Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Оѓози заволи «паймони миллї»

 

      Ташкилоти ифротии «Паймони миллии Тољикистон» зери роњбарии М.Кабирї иддао дорад, ки Шарофиддин Гадоев- муовини раиси «паймони миллї» дар натиљаи амалиёти махсус аз љониби маќомоти зидахли Љумњурии Тољикистон  гўё «рабуда» шудааст.

     Новобаста аз он ки Шарофиддин Гадоев- узви гуруњи 24, роњбари Анљумани ислоњот ва рушди Тољикистон ва дар як ваќт муовини «Паймони миллии Тољикистон» дар шабакаи иљтимої аз бозгашти ихтиёрии худ изњори назар намуда, тайи чанд моњи охир љињати ба Ватан баргаштан бо маќомоти дахлдор њамкорї дошт, вале мутаассифона М.Кабирї ва њамтоёнаш ин амалро нодида гирифта, ба аќидае аз пашша фил сохтанианд.

    Ташкилоти ифротии «Паймони миллии Тољикистон» дар баёнияи пучу бемаънї аз «мавриди шиканља» ќарор гирифтани Шарофиддин Гадоев гилагузорї намуда, бозгашти ўро ѓайримунсифона бањогузорї намудааст. Ба аќидаи банда мавќеъгирии М.Кабирї аз назари аќли солим давоми мантиќии сиёсатбозињои пасипардагии уву њамтоёнаш буда, бо ин роњ мехоњад обрўи бе ин њам набудаи «паймони миллї»-ро нигоњ дорад. Зеро чанд рўз пештар М.Кабирї дар мусоњибаи онлайнї аз Шарофиддин Гадоев њамчун шахсї калидї дар њайати «паймони миллї» ситоиш карда, ўро  «муборизи ќавиирода» бањогузорї намуда буд.

     Вале, вазъи баамаломада ва бозгашти Ш.Гадоев ба Ватан бори дигар аз ташкилоти сохта будани «паймони миллї» дарак дода, М.Кабириро назди њаммаслакону хољагони хориљиаш шармсор сохт.

   Мутмаинем, ки бозгашти Ш.Гадоев бозињои бисёр нооѓози њизби нањзати исломї ва «паймони миллї» зери роњбарии М.Кабириро ошкор ва симои аслии ин хоину дигар нафарони ба «сиёсатбозињо»-и ў содиќро ба љомеаи Тољикистон ошно хоњад сохт.

     Маълум аст, ки нањзатсозии насли љавон бо супориши М.Кабирї дар хориљи кишвар бо њар роњу воситањои ба ин хиёнаткорон хос  идома дошта, мехоњанд љавонони моро ба гумроњию  нољавонмардї талќин созанд. Вале,  он чизе ки аён аст, њољат ба баён нест. Зеро кур асояшро як бор гум мекунад. Агар М.Кабирї сад паймон созад њам онњо фаъолияти созанда надошта, фаќат зидди миллату давлати мо истифода мешаванд.       

    Ба андешаи мо,  ахиран М. Кабирї бо ду се асолатбохта ба мисли А.Шерзамонов, М. Садриддин ва дигарон дар Аврупо тани танњо мемонаду дигар роњгумзадањо бо изњори пушаймонї ва бахшиши гуноњояшон назди миллату давлати Тољикистон ба Ватан бармегарданд. Ин падида аллакай аз заволи «паймони миллї» башорат медињад, ки  аз ин мо хеле хушњолем.

 

                                                                  Т.Назарзода-раиси КИ ЊХДТ дар

                                                                        ноњияи Ш.Шоњин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин