Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Андеша:

 

Ҳодисаҳои ҳафтаи охир дар мавриди барангехтани иғво дар мавзеи Ворухи ноҳияи Исфара миёни аҳолии дар минтақаҳои марзӣ сукунатдошта ҳеҷ як шахси солимфикрро бетараф гузошта наметавонад.

Агар бархе аз шаҳрвандон низои байни ду миллати ҳамсоя:- тоҷику қирғизро бо роҳи мусолиҳатомез ҳал шуданашро тавсия карданд, вале буданд доираҳое, ки ҳалли низои рӯйдодро бо роҳи тавтеаю иғво ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, дар миёни ду миллат ҷангу ҷудоиро тарғиб мекарданд. Дар ҳар сурат мо аз ҳаққи қонунии худ дифоъ мекунем ва барои ҳалли мушкилоти сарҳадӣ бо такя ба далелу санадҳои қонунӣ ва аз роҳи муколама баррасӣ шудани масъалаи хати марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон хушбинем. Зеро намешавад, ки ҳамсояро интихоб кард.

Ҳамсоядорӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Ва ҳалли мушкилоти байниҳамдигарӣ низ бо роҳи якдигарфаҳмӣ яке аз афзалиятҳои арзишманди инсонҳои худшиносу худошинос аст.

Тавре ҳамагон шоҳид будем, барои расидан ба ҳалли мусбии масоили сарҳадӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан худашон ба Ҷамоати деҳоти Ворух ташриф оварданд ва бо ҳайати тарафҳо дар якҷоягӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков дар ҳоли муколама шуданд.

Вохӯрӣ ва ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияи Исфара, бахусус Ҷамоати деҳоти Ворух доир ба ҳалли мусбии масъалаҳои марзӣ муште буд ба даҳони бадгӯёни миллату давлат. Ҳатто нофаҳмиҳо дар ин минтақаи марзиро бо ҳар роҳу восита ба ҳодисаҳои якчанд сол пеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдода тобиши сиёсӣ дода, мехостанд руҳияи сиёсии мардуми ин вилояти дурдастро дигарбора ба бозиҳои манфуронаю разилонаи худ ҷалб созанд. Ва, воқеан қабули муроҷиатномаи ҷавонони ватандӯсти бадахшонӣ дар мавриди ҳифозати марзу бум ва дастгирӣ аз сиёсати ватанпарваронаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиёсати ғосибонаи фурӯхташудагону бадбинони миллатро рӯи об баровард.

Ҳар ҷо ки қадами Пешвои миллат расид он ҷо ба гулзор мубаддал хоҳад шуд. Бар ин боварем, ки Ворух як гушаи Тоҷикистони биҳиштосо бо қадами Пешвои маҳбуби миллат аз ин дида ободу зебо гардида, мушкилоти сарҳадӣ дар доираи муколамаи байнидавлатӣ ҳалли дурусти худро меёбад.

Асақолов Алиҷон- фаъоли сиёсӣ, сокини

ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин