Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЯК МУШТ ХОКИ ВАТАНРО КАМ НАХОҲЕМ КАРД

 

Вақтҳои охир баъзе аз ашхоси манфиатљу бо ҳар баҳонаву ҳилаву найранг мехоњанд байни мардум низоъ бармехезонанд. Ин низоъ ба авҷи аъло бархоста, табъи ҳамаи моро хира намуда истодааст.

Сафари қарибулвуқӯи Пешвои миллат ба Исфара ва аз ҷумла, Ворух нишонаи гиромӣ доштани ҳар як пораи замини Тоҷикистон буда, дар баромадҳои худ мардуми тоҷику қирғизро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд.

Зиёда аз ин роҳбарони воломақоми ин ду кишвар чандин бор изҳор доштаанд, ки ба ҳам дӯсту бародар мебошанд.

Вале, аз чӣ сабаб бошад, ки ташкилкунандагони ин низоъ Ҳукумати худро гӯш намекунанду ваъзиятро торафт муташанниҷ кардан мехоҳанд.

Ман як хулоса дорам. Ҳамаи ин низоъҳоро онҳое ташкил карданианд, ки риштаи дӯстии ин ду миллатро канданианд. Набошад, чаро муносибатҳои сатҳи олии ин ду давлат хуб асту вале як зумра аз сатҳи поёнӣ (маҳаллаву баъзе, ба қавли худашон таҳҷоиҳо) худсарона ба амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва кулли санадҳои ба имзорасидаи миёни ду давлати дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Тоҷикон ба сари касе теғ накашидаанд, даъвои сарҳадӣ ҳам надоранд, вале чун мебинем, ки як пораи Тоҷикистони воҳидро канданӣ ҳастанд, барои ҳимояи марзу буми кишвар омода ҳастем. Дар маврид ба мардуми таҳҷойии Ворух, ки барои ҳимояи марз бо марзбонони кишвар дар як саф истодаанд, якдил ҳастем.

Даҳшат аст ин? Бале, аз ин зиёд даҳшат намешавад! Кӣ мехоҳад, ки ба сари тоҷику қирғиз гирдоби бало ояд?!

Чӣ гӯям, тоҷикон таърихи талху ибратбахш доранд. Зиёда аз ҳазор сол зимоми давлатро аз даст дода, аз Ватани худ маҳрум буданд. Ҳатто солҳои бистуми асри гузашта дар табартақсими ҳудудҳои марзӣ тоҷиконро “фаромӯш” карданд.

Аммо ҳақиқат дастболо шуду миллати тоҷик соҳибдавлат гашт.... . Хуб, ин дигар тарафи баҳс аст. Дар мавриди Ворух гуфтааниям, ки он ҳеҷ гоҳ анклав ва ё марзи кишвари қирғиз набуд.

Таърих исбот намудааст, ки Ворух манзили тоҷикнишин аст, аз қадим то ба имрӯз.

Ин ҳақиқати таърихиро муаррих ва ҷаҳонгард Арминий Вамберӣ, асари ҷуғрофии асри Сомониён “Ҳудуд ул – олам”, Заҳируддин Муҳаммади Бобур дар китоби “Бобурнома”, донишманди маъруф ва муаррихи номвар В.В. Бартолд, академик Б. Литвинский, академик Бобоҷон Ғафуров ва садҳо дигар муаррихон исбот кардаанд.

Ба далелҳои таърихӣ бовар кунед, бародарони қирғиз!

Шоири ҳақиқатан ватандӯсти мо Бозор Собир як мушт хоки Ватан, як каф оби онро кам кардани нест, балки аз дигар диёр онро баргардонида оварданӣ аст.

Гарди хокеро гирифтам дар сари мижгон,

Аз бароят њамчу савғо,

То кунам хоки туро як зарра бисёр…

Ин тасвири Бозор Собир аз чиҳати қатраи обу пораи хоки Ватанро кам кардан не, балки афзудан самимӣ, таъсирбахш ва табъи дили ҳар фарди ватандӯст баромадааст.

Тоҷикистону Қирғизистон аз қадим чун ҳамсояи қарин ва дӯстони бекина буданд. Махсусан дар воҳаи Ворух онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ аҳлонаву дӯстона кору зиндагӣ доштанд. Ин гуфтаро дар мисоли байтҳои зерин метавон пурқувват намуд:

Дилномаи шавқу шӯр дорад, Ворух,

Бас кӯҳи пур аз ғурур дорад, Ворух.

Хешиву табориву садоқат бо нур,

Аз дурии дури дур дорад, Ворух.

Мехоҳам суханонамро бо мисраъҳои ҳақиқатан ватандӯстонаи Бозар Собир ҷамъбаст намуда гӯям, ки -

“Вуҷуди туст аз ду тан-тани замину чисми ман,

Ману туем хамбадан, Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.”

 

Қосимзода Солеҳамоҳ Абдукарим

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин