Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШУД

 

      Рӯзи 25 январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо Ҷумъа фаъолияти яксолаи соҳаи тандурустии ноҳия мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Сараввал ҳисоботи сартабиби беморхонаи марказии ноҳия ва сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар соли 2022 шунида шуд.

Зикр карда шуд, ки маҳз дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ шумораи муассисаҳои тандурустӣ аз 22 адади соли 1991 бо фарогирии 105 нафар корманд аз ҷумла 10 духтури маълумоти олидор дар соли 2022 ба 52 адад расонида шуд, ки дар онҳо имрӯз 567 нафар аз ҷумла 52 духтури маълумоти олидор кору фаъолият намуда истодаанд.

Соли сипаригардида баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сохтмони беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ оғоз гардида, бинои маркази санитарию эпидемиологии ноҳия бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Танҳо дар давоми ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии ноҳия маблағи зиёда аз 4 млн сомонӣ таҷҳизоту дастгоҳи муосир дастрас карда шуданд.

Давоми соли 2022 дар беморхонаҳои дар ҳудуди ноҳия қарор дошта 1772 нафар бемор бистарӣ гардида, ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шудаанд.

Баъди маърӯзаи баромадкунандагон муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо вазъи соҳаро мавриди таҳлил қарор дода, дар баробари муваффақиятҳо аз мушкилотҳои соҳа ёдовар гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар беморхонаҳои рақамӣ ташвишовар буда, иҷроиши кат-рӯз ба талабот ҷавобгу нест.

Ҳамчунин хизматрасонии тиббӣ аз тарафи духтурони оилавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, гардиши хона ба талаботи рӯз ҷавобгу нест. Бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ фаъолияти назаррас надошта, ба беҳбудӣ ниё доранд.

Дар охир муовини раиси ноҳия баҳри ислоҳи саривақтии мушкилотҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин