Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Андеша.

 

Чанд муддат аст, ки шабакаи хабарии «Ислоҳ ТВ» бо суҳбатнигории Муҳаммадиқболи Садриддин ва пахши барномаи ба ном «гуфтугӯи бепарда» афкори ифротию муғризонаи роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабириро бо саволҳои аз қабл омодакардашуда ба намоиш мегузорад. Суҳбати «бепарда» асосан доир ба атрофи масъалаҳои сиёсии мақбул ба табъи дили онҳо матраҳ гардида, бо сафедро сиёҳ гуфтану сиёҳро сафед нишон додан ин гурӯҳи иртиҷоию роҳгумзада мехоҳанд, ки дар ҷомеаи мо тухми нифоқ коранд.

   Онҳо гоҳе аз худ қаҳрамон тарошидаю гоҳе худро дар масъалаҳои сиёсию ҳуқуқӣ мазлуму ҳақир ва таҳқирёфта муаррифӣ сохта, таҷрибаи аҳзоби курдтабори Туркияро ба тақдиру насиби ҳизби ифротиашон яксон медонанд. Вале, ин ҷо як нуқтаро ба назар намегиранд, ки халқи курд барои истиқлолияти миллиашон мубориза мебурданду мебаранд, аммо ҳизби наҳзати ислом ба кадом истиқлолият қоим буду ҳаст, муаммоест сарбаста. Воқеият ин аст, ки ин ҳизби террористӣ бо вуҷуди бахшида шуданашу ба арсаи сиёсат баргаштанаш дар кишвар даст ба хиёнат зад. Хиёнате, ки бахшиданаш дигар имкон надорад.

   Ё дар масъалаи равобити Муҳиддин Кабирӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи сард шудани ҳамкории байнидавлатӣ бо сабаби қабули «гарм»-и ӯ метавон хулоса кард, ки Кабирӣ аз сарони давлатҳои Эрону Туркия бо сабаби аз ин давлатҳо ба Аврупо «ронда» шуданаш сахт ранҷидааст. Ҳамзамон мавқеъгирии ӯ дар масъалаи сард намудани ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ бо сабаби паноҳанда шуданаш дар Аврупо низ ѓаши хонандаро меорад. Муносибати садорати воломақоми Ҷумҳурии исломии Эрон бо «ҷаноб»-и Кабирӣ дар муқоиса бо давлатҳои аврупоӣ билкул фарқ мекарду мекунад. То ҳол ба ҷузъ паноҳандагӣ ҳолате нашудааст, ки Кабирӣ дар Аврупо бо сарони давлатҳо дар мулоқот бошад ва ин ҳуқуқро ӯ низ шояд надошта бошад.

   Аз суҳбати ихтисосии ӯ бинанда ва шунавандаи закӣ ба зудӣ пай мебарад, ки бо сабаби «ронда» шуданаш аз кишварҳои болозикр бо далели маълум хеле озурдахотир ҳаст ва домони пур аз ҷурму гуноҳашро мехоҳад дар домони тарафи саввум поксозӣ кунад.

   Ҷойи дигар аз пайвастани неруҳои ҳарбии собиқ мухолифин ба ҳайати ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сароҳат ёдоварӣ карда, барои пиёда сохтани амалҳои нопокашон аз истифодаи неруӣ низомӣ низ худдорӣ намекунад. Ва сухани ӯ дар мавриди «агар лозим шуд мо барои ба даст гирифтани яроқ мардумро даъват мекунем» баёнгари он аст, ки ин асолатбохтаҳо аз рехтани хуни ҳамватанони худ ҳанӯз сер нашудаву ҳавасмандии худро дар ин масъала то ба ҳол ироа медоранд.

   Тайи чанд вақт аст, ки дар бозиҳои сиёсии Кабирӣ бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» ҳазф шудаю ҷойи онро ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом гирифтааст. Ва ба ҷаласаю конфросҳои «сатҳи баланд» даъват шудани Кабирӣ ба ҳайси «раиси ҳизби наҳзати исломӣ» бозгӯи лухтаки сиёсӣ будани «паймон»-и болозикр аст.

   Метавон хулоса кард, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо роҳандозӣ намудани барномаҳои ба ном «сиёсӣ»-ю дар асл тафриқаандоз дар ҳоли ҳозир барномаеро рӯи кор оварданист, ки мехоҳад дар интихоботи соли оянда дар фазои сиёсии Тоҷикистон «таъсиргузор» бошад.

   Бинобар ин, месазад ҳар як шахси ватандӯсту оқил дар масъалаи кушодани сирри фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ҳарчӣ бештар ба масъалаи тарѓиботи ѓояҳои созандаю бунёдкори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти давлатию ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус дошта бошад. Зеро ин гурӯҳи иртиҷоӣ ҳеҷ гоҳ аз пешрафт ва рушди давлату миллати мо хушбин набуду нест! Дунболи ҳавою ҳавас будан табиати ин қишри асолатбохтаю риёкор буду мемонад ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопокашон намерасанд!  

  

                                                               Ғафорзода Санам-узви гурӯҳи вакилӣ

                                                                 дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин