Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Табибон ҷисму ҷони одамизод

Чунонки маълум аст, солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифат ва самараи  хизматрасонии тиббӣ ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар баробари ин заҳмати табибони ҳозиқ аз ҷониби Ҳукумати кишвар қадрдонӣ карда мешавад. Дар ин рӯзҳои мушкил беш аз пеш дастгирии маънавӣ ва равонии табибон, ки воқеан “фариштаҳои сафедпӯш”ҳастанд, яке аз мақсадҳои аслии мардуми худшиносу миллатдӯст мебошад. Ҳар як амали самаранок ва саршор аҳ меҳру муҳаббат ва самимият барои кулли табибон,  тавонбахшу неруофар мебошад, чунки табибон ҳам инсон ҳастанд ва наметавонанд аз гирудори рӯзгор ва иҷтимоиёт орӣ бошанд. Барои мардуми тоҷик хилъати сафед ҳамеша намое аз шафқат ва меҳрубонӣ мебошад. 

Дониш, маҳорату малака ва таҷрибаи табибони тоҷик ба кулли тоҷикистониён умед мебахшад, ки дар муддати кутоҳтарин пеши роҳи паҳншавии COVID-19 –ро мегиранд, зеро  онҳо меросбарони асили Синои оқил мебошанд. Табибон нафароне ҳастанд, ки дар навбати аввал дар рӯзҳои хурсандиву нишот ва мусибату мушкилии мардум шодишарику дармонбахши дарди онҳо ҳастанд.

Кормандони тиб ҳамчун неруи соҳибэътибори ҷомеа, ки мардум ба онҳо боварии зиёд дорад ва дар маҳалҳо бевосита бо халқ сару кор доранд, баробари адои вазифаи касбиашон, чун узви ҷомеа, барои ободони тозагии муҳити атроф дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳо баҳри саломатии комил ва устувории оилаҳо, ҳифзи саломатии онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Итминони комил дорем, ки кормандони соҳаи тиб ва беҳдоштӣ минбаъд низ дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри саломатии аҳли ҷомеа ва ояндаи неки насли имрӯзу фардо аз тамоми қудрати табобатӣ, ақлониву зеҳнӣ, маънавӣ ва инсонгароёнаи хеш босамар ва муфид истифода хоҳанд намуд. Ин талош ва такопӯи ҳар яки Шумо табибони муҳтарам метавонад муҳимтарин омили рушди солимии ҷомеаи инсонӣ ва камолоти насли солиму созандаи ҷомеа гардад.

Дар ин  марҳилаи душвор ба кулли кормандони соҳа, ки дар тан хилъати сафед доранду бо дили гарму дасти сабуку нияти пок барои саломатии миллат хидмат менамоянд, барору комёбӣ, нерую матонат ва ҷасорати созандаро мехоҳем. Арзи меҳру ихлос ва самимияти худро бо мисраъҳои зер анҷом бахшида, ба кулли табибони Тоҷикистони соҳибистиқлол саломатию руҳбаланд буданро таманно дорем:

 

Табибон ҷисму ҷони одамият,

Ба дилҳошон ҳамеша меҳру шафқат.

Ҳамебошанд бас осудахотир,

Агар бошанд одамҳо саломат.

   Фирдавс Мирзоёров,

устоди ДМТ

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин