Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Андеша

 

                                                          

Тамошои суҳбати онлайнии Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери паймони миллӣ манро водор сохт, ки аз ин суҳбатҳои бардуруғу пур аз бофтаи хаёли ин асолатбохта ва хоҷагони хориҷиаш дур бошему нагузорем, ки суханони пурпечи ӯ мо ҷовонони тоҷикро фирефта кунад. Зеро суханонаш ҳамеша ба манфиати кори уву хоҷагони хориҷӣ ва ватанфурӯшону хоинон мебошад. Дар тамошои суҳбати онлайнии Муҳиддин Кабирӣ эҳсос мешавад, ки ӯ зери ниқоби паймони миллӣ кадом нақшаи хоинонаи хоҷагони хориҷиашро дар Тоҷикистон ҳамчун падарони маънавиаш пиёда сохтанист. Оре, тамошои суҳбати онлайнии Муҳиддин Кабирӣ барои ҷалб намудани ҷавонон ва фоидаи муфт ба даст овардани Кабирӣ ҳасту халос, дигар чизеро аз ин худсафедкунӣ интизор шудан нашояд. Аз ҳамин лиҳоз мо ҷавонон бояд бештари бештар ба қадри ин Ватан, ба қадри халқи азизамон расему содиқонаву самимона хизмат намоем. Нагузорем, ки ба мисли ин хоин, ин ватанфӯруш, ки номаш Кабирӣ ҳаст номи миллати тоҷикро дар олам доғдор намуда ва нохалафе ба ин миллате, ки сулҳпарвар озодихоҳ ва ваҳдатпарвар ҳаст бо чашми бад нигарад.

   Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолро мебояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва бо шиори ҳамешагии «Мо як ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон ҳаст» зери парчами сулҳу ваҳдат баҳри ободии Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.

                                           Асақолов Алиҷон- сокини ноҳияи Ш. Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин