Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ДАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ

 

 Дар соли 2018 нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 112 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 10 миллиону 97 ҳазору 589 сомонии нақшавӣ ба буҷет маблағи 11 миллиону 331 ҳазору 110 сомонӣ ворид шудаас зикр намуд раиси ноҳия Зарифзода Почохон зимни нишасти матбуотӣ дар иштироки васеи хабарнигорони васоити ахбори оммаи кишвар.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки қисми хароҷоти буҷети ноҳия 98 фоиз иҷро гардида, аз ҳисоби буҷет 42 миллиону 544 ҳазору 345 сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 27 миллиону 731 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ба 288 миллиону 152 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 3,3 фоизро ташкил дод.

Истеҳсоли ғалладонагӣ ба 27584 тонна, сабзавот ба 2316,5 тонна, картошка ба 5074 тонна, меваҷот ба 14512 тонна, гӯшт ба 3620,5 тонна, шир ба 7468,2 тонна, истеҳсоли тухм ба 1 миллиону 883 ҳазор дона, ангур ба 2494 тонна ва полезӣ ба 2352 тонна расонида шуда, нисбат ба соли 2017 афзоиш мутаносибан аз 1 то 43 фоизро ташкил намуд.

Саршумори чорвои калон ба 28 ҳазору 720 сар, моли майда ба 73 ҳазору 660 сар, саршумори парранда ба 43415 сар расонида шуда, нисбат ба соли 2017 саршумори чорвои калон 338 сар, моли майда 2146 сар ва парранда 313 сар зиёд мебошад.

Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 23,8 ҳазор дарахт ва дар майдони 63 га боғҳои нав бунёд гардид.

Ҳамчунин зимни нишаст доир ба дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва фарҳанг маълумоти муфассал дода шуд. Зикр карда шуд, ки дар 61 муассисаи таълимии ноҳия 10955 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1158 омӯзгор таълим медиҳанд. Аз ин шумора 336 зан, 842 нафар бо маълумоти олӣ, 316 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Аз 1074 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия 746 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохил ва хориҷи кишвар дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардиданд, ки ин 69,5 фоизи шумораи умумии хатмкунандагони ноҳияро ташкил медиҳад.

Дар соли 2018 сохтмони 3 муассисаи таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар як баст анҷом дода шуд. Инчунин сохтмони 3 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия идома дорад, ки дар муҳлатҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия бошад 50 духтур, аз ин шумора 13 нафар бо категорияи олӣ ва 472 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.

Аз шумораи умумии духтурон 26 нафар дар беморхонаи марказӣ, 9 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ, 1 нафар дар маркази бемориҳои сили ноҳия фаъолият карда истодаанд.

Тибқи маълумоти омории тиббӣ дар ин давра хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои сохтори бистарии ноҳия ба 76216 сомонӣ ё ба 80 фоиз расонида шуд.

         Дар ноҳия 32 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 17 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 904 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд, ки дар онҳо 159900 нафар иштирок карданд.

Дар охир доир ба самтҳои хоҷагии халқи ноҳия аз тарафи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар саволҳо дода шуданд, ки доир ба он ҷавобҳои қонеъкунандаи худро гирифтанд.

 

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин