Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Суҳбати онлайнӣ ва эҷоди макру ҳилаҳои нави Кабирӣ

 

 

Кабирӣ дар суҳбати онлайни худро шахси сиёсатмадор тарошида, мехоҳад, ки зери шиёри «сабру таҳаммул ва фарҳангсолорӣ» доираи тарафдоронашро зиёд кунад. Ва маълум аст, ки аз баъзе суолҳои матраҳшуда, ки бозгӯ ва ифшогари фаъолияти пасипардагии наҳзатист он қадар хушаш намеояд. Бо ҳар роҳу васила аз посухҳое, ки мардум интизорашанд гурехта ҳаволаи дурбинҳои сабтро ба Алим Шерзамон- муовини раиси ба ном Паймони миллӣ ҳавола мекунад. Он суолҳое, ки ба нафъи уву атрофионаш нестанд, онҳоро тавтеа намуда, гуноҳҳои собитшудаи худу ҳамтоёнашро бар сари ҳукумати феълӣ ва ҳизби ҳоким ба истилоҳ бор мекунад.

         Тамошобини закию ҳушманд агар аз мусоҳибаи ӯ дарк карда бошад Кабирӣ бо мақсади пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки сиёсӣ ба кисаи мардуми муҳоҷир чӣ дар Русияву чӣ дар Аврупо чашм ало карда, бо ҳар роҳу васила мехоҳад аз ин қишри ниёзманди аҳолӣ дар бозиҳои пасипардагии сиёсӣ истифода карда бошад.

         Ба иқрори ӯ кишварҳои Урупоӣ дар муддати 3- соли омодагӣ ба корҳои ташкилӣ уву ҳаммаслаконашро ёрии молиявӣ мекунанд. Кишварҳое,ки аз умқи ислом дуранду то муқимӣ шудан дар он ҷо Кабирӣ танқиди он мекард. Мутассифона имрӯз Кабирӣ дар суҳбати онлайнӣ «Кишварҳои Аврупоро Худо хайр диҳад»- гуфта худро аз домани давлати охундии Эрон ба домани кишварҳои Урупоӣ партофтааст.

         Ба ақидаи Кабирӣ «хизмат ба ҳизб ин хиёнат ба миллат аст». Вале як чизро ӯ нодида мегирад,ки амалкарди ҲНИ муқобил ба асосҳои сохтори конститутсионӣ буд. Ва агар хизмат ба миллат андохтану шуру шарр ҷангу низоъ дар ҷомеа бошад, пас Кабирию ёронаш дар бозиҳои пасипардагӣ хостгори алангаи оташ дар кишваранд, ки ин фикри онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Эҳсос мешавад,ки аз сели зиёди саволҳо Кабирӣ дар ҳарос асту бо ақидаи «вақти зиёди шуморо гирифтан» низ аз сабти дурбинҳо нопадид мегардад. Эҳсос мешавад,ки ҷуръати ҷавоб гардонидан ба саволҳоро надорад.Зеро офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Кор то ҷое шакл гирифтааст,ки Кабирӣ рӯи рост аз ҷавоб ба саволҳои бешумори корбарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ хестаю беҳузур шуда, хоҳони «амри маъруф» кардан шудааст.

         Барои мардум баромадҳои зиёди дилгиркунанда дигар лозим нест! Мардум ҳақиқати ҳол аз хиёнаткориҳои наҳзатиро дар бозиҳои сиёсии наҳзатӣ фаҳмидан мехоҳад, на чизи дигар!

         Ҷаноби Кабирӣ Шумо аз суолҳои сиёсӣ мегурезед, аз суолҳои ҳаёти хонаводагӣ мегурезед, аз ҷавоби суолҳои дар мавриди муносибат бо давлати Эрон канораҷӯи мекунед. Пас ин суҳбати онлайнӣ созмондода ба чӣ хотир аст?

         Агар мақсадатон шур андохтан дар ҷомеа бошад хестед ки хобед! Ё мақсаду ҳадаф ин ба бинандаю шунаванда хосатон ибрози соли таваллуду хонишу кору фаъолиятатон ё ба ақидаи рекламаи худу ҳаводоронатон бошад натарсида гӯед.

         Ҷаноби Кабирӣ чӣ гуна исбот карда метавонад,ки 9 миллион аҳолӣ зери фишор аст? Оё аҳли Раёсати ҲНИ ва якчанд гурезаю ҷинояткор,ки имрӯз дар зиндон аст метавон онҳоро кӯҳи миллати тоҷик гуфт? Хуб мебуд аз ҳангомасозию ба сӯи нобудӣ раҳнамун кардани ҳамватанон аз ободии кишвар мегуфтед. Мушкилоти хонаводагии худу ҳамсангаронатонро мушкилоти миллат муаррифӣ кардан ин аллакай аз заифии сиёсиатон дарак медиҳад.

         Умуман дигар наметавон сиёҳро сафед гуфт. Зеро мардуми Тоҷикистон аллакай хубро аз бад фарқ мекунанд.

 

Назарзода Т                                                              Раиси КИН ҲХДТ

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин