Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст

 

Солҳои навадуми асри пор. Дар тамоми қаламрави давлати абадқудрати Шӯравӣ эътирозу ҳамоишҳо ба вуқӯъ омад. Пеш аз ҳодисот дар замони Шӯравӣ дарк мекардем, ки ҳама халқу миллатҳо бо ҳаманду ҳеҷ гуна нобасомонихо рух намедиҳад. Аз зери парчами Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ як ҷумҳурӣ дур шуданӣ нест. Ҳама яктан мехоҳанд зери ин парчами давлат тавоно ба сар баранд. Аммо бехабар аз он ки дар қалбу замири ҳар як халқияту миллатҳои алоҳида ҳисси миллӣ, ифтихори давлатдории миллӣ ҷӯш мезадааст. Бо фарорасии камтарин имконият ҷумҳуриҳои соҳили Балтика худро соҳибистиқлол эълон намуданд. Тоҷикистони азизи мо низ аз ин ганҷи шайгон ё бодовард истифода намуда, истиқлолияти худро эълон намуд. Мардум (бо истиснои мансабдорони давр ва баъзе аз думравонашон) бо умеду орзуҳои зиёд ин истиқлолиятро хуш пазируфтанд. Ифтихор аз он мекарданд, ки орзую ормонҳои ҳазорсолаи гузаштагонамон: Спитамон, Абумуслим, Ҳаким Муқаннаъ, Темурмалик, Шерак, Озарӯя, Марзбон, Сиси Бодғӣсӣ ва дигарон, ки қисмашон ба арабҳои ғосиб таслим нашуда, худро оташ задаанд, имрӯз ҷомаи амал мепӯшад. Рӯҳи он абармардони ватанпарасту ватанхоҳро шоду масрур мегардонем. Ҳасрати охиринашон , ки «воҳ мебарам ин орзу ба хок»-ро меросбаронашон амалӣ мекунанд. Рӯҳашон ором мегираду ҳасрати «дастам берун аз хок» ба амалия табдил меёбад. Аҳли зиёиёну ватанхоҳон дасту остин бар зада, ба эъмори давлати тоҷикон   оғозиданд.     Таърих исбот менамояд, ки тоҷикон дар замонҳо мозӣ сохтори давлатдории муттамарказ, сипоҳи муқтадир ва маърифати олии давлатдорӣ доштанд. Метавонистанд малакаташонро орому осуда идора намоянд. Аз ҳамин лиҳоз омӯхтани таъриху бунёди давлатдории навин   мушкилиеро пеш намеовард. Бехабар аз он ки душмани камингирифта пайт меҷӯстаасту баҳри вайрон намудани бунлоди давлатдории навини тоҷикион лаҳзаҳоту имконоти лозимиро меандешидааст. Бо дастгирии ҳамин гуна дилсиёҳиёну аждаҳорсифатон, курсихоҳон ва асолатбохтагон Осмони поку мусаффои Тоҷикистонро абри сиёҳи хоколуду гардолуд печонд. Мансабпарастону хаёлпардозони курсиҳои чархзанда бо ҳидояту пуштибонии хоҷагони берунаю дохилиашон шабу рӯз дар дар хаёли курсию қасри гирдгардони Куруши Кабир буданд.   Пайт меҷӯстанду чун рӯбоҳи маккор думро дар лой мешӯронданд. Чун лаҳза фаро расид дарвозаҳои шаҳри Душанберо чун Мансури Ялавоҷ, ки пешопеши лашкари муғул омадаву тарғибу ташвиқ менамуд, ки онон бо хости Худованди ягона ба ин сарзамин лашкар кашидаанд, боз намудаанд. Ҳомиён дину давлатдорӣ замон хунхорони манҳуси саҳронишинро хайрамақдам гуфтанд. Дастҳо пеши бар дарвозаҳои шаҳрҳои бостонии тоҷикон- Бухоро ва Самарқандро боз намуданд. Шаҳри Бухоро, ки он замон манбаи илму дониш ва маркази давлатдории тоҷикон   буд

Ин Бухоро манбаи дониш бувад,

Пас Бухороист   ҳар к-онаш бувад.

пешкаши аҷнабиёни саҳрогарду бе илму дониш намуданд. Саҳронишинони аз китобу маърифат дур китобхонаҳоро оташ зада, китобҳоро ҳамчу хасу пахол хӯроки аспон намуданд. Наҳзатиёни асри бист бошанд дарҳои имрӯзаи маркази илму дониш ва фарҳанги тоҷикон- шаҳри Душанберо бо ҳамон таоммули гузаштогони хеш, ки муғулонро бо таваллуъ пешвоз гирифта буданд, зархаридону бегонапарастонро ҳамин тавр хайри мақдам гуфтанд. Бо илҳоҳу зорӣ пеши душманони миллаткуш зону зада, олимону донишмандонро ба қатл расонданд. Кишварро ба оташи ҷанги таҳмилӣ кашиданд. Ҷайбпуркунӣ ва орзуҳои хаёлӣ он қадар пеши чашмонашонро гирифта буд ва фаромӯш сохтаанд, ки «К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст». Ҷавонони хунгармро ба майдонҳо даъват намуда, дар маҳаллоти гуногун байни   ҳам тухми нифоқро кориданд. Кор ба ҳадде расид, ки онҳо сӯи ҳамдигар аз камонҳо тир шиллак намудаву хуни якдигарро рехтанд. Майдону хиёбонҳои гулпӯши шаҳри гулобод-Душанбе аз хуни тоҷик гулгун гашту чаманистонҳои гулрез ба хористонҳо табдил ёфтанд. Дарахтони ҳамешасабзи шаҳри дилоро шикастаю хушк шуданд аз шарофати шуми курсихоҳони миллату ватанфурӯш. Шаҳр ваҳшатзадаро мемонд. Аз шаҳру деҳе, ки садои беғаши кӯдакона, хандаи муҳаббату самимият танинандозу фазои орому рӯҳафзо ва дастархони пурнозу неъмат пешкаши мардум буд, ғаши тифл, ҳисси нафрату надомат, бадбиниву душманковӣ авҷ гирифт.   Дар ин айём дастархони тоҷик холиву кӯдаку пири барҷомондаро ба муҳтоҷи бурдаи нон табдил доданд. Аз танӯр ба ҷои бӯйи нони гарм: Аз мӯрии ҳар хона дуди ғами ҷонкоҳ аст (Лоиқ)     берун меомад. Тоҷикистонро кашиданд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хосту орзуи чандинсолаи дар синапарваридаашон буд. Хостанд Тоҷикистонро зери султаи бегонагон бубинанд. Ва бо кайфу шодмонӣ ҳукуматдорӣ намоянд.

     Чашми пешвоёни бегонапарастон хун гирифта буд, ин ҳолати нафратангезро намедиданд ва дидан ҳам намехостанд. Чунки дастархони ононро хоҷагонашон аз нуқлу меваҷот пайваста таъмин мекарданд. Аз хонадонашон хандаи осмонкаф меомаду аз хонаи модари тоҷик мотаму гиря ба фалак дакка мехӯрд. Ёд дорам, вақте ки барои гурезагони водии Вахш ба ноҳияи Данғара аз ноҳияи Шӯрообод панҷ мошин нон бурдем, вазъи гурезагонро ба чашм дидам. Сару пойи бараҳна, ваҳму таҳлука,тифли гирён дар домони модар, падар ҳамаи дороияшро дода фарзанди ноболиғ дар пушт ва ба болои ин чи гуна ранҷ бурда, ба ноҳияи Данғара расидаанд.   Худо он лаҳзаро бори дигар нишон надиҳад. Ҳукуматдорони вақт вазъи баамаломадаро контрол-назорат карда натавонистаанд. Ҳукумат фалаҷ гашта буд. Бойгарӣ ба яғмо рафт. Ҳазорон қурбон гашт, ҳазорон хонаву дар ба коми оташ кашида шуд. Мардум ҳаросон худро ба кишварҳои ҳамсоя кашиданд, ки теъдодаш ҳамчун муҳоҷири иҷборӣ ба миллион мерасид. Тамомияти арзии Тоҷикистон зери хатар монда буд.Ҷумҳурии исломии Ғарм эълон гардид. Ташкили Ҷумҳурии Бадахшон гирди забонҳо мегашт. Ҳамлаҳои мусаллаҳона ба вилояти Суғд авҷ гирифт. Вазъи ба омал омада, аз дигар сӯ барои аҳли миллатдӯсту ватанпарасти асил мактаби таҷриба гардид. Ин миллати шарифу худодод ва соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг барои пойдории сохтори конститутсоинӣ ва наҷоти миллат ба ҳам омад. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ авлавиятро касб кард.

Дар шаҳри бостонии Хуҷанд ( 16- уми ноябри соли 1992) ҷавони ғаюру худогоҳ ва миллатдӯсту миллатхоҳ дар сукони киштии давлатдории навини тоҷикон нишаст. Баҳр пурталотум буду сафина хеле афгор. Аммо нохудои киштӣ, ки маллоҳи баҳрдидаю сиёсатдида буд, сафинаро хеле устодона ва устокорона ба соҳили мурод бурда расонд. Сарвари тозаинтихоб-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки марди худододу ҷасур ва тинаташ аз шарафу номуси миллӣ саришташуда буд, зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Тамоми мардуми кишвар дар гирди роҳбари ҷавону миллатдӯст гирд омаданд. Ва барои ҳимояи давлати конститутсионӣ ба по хестанд. Роҳбари давлат ва дигар фарзандони миллатдӯсту соҳибмаърифат ва сулҳхоҳ барои хомӯш кардани низои дохилӣ ҳадафҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ба рағми курситалабону бегонапарастон ва дастнишондагони хориҷиён боло гузоштанд. Ва пайваста баҳри ба ҳам омадан бо мухолифин сари миз нишастанд. Талошҳо, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва кушишҳои чандсола бор оварданд ва баъди 1171 рӯзи муқовимат 27.06.1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба имсзо расид. Ин созишнома тоҷикон ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ ва ҳалокат наҷот дод. Баъди ба имзо расидан Созишнома Тоҷикистонро сулҳу оромӣ фаро гирифт ва мардим таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди баруманди хеш-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даст задаанд. Дар муддати 22 сол (22 сол дар назди таърих чизе нест) шаҳру деҳ обод гаштанд. Қомати Тоҷикистон барафрошта шуд дар маърази дунё. Хиёбонҳо гулпӯш, ҳазорҳо км роҳҳо навсозӣ ва қирпӯш гаштаанд. Дар синаи шаху шахсанг роҳу шоҳроҳо кушода шуданд. Садҳо км пулҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Кишвар аз як кишвари аграрӣ ба кишвари аграрӣ- саноатӣ табдил ёфта истодааст. Ҳазорҳо ҷойи кор муҳайё гардид. Зиндагии мардум аз замони Шӯравӣ дида даҳҳо маротиба хубтару беҳтар гардидааст. Фаровонӣ лаб зад дар рӯзгори мардум. Барои муқоисаи ин шабу рӯз ба солҳои 1994 таассуротеро пешкаши шумо, хонандагон, мегардонам. Соли 1994 вазъ нисбатан ором буд. Тибқи супориши роҳбарияти ҷумҳурӣ мо як гурӯҳ кормандон бо роҳбарии раиси   ноҳия (Шамсов Амирхон раиси вақти ноҳия буданд) ба ноҳияи Вахш барои ошноӣ пайдо намудан ба вазъи хоҷагии халқи ноҳия рафтем. Моро роҳбарияти ноҳияи Вахш ҷойҳои ҷангзадаро нишон доданд. Хонаҳо сӯхта хокистар шуда, дарахтони шикастаю сар ба зер чун мардуми офатзада, деҳот як ҳолати ваҳшатзадаю матрукро мемонд. Заминҳоро алафи бегон зер намудааст. Дар саҳро чанд зане ҷунбуҷӯл доштанд. Ҳама ғарибу ваҳшатзада. Худоро шукр, ки дар солои ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб чунин ҳолати ногувору носозгон набуд, агарчи гуруснагии шадид ҳукумфармо буд. Дидед,- гуфт роҳбари хоҷагӣ   Сулаймонов (узр, ки номаш аз хотирам рафтааст) чӣ фоҷиа овард ба сарамон ҷанги таҳмилӣ. Худо хоҳад,- идома медиҳад мавсуф,- кишвар Роҳбари худро ёфт. Тинҷӣ мешавад. Баъди дастрасӣ ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ боз биёед ва маҳаллоти моро бубинед.   Мо хеле маъюсу ноумеду ошуфта баргаштем. Соли 2007 рафтему дидем. Нашинохтем он маҳаллотро. Таҳти Роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободкорию созандагӣ чун дигар минтақаҳои кишвар ба сатҳи сазовортарин расида. Шаҳраки зебою мардуми шоду серу пур ва пӯшидаю печида, аз зиндагӣ мамнун бо лабони пуртабассум ин дафъа моро хайри мақдам гуфтаанд…

Баъди расидан ба Ваҳдат «Мардуми кишвари моро аз порашавӣ, миллатро аз беватанию бедавлатӣ, аз беномунишонию бандагӣ раҳонид. (Абдунабӣ Сатторзода). Тоҷикистон ба амнтарин кишвари ҷаҳонӣ табдил ёфту пойтахташ шаҳри Душанбе шаҳри сулҳ номгузорӣ гардид. Инро ба чашми ақл мебояд дид. Ва ҳар як фарди тоҷикистонӣ вазифадор ва ҳам дар навбати худ масъул аст, ки ваҳдати бадастомадаро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Фирефтаи дурӯғини ватанфурӯшону бегонапарастон ва хоинони миллату Ватан нагардад. Дарк намоянд, ки ҳаёти орому осоишта ва расидан ба мақсадҳои неки ниҳоӣ аз ваҳдат сарманшаъ мегирад. Ба қавли Муҳаммад Иқбол :

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.

     Ин навишторро рӯйи авроқ   овардаму хостам нуқтаи томмот гузорам. Дар ҳамин айём (14-15- июн) Саммити давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ (МҲТБО) дар Осиё дар дили кишвар- шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон   баргузор гардид. Ва ман онро мустақиман ба воситаи оинаи нилгун тамошо кардам. Роҳбарони сиёсии 27 давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои Осиё иштирок намуданд. Ҳамчунин чандин созмонҳои байналмилалӣ низ ширкат доштанд.   Зиёда аз 650 рӯзноманигори кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷараёни Саммитро дар расонаҳо бозтоб менамуданд. Шаҳр пуртароват, кӯчаю хиёбонҳои Душанбе гулрезу гулбез, пешгвозгирии тоҷикона, меҳмоннавозии аҷдодона, шароиту имконияти қабул ва кор барои ҳамаи иштирокдорон дар сатҳи олӣ ҷараён дошт. Иштирокдорони ҳамаи сатҳо барои ташкили ин Саммит арзи сипос менамуданд ба роҳбарият ва шаҳрдорӣ. Аз ободию оромии кишварам ҳарф мезаданд. Бори дигар ин кишвари фарҳангофарини худро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари соҳибтамаддун нишон додем. Зиҳӣ, Роҳбаре, ки Тоҷикистони азизро дар тайи андак вақт аз ҷанги ҳамдигаркушӣ наҷот дод, ӯро шукуфону сарсабз гардонд. Аз дидани қалби Тоҷикистон- шаҳри Душанбе роҳбарони аввали кишварҳои қораи Осиё мутаҳайир гардиданд. Рӯзноманигорон аз шароити муҳайё гардида барои фаъолияту зист ба завқу шавқ омаданд. Мо аз ин меболему мефахрем, ки дар чунин кишвари зебою озода, тозаю пок ва Роҳбари хирадманду созандаю бунёдкор ва муаррифгари кишвари тамаддунофар ба сар мебарем.

     Бигузор, Ваҳдати миллии давлати тоҷикон то обад устувору поянда бошад. Дар ин хоку бум ба ҷуз ишқу муҳаббат, садоқат, нуру зиё, сафо дӯстдории Ватану ватандорӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти кишвар ва Роҳбари муаззами он дигар чизе нарӯяд. Ҳадафҳои наҷиби созандагию бунёдкорӣ роҳнамои ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Ҷумъа Назрӣ- ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин