Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Короновирус дастаки сиёсии мухолифин ба хотири барқарор намудани обрӯйи рехта.

 

   Ҳамагон медонем, ки паҳншавии бемории коронвирус дар тамоми ҷаҳон мардумро ба таҳлука андохта, бобати нигоҳдории солимии ҷомеа давлатҳо дар пушти дарёфти роҳҳои афзалиятноки табобати сокинони худ гардидаанд. Тибқи таҳлилҳо раванди паҳншавии ин беморӣ дар сайёра коҳиш ёфта, рӯз аз рӯз мардум ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд. Аммо эҳсос мешавад, ки гурӯҳҳои бадхоҳу бадтиннати тоҷик дар хориҷ аз мамлакат аз коҳиш ёфтани ин беморӣ ҳавасманд нестанд, балки ин вабои асрро ҳамчун бренд ба хотири пиёдасозии сиёсатҳои ғаразноки гурӯҳии худ истифода бурдан мехоҳанд. Агар дигар халқу миллатҳо баъди афзоиш ва паҳншавии ин бемории фарогир дар атрофи давлату ҳукуматҳо сарҷамъиро ихтиёр намуданд, гурӯҳҳои манфиатҷӯи асолатбохтаи тоҷик дар хориҷ аз кишвар, бахусус дар давлатҳои аврупоӣ даст ба тарғиби ҷангу хушунат ва мубориза бар зидди ҳукумати қонунӣ заданд, ки ин амали онҳо бори дигар чеҳраи касифу разилона ва бадхоҳии онҳоро зидди халқу давлат ба таври воқеӣ нишон дод.

   Тасаввур кунед, ки дар моҳи мубораки Рамазон, ки тамоми мардуми мусулмон дар фикри ибодату сарҷамъӣ ва бахшоиши гуноҳи якдигар буданд, афроди ба ном дингаро, ки имрӯз динро ба сиёсат табдил додаанд аз фармудаҳои Худою расул на ин ки риоя карданд, балки мардумро дар ин моҳи шариф ба ҷангу хушунат таблиғ намуданд, ки ин амали онҳо мусулмонии онҳоро зери суол мебарад.

   Муҳиди Кабирӣ- ба ном роҳбари паймони миллӣ ва раиси ҳизби мамнуи наҳзати ислом дар баромади худ атрофи паҳншавии бемории пандемияи короновирус рӯи рост аз эътиқоди динии мардуми Тоҷикистон истифода бурдан хоста, баъди арзагӯии зиёд қиёмро дар муқобили Ҳукумати конститутсионӣ роҳҳои расидан ба ҳадафҳои шахсию гурӯҳии худ медонад. Номбурда фикр намекунад, ки бо чанд нафар атрофиёнаш, ки барои онҳо номи муқаддаси Ватан-Модар дигар арзиш надорад, иродаи сиёсии мардумро дигар карда наметавонад. Ин мардум дигар мардуми солҳои 90-уми асри гузашта нест, ки ба ҳар як таблиғи авомфиребона даст ба хунрезию низоъ занад, балки аллакай дараҷаи фаҳмиши сиёсию ҷаҳонбинии сиёсии аҳолӣ хеле баланд рафтааст ва хубро аз ба, сафедро аз сиёҳ фарқ мекунад.

   Барои ғаразҳои шахсию гурӯҳӣ шуда мардумро ба танури обу оташ афкандан камоли мардӣ нест, гарчанде ки мо кайҳо медонем Кабирию ҳаводоронаш дигар рисолати мардию ватандорӣ надоранд.

     Хосатан падидаи паҳншавии бемории коронавирус танҳо хоси Тоҷикистон нест ва ин масъаларо сиёсӣ кардан низ аз рӯи одаму одамгарӣ набуду нест. Баръакс «оғо»-и Кабирӣ хуб мебуд дар ростои доман паҳн кардани ин беморӣ барои миллат кореро рӯи даст мегирифт, ки мардумро сарҷамъ месохт. Вале, мусаллам аст, ки ин «сиёсатбозиҳо»-и «оғо»-и Кабирӣ танҳо ҷанги иттилоотӣ ба хотири шӯронидани мардум асту халос. Ба ақидаи дигар, мардумро ҷанг андохтану давлату сармоя ҷамъ кардан вазифаи аслии ин гуна асолатбохтагон аст, ки мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба чунин сиёсатбозӣ розӣ буда наметавонем.

     Дигар наметавон ба тафриқаю сиёсатбозӣ давлат сохт, мардум кору амалеро қабул медорад, ки барои беҳбудии зиндагию рӯзгораш мусоидаткунанда аст.

     Ҳар қадар Кабирию тарафдоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ садо баланд мекунанд, ҳамон қадар мардуми Тоҷикистон атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар сарҷамъ мегарданд. Чунки мардум мақсаду мароми ин гурӯҳи бадхоҳу ғаразнокро барвақт дарк кардааст.

 

                                                                      Қосимова Сайлигул, аъзои гурӯҳи вакилӣ

                                                            дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин