Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Кабири ва пайравонаш бо ба роҳ андохтани суҳбати онлайнӣ мардумро гул задан мехоҳанд

 

Андеша: Кабири ва пайравонаш бо ба роҳ андохтани суҳбати онлайнӣ мардумро гул задан мехоҳанд. Агар не, барои чӣ аз саволҳои додаи мардум гурехта канораҷӯӣ мекунанд? Дар суҳбати онлайнӣ бо корбари шабакаи иҷтимоӣ Шарифҷон Шарифҷонов доир ба масъалаи ба роҳ андохтани «инқилоб» дар санаи 10 октябри соли 2014 Кабирӣ худро мусичаи бегуноҳ ҳисобида, иброз медорад, ки ӯ ба ин «инқилоб» розӣ набуд.

Мантиқ куҷост, ҷониби Кабирӣ! Туву ҳаводоронатон баъди яктарафа тарк кардани шӯрои ҷамъиятӣ аз соли 2010 инҷониб дар фикри инқилобу пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки ҲНИ ҳастед.

   Ҷаноби Кабирӣ! Хуб мебуд, ки рӯи рост иброз медоштед, ки мардуми Тоҷикистон сиёсати наҳзатиро дастгирӣ накард. Зеро афкору фаъолияти ҲНИ аз аввал то охир ғаразноку пур аз дурӯғу фитна буд. Чун аз оғуши давлати охундӣ худро ба домани Аврупо партофтед, он ҷо дар баромадҳоятон дар баробари афкори ҲНИ ба демократу коммунист, ҳатто ба пайравони яҳудо иҷозат додед.

     Чунин тарзи баён бори дигар собит месозад, ки ҲНИ барои Кабирӣ ҳамчун манбаи даромади муфт истифода гардида, дини ислом барои ӯ аҳамияти дуюмдараҷа дорад .

     Суҳбати онлайнӣ низ аз тарафи Кабирӣ танҳо ба хотири ҳадафҳои разилонаю бозиҳои пасипардагии уву ҳаводоронаш роҳандозӣ гардида, аз он ба ҷузъ тафриқаандозӣ чизи дигарро интизор шудан ғайри имкон аст. Болопарию сиёсатбозии Кабирӣ иродаи мардумро дигар карда наметавонад. Зеро аҳолии Тоҷикистон чеҳраи манфури ӯро дарк кардаанд.

Корро сар мекунад на тоқӣ.

   Таъсиси ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» мантиқан ба мисли ҳамин зарбулмасал аст. Яъне ақлҳо ҳамон ақлҳои кӯҳнаю танҳо тоқӣ навсозӣ шудааст. Амалу фаъолияти Кабирию кабирипарастон обрӯи набудаи онҳоро беобрутар сохт.

   Аз худ раиси «паймон» сохтану коҳи кӯҳнаи наҳзатиро бо белу каҷбели нав бод кардан далели нокасию беобрӯии уву ҳаводоронаш буду ҳаст.

   Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,

   Ки нокас, кас намегардад аз ин боло париданҳо.

                                                       Қурбонова Малоҳат- сокини ноҳияи Ш. Шоҳин.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин