Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

САҲМИ ОИЛА ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ПАНДЕМИЯИ КОРОНОВИРУС БУЗУРГ АСТ!

 

Оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва ташаккули насли ояндасози ҷомеа   басо нақши бориз дорад.

Вазъи ҳассоси ҷомеаи кунунӣ масъулияти оиларо дар пешгирии ин ҷанге, ки душманаш ба чашм ноаён аст боз ҳам бештару дучанд мегардонад.  

Бемории пандемияи короновирус, ки имрӯз дар тамоми рӯи замин паҳн гаштааст, тамоми олимону коршиносони тибби ҷаҳониро мутааҷҷиб сохта, дар як вақт бо назардошти фарҳангу ҳуввияти миллии халқҳо нақши оила дар раванди риояи беҳдошти шахсию хонаводагиро мутаассиртар сохт.

Олимони тоҷик ба он назаранд, ки дертар омадани ин бемории сирояткунанда ба давлати мо ин аз иқболи баланди мардуми мо шаҳодат медиҳад. Чунки мо аз таҷрибаи дигар давлату миллатҳо бархӯрдор гаштем, гарчанде ки мутахассисон дар пайдо кардани давои ин беморӣ сахт мутаваҷҷеҳ гаштаанд, вале яке аз роҳҳои баромадан аз ин вартаи марговар ё пешгирӣ аз ин бемориро дар риояи гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ медонанд. Ва, бешак саҳми оила дар риояи беҳдошти хонаводагӣ барои аз мушкилоти паҳншавии ин беморӣ ҷилавгирӣ намудан хеле назаррас аст.

Чи тавре ки мегӯянд:- «Тозагӣ ин гарави саломатист!». Риояи тозагӣ хоҳ шахсиву гоҳ ҷамъиятӣ аз оила сарчашма мегирад. Волидайнро месазад барои дастгирии табибон, ки ҷони худро дар хатар гузошта, баҳри пешгирӣ, беҳгардонии сиҳатии омма ва паст кардани суръати афзоиши ин беморӣ муборизаи беамон бурда истодаанд, дар тарбияи тозагию дараҷаи зебопарастии фарзандон бояд бетафовут набошанд. Зеро тарбияву назорати беҳдошти шахсӣ дар оила албатта аз дараҷаи баланди масъулияти волидайн вобаста буда, бо ин васила мо метавонем, ки худу дигаронро аз ин беморӣ наҷот бахшем.

Бинобар ин аз тамоми волидайн, ки дар ҷомеа як ҷузъи давлат ҳисобида мешаванд, даъват ба амал меорем, ки дар назорату тарбияи фарзандон дар муқобили мубориза ба паҳншавии бемории маргбори коронавирус фориғболу бепарво набошанд. Зеро мо дар муттаҳидӣ ва риояи ҷиддии тавсияҳои мутахассисон дар муддати кӯтоҳ ин вабои асрро метавонем пушти сар созем.

 

 

Мавзуна Сунатуллоева-мудири шуъбаи кор бо занон ва чавонони КИҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин.

 

 

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин