Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сарҳади давлатӣ марзи ору номуси тоҷикист!

 

   Баъди пош хурдани давлати Шӯравӣ кишварҳои пасошӯравӣ дар заминаи фарҳангу ҳуввияти миллӣ аз пайи бунёди ҷомеаи мардумсолори худ шуданд ва хушбахтона баъди ноамнию ҷанги таҳмилии дохилӣ кишвари мо низ бо назардошти афкори пешқадами ҷомеа ва дар заминаи арзишҳои умумимиллӣ барои сохтмон ва муаррифии миллат ва давлат бо номи Тоҷикистон дар ин масир гоҳмои устувор гузошт. Новобаста аз он ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоти ба ҳам омадани ҳамватанон дар заминаи якдигарбадбинию хушунату манфиатҳои гурӯҳию минтақавӣ бо супориши хоҷагону дар нохунак дӯстони халқи тоҷик ҷой дошт, вале таҳаммулпазирию якдигарбахшии миллат зери роҳбарии муддаии сулҳи тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қишрҳо ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва яроқнокро дар доираи афкори миллии давлатсозии навин ба ҳам овард. Дар ин раванд қисмати зиёди гурӯҳҳои мухолиф ба ҳаёти осоишта баргашта дар атрофи сиёсати давлатсозии навини тоҷикон сарҷамъ шуданд, вале мутаассифона буданд афроде, ки аз рӯзҳои аввал дар сояи сулҳи умумимиллӣ даст ба корҳои зиддидавлатию зиддимиллӣ заданд ва ҳар яки мо доир ба аъмоли хиёнаткоронаи онҳо чун оина рушан медонем ва зарурати дубора ёдовар шудани онро ихтисор месозем.

 Ба ҳар сурат, Тоҷикистон барои тақвияти соҳибистиқлолӣ ва арзи ҳастӣ намудан ҳамчун миллат муддати солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Пешвои миллат роҳи хеле сангину ноҳамворро тай намуд ва имрӯз бо шарофати сиёсати дурусту воқеъбинона тамоми ҷомеаи ҷаҳон кишвари моро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд дар заминаи арзишҳои умумимиллию умумифарҳангӣ мешиносад. Агар дар гузашта доираҳои манфиатҷӯи хориҷӣ ба ҳар васила мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд, айни ҳол эҳсос мешавад, ки шинохти миллат ва давлати миллии Тоҷикистон ҳама ин ҳангомаю бадбинии дар нохунак дӯстони моро дар арсаи ҷаҳонӣ ботил сохт. Мисоли рушани ин гуфтаҳо ба даври сифатан нав баромадани ҳамкориҳои мутақобилаи байнидавлатии Тоҷикистон Узбекистон аст, ки мардуми ду тарафи сарҳад аз иқдоми сарони кишварҳои дӯсту бародар ба хушнудӣ ёдоварӣ мекунанд. Имрӯз монеаҳои сунъии дар гузашта ба меросгузошта бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи сарони ду давлати дӯст қариб, ки аз байн рафтанд ва ин рӯйдод барои ҳамгироӣ ва пешрафти ду давлате, ки бо ҳам робитаи фарҳангию миллӣ доранд, хеле нақши муҳим дорад.

   Дар баробари ин, то ҳол мушкилоти сарҳадӣ миёни ҳамсоякишвари дигари мо- Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мондааст ва бо сабаби номуайянии хати марз дар қитъаҳои баҳсӣ гоҳо бемавриду бамаврид низоъҳои сарҳадӣ дар ин масир ба мушоҳида расида, боиси нороҳатии сокинони маҳалҳои наздисарҳадӣ мегардад. Ҳарчанд барои муайян сохтани хати марзи давлатӣ комиссияи байнидавлатӣ фаъолияти доимӣ дорад, вале эҳсос мешавад, ки доираҳои манфиатҷӯи давлати ҳамсоя бо нақзи мувофиқаи қаблан қабулгардидаи комиссияи байнидавлатӣ хати марзро ноором месозанд. Ва, бадбахтона дар ин масир барои қонеъ намудани талаботи ғосибонаи худ ҳатто сарҳадбононро ҷалб месозанд. Новобаста аз он ки тибқи мувофиқаи қаблан бадастомада, ки истифодаи силоҳ ва нерӯҳои мусаллаҳ дар баҳсҳои марзиро инкор мекард, вале ҷониби Қирғизистон, бахусус нерӯҳои мусаллаҳи марзии ин кишвар зери ғоясозии гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз истифодаи силоҳ худдорӣ накард. Ҳама медонем, ки чун яроқ ба кор рафт, ақлу эътимод ба ҳамдигар аз байн меравад. Ва, воқеан истифодаи яроқ боиси муноқиша ва аз байн рафтани инсоният мегардад, мисоле, ки санаи 16 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров задухурди мусаллаҳонаи нерӯҳои марзии ҳар ду кишвар ба амал омад ва дар пайи он сокинону сарҳадбонони ду тарафи марз захмию ба ҳалокат расиданд.

   Барои пешгирии ҳама гуна хушунату нофаҳмӣ мебояд, ки ба фаъолияти комиссияи байнидавлатӣ такя ва дӯстию ҳамҷавориро маҳаки асосии расидан ба мақсад донист. Гарчанде мардуми мо ба фаъолияти комиссияи байнидавлатӣ ва хати марзи давлатӣ дар асоси санадҳои боэътимоди аз даврони собиқ Шӯравӣ бамеросмонда такя ва фаъолият мекунад, вале назари гурӯҳҳои манфиатҷӯи қирғиз дар ин самт яксон нест. Чунин тарзи муносибат бешак, ки дар ҷомеа нобоварию нофаҳмӣ ва дар охир истифодаи силоҳро ба миён меорад. Ва, бадбахтона доираҳои васоити ахбори Қирғизистон низ дар навбати худ вазъро дар минтақаҳои сарҳадӣ бо ангезаҳои сиёсӣ ва дасисаю иғво мунташир месозанд, ки албатта ба нафъи мардуми ду кишвар нахоҳад буд.

   Бинобар ин месазад, ки сарҳади давлатиро марзи ору номуси тоҷикӣ номид ва дар муқобили ин ҳама сару садоҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯи қирғиз аз сари нангу номуси тоҷикӣ кор гирифт. Зеро миллати тоҷикро дар тамоми дунё бо Тоҷикистон мешиносанд ва ҳифозати марзи давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як инсони бо нангу ор хоҳад буд!  

 

                                                             Т.Назарзода-сокини ноҳияи Ш.Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин