Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

 

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухбири рӯзномаи « Насими Терай» Ҷ. Назрӣ ба раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   Муминзода Зоҳир   Тоҳирӣ ҳамсуҳбат шуда, дар бораи заминаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабабҳои тағйироту иловаҳо ворид намудан ба Конститутсияро мавриди   суҳбат қарор доданд. Фишурдаи суҳбат.

                

       Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони азиз дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти комил ба даст овард. Кунун нав оғоз шуда буд, эъмори ҷомеаи навини тоҷикон, ки боди шум ба вазиш даромад. Осмони софи кишварро абри сиёҳ печонда гирифт. Нохалафону курсихоҳон ва сиёҳдилон, бахусус наҳзатиён, аз ҳар кунҷи хилват, ки то ҳол пайт меҷӯстанд, сар бароварданд. Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашиданд. Дар бораи нав соҳибдавлат шуданамон ёдовар шудан шоиста аст, ки тоҷикон тӯли беш аз ҳазор сол   дар ҳолати бедавлатӣ қарор доштанд. Баъди Инқилоби Октябр давлатдории навини тоҷикон, агарчи шурӯъ шуда бошад ҳам, мо дар зери давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштем. Конститутсияи қабулкардаи ин давраи мо ҳамон конститутсияи Шӯравӣ буд. Хусусияти миллӣ надошт сохтори давлатдориамон   ва конститусияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон нусхаи конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Марҳилаи нави давлатдорӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ, алалхусус эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки солҳои навадуми асри пор дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омад.

Ин дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ зарурати интихоби тозаи давлатдорӣ, низоми давлатдорӣ ва танзими нави муносибатҳои ҷамъиятиро тақозо менамуд. Ин дигаргуниҳо зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҷомеаи тоҷиконро талаб менамуданд. Зарурати қабули қонунҳои наву комил ба миён омад. Маълум аст, ки бе қабули Конститутсия нави Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳалли ин масъалаҳо дар бахши ҳуқуқӣ имконнопазир аст.

     Қонун дар ҳама давру   замон зарур ва ҳатмист. Зеро дар ягон давру замон ҷомеа бе қонунгузории мукаммал вуҷуд дошта наметавонад. Бармалост, ки қонун низому тартиботро дар кишвар пойдор менамояд. Он ҷое, ки қонун авлавият   дорад, он ҷо низому тартиб аст ва зиндагӣ дар он ҷо бобарор мегардад:

Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор,

Зиндагию кор мегирад барор.

Як ба таърихи башарият, агар рӯ биёрем, бисёр хубу амиқ дарк менамоем, ки қонун барои башарият заруру арзанда будааст. Пешравӣ, расидан ба мақсади олии давлатдорӣ ҳамон замон ба даст меояд, ки ба қонун арҷ бигузорем. Қонунро қадр бинамоем. Агар нисбати қонун эҳтиром бигузорем, риояи онро ба ҷо биоварем, ҳеҷ гоҳ бадбахтӣ рух намедиҳад. Барои исботи ин гуфтаҳо ҳаводиси солҳои навадуми асри порро чу фитаи кино як пеши рӯ овардан кофист. Миллату давлати тоҷик ба буҳрони фоҷиаи миллӣ гирифтор гардид. Талаботи қонун поймол гашт. Пояҳои давлатдорӣ заиф шуд. Талаботи қонун мутлақ монд. Дар ин ҳолат умеду орзу ва мароми мардум ба оромию субот аз байн рафт. Ҷойи холигӣ дар ҷомеаи тозаистиқлол ба вуҷуд омад. Беҳурматӣ нисбати қонун ҳам хисороти ҷонӣ ва ҳам хисороти молӣ ба бор овард. Ҳаводиси солҳои навадум бароямон сабақи талхи таърихӣ гардид.

   Аҳли фаҳму зиёиёни ватандӯсту миллатхоҳ роҳбарияти вақт барои қабули конститутсияи нав пайки мусоиду ором меҷустанд, агар он вақт, дар назди давлатдорӣ ва миллат иштибоҳи нобахшиданӣ мекарданд. Барои қабули нави конститутсияи ҷумҳурии миллӣ даст рӯи кор гирифтанд. Бо фармони Президенти вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев гурӯҳи корӣ дар бораи таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ (он замон Қонуни асосӣ мегуфтанд) таъсис ёфт. Лоиҳа бароии муҳокимаи шаҳрвандон дар матбуот нашр шуд. Аммо вазъи баамаломада ислоҳоти конститутсионро ба   таъхир партофт.

   Сессияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав аз сари нав гирифта шавад. Таҳти сарварии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили Комиссия доир ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Лоиҳаи нав таҳия ва ба муҳокимаи шаҳрвандон дар матбуоти даврӣ нашр гардид. Мардум дар муҳокимаи лоиҳа фаъолона иштирок доштанд. 6   ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ   қабул гардид. Халқи Тоҷикистон бахту саодати баланд насиб гашт, ки баъди ҳазорсолаҳо соҳиби Конститутсияи ҳама тарафа мукаммал гардад.     Коршиносони СММ ва   Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон баҳои баландро сазовор донистанд. Имрӯз Конститутсияи мо дар қатори даҳ конститутсияи ҷаҳонӣ мавқеъ гирифтааст..

   Бо шарофати қабули Конститутсияи кишвар қонун боз мавқеъ ёфт, ба қонун арҷ гузошта шуд. Вожаи ҳуқуқбунёд маънии ба Конститутсия тобеъ будани фаъолияти ҳама гуна мақомоти давлатиро ифода менамояд. Ба қонунвайронкунӣ, бахусус бедодгариҳою мардумозориҳои шахсони яроқбадаст нуқтаи томмот гузошта шуд. Агар ба тариқи жарф ба ҳаводиси он солҳо назар андозем, маълум мегардад, ки таъмини волояти қонун осонакак ба даст наомада будааст. Бо қимати ҷони абармардони зиёд қабули Конститусия бароямон муяссар гардидааст. Аз ин мебарояд, ки эҳтиром надоштан ба қонун маънои душманӣ ва адоват доштан ба мардум ва кишвари худ будааст.   Заминаи ҳуқуқиро барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошт дар кишвар Кониститутсия.  

   Дар раванди фаъолият ва дигаргуншавии ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, ҷаҳонӣ ва дохилӣ омилҳое пайдо мешаванд, ки барои тағйирот ба Конистутсия замина мегузоранд. Бо дарназардоршти дигаргуниҳои куллии ҷомеа, инкишоф ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати такмили сохторҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, мувофиқ гардондани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба   бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйирот ворид карда шуд.

     Ба тариқи мухтасар ёдовар мешавем, ки дар асоси тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 дар кишвар парлумони касбии доимамалкунанда таъсис ёфта, муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафт сол ва муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол раснида шуд. Дар тағйироти 22 июни соли 2003 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон карда шуданд. Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид. Ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шудаанд. Тарғиби   бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд. Синни 25- солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон ва синни 35- солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои узви Маҷлиси миллӣ муқаррар гардонида шуд. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузарнидани ҷаласахои якҷоя ва дар алоҳидагӣ танзим шудаанд. Дар тагйироту иловаҳои 22 майи соли 2016 вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва синнаш аз 30- сола кам набуда, дорои маълумоти олӣ бошад. Ҳамчунин узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъйин   мешавад, ки синнаш аз сисола кам набуда, доро таҳсилоти олист. Тибқи нишондоди Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ менамояд.

Дар гирди вожаи дунявӣ гуфтугузорҳои зиёд аз рӯзи аввали пешниҳоди лоиҳаи Конститутсия вуҷуд дорад. Точикистон давлати дунявӣ эълон гардидааст тибки Конститутсия. Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он ҳеч як дину мазҳаб афзалиятнок ҳисобида намешавад. Ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта намешавад. Дин дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ таъсиргузор нест. Вай унсури давлатсозӣ дар сохти сиёсию демократии кишвар пазируфта нашудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар касе, ки ҳар дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккурро пазируфта аст, озод аст.

     Бисту ҳашт сол боз давлати Чумҳурии Тоҷикистон дар роҳи дунявӣ қадам мезанад. Барои пайравони ҳама андеша, мазҳаб, ақидаву мафкура барои ибодат, истироҳат, шуғлу таҳсил шароит фароҳам аст.

     Ҳар як фард бояд талаботи Конститутсияро арҷ бигузорад. Дар доираи он амал намояд. Эҳтиром ба Конститусия ва қонунҳои кишвар ин эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва садоқат ба Ватани азиз аст.

     Дар интиҳо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҳамватанонро ба ин Рӯзи муборак -Рӯзи қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин