Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Терроризм ва ифротгароӣ

 

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризим ва ифротгароӣ мебошад, Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он аз паи нест кардани давлат, миллат ва фарҳанг мебошад, Қурбонии асосии терроризм ҷавонон мебошанд, Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пеш аз ҳама барои сулҳу оромиши давлати хеш кӯшиш намоянд. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳои номатлубе, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади бартараф намудани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё ҳар гуна зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задании шаъну шарафи инсонияту миллатҳо мебошад. Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳн кардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқандозӣ миёни афроди миллат аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ- маънавӣ (ахлоқиву динӣ)-ро       коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдидро дар омма паҳн намуда,ба омилҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

           Сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб ин аз сатҳи пасти зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон маншаъ мегирад.  Дар чунин вазъият масъулияти таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо ин таъмини осоиштагии ҷомеа аз чунин паёмадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷарроҷӯ эмин нигоҳ доштан аст. Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, махсусан наслҳои ҷавон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Аз ин хотир мо ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво, масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон пайваста талош намоем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ дар корҳои созандагию ободкорӣ таҳким бахшем. Баҳри поянда мондани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Чунки ин қарзи шаҳрвандии ҳар соҳибдилу соҳибватан мебошад.

Хулоса ман ҳамҷун як донишҷӯи зодаи даврони истиқлолият мехоҳам ба воситаи ин навиштаи худ, агар чи кам ҳам бошад, ҳиссиёти самимии худро баҳри ҳамватанонам иброз дорам. Ҳамсолони азизам, ҷавонони далери миллату Ватанам, биёед аз ин «Вабои аср» то тавонем дурӣ ҷӯем, то номи миллати шарафманди худро доғдор насозем.

Хоҷаева Дилафрӯз, донишҷӯи соли сеюми  ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин