Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Изҳороти Вазорати умури хориҷии Амрико носанҷидашудаю бепоя аст!

 

 

Интихобот раванди идоракунии давлат аз ҷониби мардуми кишвар ба воситаи вакилон аст, ки дар бисёр аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳукми анъана даромада, аҳолӣ аз натиҷаи ниҳоии он умедвориҳои зиёд доранд.

Дар робита ба мавзуъ, санаи 1 марти соли 2020 тибқи талаботи қонуни асосии кишвар дар Тоҷикистон интихоботи вакилон ба ҳама зинаҳои мақомоти намояндагӣ роҳандозӣ гардид ва дар баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ ҳама аҳзоби сиёсӣ аз нуқтаи назари қонунгузорӣ шароити якхелаи фаъолиятро вобаста ба имкониятҳои мавҷудаи худ истифода бурданд. Мусаллам аст, ки дар интихобот аҳзоби сиёсӣ ва ё ва номзаде, ки миёни ҷомеа нуфўз дорад, ҳатман ғолиб меояд. Имрўз дар ҷомеаи мо ҳизбҳои сиёсӣ тибқи талаботи қонунгузории кишвар дар муҳити фарогир ва фазои сиёсии якхела вобаста ба ҳузурашон дар доираи барнома ва оинномаи мавҷуда фаъолият мекунанд ва мусаллам аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи мадании мо нуфузи бештар дорад. Дар интихобот ғолибияти аксарро ба даст овардани ин ҳизби сиёсӣ аз хизматҳои содиқонаву софдилонаи ҳама аъзояш аст ва ин рўйдод ҳақиқати беҳбас аст. Зеро дар рўзҳои сахту вазнин барои давлату тамоми мардуми кишвар танҳо намояндагони ҳамин ҳизби меҳварӣ мардумро ба сўи ояндаи босаодату пешрафта таблиғ карданд ва хушбахтона ҳамватанони мо аксаран аз паёмадҳои мусбии сиёсию иқтисодии кишвар дар масири давлатдорию давлатсозӣ хушбинанд.

   Мутаассифона баъзе аз доираҳои ғарбгаро ва давлатҳои ба ном дўсту ҳамкор ҳама ин пешрафту таҳаввулоти ахири кишвари моро нодида гирифта, ҳаводиси баргузории интихоботро яктарафаю дур аз таҳлилҳои сиёсӣ ба намоиш мегузоранд, ки чунин мавқеъгирии сарсарӣ ҳеҷ гоҳ сокинони ватандўсти моро бетараф гузошта наметавонад.

Ахиран Вазорати умуми хориҷии Амрико дар гузориши худ нисбати вазъи ҳуқуқи инсон ва баргузории интихобот дар Тоҷикистон мавқеи яктарафаро ихтиёр карда, тамоми саъю кўшиши давлат дар мавриди амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионию фитрии аҳолӣ ва иродаи сиёсии сокинони кишвари моро дар мавриди интихоботи баргузоргардида нодида гирифтааст, ки ба чунин назарсанҷию баҳогузорӣ розӣ будан амри маҳол аст. Аввал ин ки ҳар як давлат фарҳангу ҳуввияти миллию давлатии худро дорад ва дар доираи ин арзишҳои басо муҳим давлатдорӣ мекунад. Дуввум, демократия он нест, ки ҳар коре мехоҳем бояд онро анҷом дод! Демократия идорашаванда аст ва он аз ҷониби давлат бо назардошти риояи қонунҳои амалкунанда аз ҷониби сохторҳои дахлдор назорат мешавад. Ва, воқеан миёни демократияи ғарбию фарҳанги ғарбӣ ва қиёс кардани он ба фарҳангу ҳуввияти миллии мо фарқ аз замин то кайҳон аст. Он рукнҳои миллие, ки амрикоиҳо доранд ҷомеаи мо онро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул намекунад!

 

Мо ба нуфузи сиёсии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром дорем!

 

   Ё, ҷойи дигар Вазорати умуми хориҷии Амрико аз нуфузи сиёсии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гилагузорӣ намуда, хизматҳои содиқонаи фарзандони Тоҷикистонро дар масри давлатдории навин нодида гирифтааст, ки чунин баҳогузорию пешниҳодот ба ақли солим рост намеояд. Нуфўзи сиёсии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизмати софдилона ва раъиятпарваронаи он аст. Мардуми кишвари мо ҳеҷгоҳ рўзҳои сиёҳи аввали солҳои навадуми асри гузашта ба сараш омадаро фаромўш намесозад. Танҳо дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ҷабру ситам, хорию зорӣ ва қатлу кушторро ин миллат кашида буд ва бар асари сулҳу созиш ва якдигарбахшӣ ба он хотима дод. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ аксари давлатҳои ғарбгаро ба сифати тамошобин дар кишвари мо миссия доштанд ва танҳо ақли солими ин миллат ва давлатҳои воқеан дўст мардуми моро ба ҳам овард. Ва, метавон ҳадс зад, ки ба истилоҳи якчанд хоин мардуми Тоҷикистон намакхури намакшикан набуду нест. Давлати Амрико дар ягон гўшаи дунё сулҳ наовардаасту намеорад. Ин давлат ҳамчун бозингари сиёсӣ танҳо дар фикри мустаҳкам кардани мавқеи ҷаҳонии худ ҳасту бас! Мисоли рўшан пиёдасозии демократияи амрикоӣ дар Сурияву Ироқ, Мисру Либия ва ахиран ҳамсоякишвари мо-Афғонистон бармало нишон медиҳад, ки ин давлатҳо дар доираи афкори амрикоию ғарбгароӣ ҳеҷ гоҳ ба сулҳу амният муваффақ нестанд. Ин ҷо метавон аз бозиҳои сиёсии давлати Амрико ва дахолати ғайриқонунию ғайриинсонии сиёсатмадорони амрикоӣ дар умури дохилии давлатҳои болозикр садҳо далел овард, вале ман мутмаинам, ки мардуми мо ақлу ҳуши закӣ доранд ва хубро аз бад, дўстро аз душман ба хубӣ фарқ мегузоранд.

   Дар мавриди ҳодисаи марги зиндониён метавон ёдрас шуд, ки ҳеҷ кас ҳаққу ҳуқуқи ғайриқонунӣ безараргардонии гунаҳгоронро надошту надорад! Насибу тақдир ва тарбияи ғоявии ифротии амрикоӣ буд, ки бисёр аз фарзандони мо ба роҳи хато рафтанд. Кишвари мо поягузори мактаби ифротгароии Ал-Қоидаву Толибон, Ҳизб-ул-Таҳриру садҳо дигар гурўҳҳои иртиҷоии зерҳимояи давлати Амрико набуду нест! Бунёдгузори асосии қатлу куштор ва хасму бадбинӣ дар ҷомеаи мусалмоннишини сайёра давлати Амрико буду мемонад ва ин нишондод дар ҷомеаи ҷаҳонӣ исботи худро ёфтааст. Биёед ба таъриху зиндагиномаи Уссома ибни Лодану Ал-Бағдодӣ, ки тарбиятгирифтаи хадамоти махсуси амрикоию исроилӣ буданд, назар афканем. Ин ҷо тарбиятдиҳандаи асосии исломи тунгарою ифротӣ кист, маълум аст! Офтобро бо доман пўшонида намешавад! Дар ҷомеаи Амрико рўзе садҳо нафар бар асари истифодаи яроқ, ки як ҷузъи хонаводагии мардумаш гаштааст, ҳалок мешавад ва касе ба сиёсати ин давлат эрод намегирад. Ҳол он ки модари ҳама нооромию ҷаҳолат дар тамоми дунё маҳз ҳамин давлати Амрикост!

     Мардуми мо як сухани санҷидашудаи хубе доранд, ки аввал гиребони худ бўй кун, баъдан камбудии дигаронро гўй! Хуб мебуд сиёсатмадорони амрикоӣ аввалан дар муносибати давлатию сиёсӣ худ ислоҳ мешуданду баъдан камбудию нуқсонҳои дигаронро мегуфтанд.

                       Сухан озод аст, сухангўён каҷназаранд…..

Дар мавриди озодии баён шиква кардани сиёсатмадорони амрикоӣ, ки тавассути изҳороти Вазорати умуми хориҷии ин давлат расонаӣ шуд, ғарази манфуронаю ҳангомаҷўёнаи доираи сиёсатбози ин давлат аст. Зеро дар кишвари мо матбуот озод аст ва маълум аст, ки дар баробари нашрияҳои давлатӣ матбуоти озод дар ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва тақвияти рукнҳои давлатдории мо нақши муосир доранд. Вале, бадбахтона ин ҳама ҷаҳду талошҳо дар назари сиёсатмадорони амрикоӣ наметобад ва ба қавле хеле торик аст. Пушти якчанд хоин гаштану афкори онҳоро рангу об додан маънои онро надорад, ки озодии баён дар кишвар маҳдуд гаштааст! Баръакас, иқтисоди бозорӣ ва рақобати солими афкори сиёсӣ дар матбуот барои тамоми мардуми мо азиз аст. Вале ҳангомаю мағзшўӣ ва хиёнатро ҳеҷ гоҳ на давлат мебахшаду на мардуми Тоҷикистон! Ба он гунае ки давлати Амрико тамоми марзҳои инсонию фитрӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандонашро назорат мекунад, Тоҷикистон низ ҳамчун давлати мустақил ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳаққу ҳуқуқи қонунии давлат ва шаҳрвандонаш ҳифозат мекунад. Барои давлат муҳимтар аз ҳама амну субот ва осоиштагии сокинонаш лозим аст, ки имрўз хушбахтона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир хеле тадбирҳои судмандро рўи даст гирифтааст.

     Дар тули таърих борҳо шоҳиди баҳсҳои лафзию куштори сиёҳпустон дар давлати Амрико гаштаем ва имрўз низ сиёҳпустони амрикоӣ дар кору зиндагӣ як ҳоли табоҳ доранд. Сухани мардуми сиёҳпуст дар ҷомеаи амрикоӣ қадру қиммат надорад. Онҳо ҳар лаҳза шиканҷаю латту куб ва ҳуқуқҳояшон поймол мешавад. Вале, мутаассифона ин рўйдоди дохили давлатӣ барои сиёсатмадорони сатҳи баланди давлати Амрико арзиш надорад ва алами онро аз дигар давлатҳои сайёра гирифтанианд. Мо дар шабакаҳои иҷимоӣ борҳо шоҳиди шиканҷа шудани шаҳрвандони амрикоӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар гардидаем, вале ин ҳолатҳо дар чашми наздикбини доираи сиёсатмадорони амрикоӣ тобанда нест.

   Мусаллам аст, ки шиканҷаю бадрафторӣ дар ягон давру замон қобили қабул набуду нест ва қонунгузории аксари кишварҳои ҷаҳон дар ин масъала ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад. Ва агар чунин ҳолат низ мавҷуд бошад, ҳатман гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Яктарафа баҳогузорӣ кардани масъала ва ба завқи дили мухолифин амал кардан сиёсати шаффофи давлати Амрикоро дар ҷомеаи мо зери суол мебарад.  

   Умуман изҳороти бепояи Вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷониби ҷомеаи мадании мо қабул нест ва месазад, ки дар раванди таҳаввулоти дохилию хориҷӣ ва муборизаҳои идеологии давлатҳои манфиатдор мо дар пояи арзишҳои фарҳангию давлатии худ амал кунем. Зеро бунёди ҷомеаи мардумсолору пешрафта ва дар доираи арзишҳои фарҳангӣ созмонёфта ба дасти худи мардуми Тоҷикистон аст. Давлатҳои ба ном дўст танҳо дар пушти хостагардонии манфиатҳои сиёсию иқтисодии худ амал мекунанд, ки мо ҳамагон бояд аз рўи ҷаҳонбинии васеи сиёсӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои умумимиллӣ аз кишвари маҳбуби худ дифо кунем.

 

Т.Назарзода-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин