Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД МЕБОШАД.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан зери роҳбарии оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи Ватан ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат, яонагии марзу бум тамоми чораҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шуд.

Имрӯзҳо бо шарофати сулҳу суббот ва ваҳдату ягонагӣ кишвари азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, иқтисодиёти он бо тадриҷ рушд намуда истодааст. Дар як муддати таърихӣ дар кишвар садҳо бинову иншоотҳои гуногуни иҷтимоиву маданӣ, роҳву пулҳо ва неругоҳҳои хурду бузург сохта шудаву дар хизмати мардум қарор дода шуданд.

Маҳз зери сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии азизамон дар арсаи ҷаҳон нуфузи бештару бештар паёдо намуд ва зиёда аз сад давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Имрӯз мо сокинони кишвар бахусу ҷавонони он, ки ояндасози кишвар мебошем аз инкишофу таррақиёти босуръати кишварамон фахр мекунем ва сиёсати роҳбарияти олии мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ менамоем.

Таърих борҳо исбот намудааст, ки миллати тоҷик аз азал халқи меҳнатдӯсту меҳмонавоз буданд ва ба касе бо чашми бад нанигаристаанд.

Ҳодисаҳое, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқуъ омаданду душманони ҳарду миллат аз он шод гаштанд, маҳз бо дастури оқилонаи ҳарду роҳбари олии кишварҳо бо таври маслиҳат ҳали худро ёфтанд. Аммо аз ин ҳодисаи сарҳад бадхоҳони миллат ба ваҷҳ омада, мардумро бо гапҳои пучу беманӣ ва подарҳаво худро чун «дӯстдори ватан» муаррифи намуда, сухан аз ватану ватандорӣ мезананд. Махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки минбари сухани онҳо шудааст бо танқиди давлат машғул будаву худро «содиқи ватан» меҳисобанд. Рости дили кас ба ҳоли чунин «ватандӯстон» месузад. Махсусан ба он ҷавононе, ки дар роҳи ҳаёт бо дуруғу дасисаҳои хоинони миллат бовар кардаву худро дар мулки бегона бечораву хор намудаанд.

Зикр бояд намуд, ки он ҳодисаҳое, ки аз тарафи сокинони кишвари ҳамсоя Қирғизистон нисбати мардуми кишвари мо махсусан сокинони Ҷамоати деҳоти Ворӯх ба миён меоянд, кори дасти ҳамонҳое ҳаст, ки тинҷиву ободии ҳарду кишварро дидан намехоҳанд. Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки муносибатҳои сокинони ҳарду кишвар махсусан сокинони сарҳадӣ дар ҳолати хуб қарор дошта, муносибати дӯстона доранд.

Аммо таасуф аз он мехӯрем, ки шахсе, ки худ ҳеҷ касс нест ва ҳеҷ манфиати барои миллат наовардааст, ҷуз хоиниву миллатфурӯшӣ махсусан Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш имрӯзҳо дар ачоқи хоҷагони худ аз дур истодаву сухан аз ватану ватандорӣ мезананд. Ҳол он, ки сухани эшон барои мардуми Тоҷикистон чун як паша қадр надорад. Зеро мардум чунин суханҳоро солҳои аввали истиқлолият шунида буданд ва мазаашро чашиданд.

Мо насли ҷавони Ватан имрӯз аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишварамон розӣ ҳастем ва он ҳама ҳадфу мақсадҳои созандаи онро ҳамеша ҷонибдорӣ менамоем ва дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми босазои худро мегузорем ва бод или пуру рӯи сурх мегӯем «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд».

 

 

 

Фаридун Раҳмониён                           ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин