Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Намоиши силсилафилми ҳуҷҷатии «Хиёнат» далели раднашавандаи амалҳои манфури душманони давлату миллат аст!

 

Мусаллам аст, ки дилхоҳ давлат дар муқобили мафкурраи сиёсӣ рақиби сиёсии худро дорад ва амалисозии ақидаҳои сиёсӣ дар ҷомеа бо назардошти ҳамовозии он аз ҷониби аксарияти мардум роҳандозӣ мегардад. Дар фазои сиёсии кишвари мо имрӯз аҳзоби сиёсии чандирандеш кору амали қонунӣ доранд ва озодии онҳо дар пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, раванди таҳкими рушди давлатдории демократиро ҳамаҷониба густариш медиҳанд.

   Мутаассифона дар баробари аҳзоби сиёсии фаъолияти онҳо муътадил, ҳастанд доираҳое, ки оромию осӯдагии мамлакат барои онҳо ба қадри хас арзиш надорад ва чунин ташкилоту гурӯҳҳо ҳамеша барои ба саҳнаи сиёсӣ баромадан аз роҳи ғайриқонунӣ ҷаҳду талош менамоянд.

   Имрӯзҳо тамоми сокинони кишвари азизи мо аз фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом, гурӯҳи 24 ва дар маҷмуъ ба ном Паймони миллии Тоҷикистон огоҳанд ва медонанд, ки ин ташкилотҳои иртиҷоӣ дар асл чи ҳадафу мақсад доранд.

   Инъикоси ҳолати воқеии масъала дар силсилафилми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатию иҷтимоӣ манзури тамошобинон гардид, бори дигар чеҳраи ғашу манфури хоинони давлату миллати моро назди тамоми мардуми кишвар бармало ошкор сохт. Маълум гардид, ки сулҳу ваҳдат барои онҳо вожаи муқаддас нест ва онҳо ҳар лаҳза ба хотири нафси аҳриманӣ ин санади барои кулли аҳолии Тоҷикистон азизу муқаддасро яктарафа мешикананд. Ҳатто онҳо омодаанд, ки барои амалисозии манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ аз номи дини мубини ислом баромад карда, бо истифода аз эътиқоди динии мардуми мо бо роҳи худбофти оёту ҳадис мардумро ба гирдоби бало таҳрик диҳанд.

   Аз ҳар як лаҳзаи силсилафилми ҳуҷҷатии «Хиёнат» метавон панду андарз ва хулосаи лозимӣ баровард ва дарк кард, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз фикри ботили хиёнаткорӣ ба ҳеҷ ваҷҳ даст кашиданӣ нестанд. Онҳо ҳозиран, ки ба хотири манфиат ва расидан ба арсаи калидии сиёсат ба қатли инсонҳои бегуноҳ даст зананд. Барои ин қабил инсонҳои асолатбохта маънии Ватан-Модар, зану фарзанд ҳеҷ гоҳ арзиш надорад. Воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мо дарси ибрат хоҳад буд.

   Намоиши воқеии силсилафилми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бори дигар рӯи намакобзадаи хонинону фурӯхташудагони наҳзатӣ ва дигар ҳаммаслакони онҳоро назди аҳли ҷомеаи суннатии мо ошкор сохт ва моро зарур аст, ки барои пешрафт ва пойдории сиёсати мардумсолори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сарҷамъу тифоқ бошем.

 

 

                                           А.Асақолов-сокини ноҳияи Шамсиддин

                                                                 Шоҳин

 

 

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

October 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин