳамсоя ҷонибдорӣ менамояд.

Ҳамин тавр, ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ дар доираи СММ бори дигар аз мавқеи устувори кишвари мо дар робита ба ҳалли ботадбирона ва саривақтии масъалаҳои умдаи глобалӣ хабар дода, мақоми Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор боз ҳам афзуд. Аз лиҳози сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ ин ҳамоиш барои кишвари мо чун ҷониби ташаббускор мусбӣ арзёбӣ мегардад.

                                                           Аламшозода А.А. – муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин