Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ҶАМЪБАСТИ СОҲАИ МАОРИФ

 

Дар толори муассисаи таълимии №1-и ноҳия фаъолияти як солаи соҳаи маорифи ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Почохон Зарифзода мавриди натиҷагири қарор гирифт. Ҳамчунин дар кори маҷлис муовини раиси ноҳия Ғафорзода С, мудирони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Сараввал мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ғоибзода Н доир ба фаъолияти як солаи соҳаи маорифи ноҳия дар соли 2018 ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки кормандони соҳаи маорифи ноҳия соли 2018-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар ин давра хонандагони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин дастоварҳои хонандагони ноҳия дар Олимпиадаҳои фаннии даври вилоятиву ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар баробари таҳлили дастоварҳои соҳаи маорифи ноҳия ҳамчунин камбудиву норасгиҳои он низ ба маълумоти ҳозирин расонида шуд. Зикр гардид, ки айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 47 нафар омӯзгорони ғайриихтисос ба хонандагон дарс гуфта, 6 нафар омӯзгорони фани забонҳои хориҷӣ намерасанд.

Баъди ҳисоботи мудири шуъбаи маориф аксарият муассисаҳои таълимии ноҳия оиди фаъолити як солаи муассисаҳои таълимӣ гузориш доданд.

Сипас раиси ноҳия Зарифзода Почохон Ҳабибулло бо маърӯза баромад намуда, фаъолияти як солаи соҳаи маорифи ноҳияро мавриди таҳлил қарор доданд.

Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, баҳри беҳтаршавии вазъи феълии кормандони соҳа тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Ҳамин аст, ки аз 34 адад муассисаҳои таълимии соли 1992 шумораи он дар соли 2018 ба 65 адад расонида шуд.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки соли 2017-ро метавон барои кормандони соҳаи маорифи ноҳия соли таърихӣ вахотирмон номид. Зеро дар ин сол бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таълимии №1-и ноҳия, ки барои 800 хонанда дар ду баст бо маблағи 16 милион сомонӣ сохта шуда буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин танҳо дар соли 2018 се муассисаи таълимии дигар дари худро ба руи хонандагон кушоданд.

Дар баробари пешравиҳои соҳа камбудиҳо дар ин самт кам нестанд, зикр намуд раиси ноҳия зимни суханронӣ. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар баробари дастгириҳои пайваста ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар ин самт дида мешаванд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи донишазхудкунии хонандагони ноҳия ба талаботи замон ҷавобгу набуда, интизоми меҳнат риоя карда намешавад. Сатҳи забондонии хонандагон дар сатҳи паст қарор дошта, ба барномаҳои технологияҳои муосир кор карда наметавонанд.

Зимни таҳлили соҳа ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда бо масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дастур дода шуд, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия курсҳои бозомузии забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, ба муаллимони ҷавон имтиёзҳо дода шавад. Риояи Қонуни Ҷуиҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти ипадару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар як ҳафта як маротиба рӯзҳои дарҳои кушод эълон карда шавад.

Ҳамчунин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба соҳаи маориф ироа гардиданд, вобаста ба ин дар сатҳи баланди сиёсӣ ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охири кори маҷлис аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба беҳтаринҳои соҳа туҳфаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин