Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТ ДОДА МЕШАВАД

 

Рӯзи 31 январи соли равон дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Бегов Саъдӣ мағозаи фурӯши маҳсулотҳои ниёзи аввалия ва як дорухона сохта ба истифода дода шуд. Бояд зикр намуд, ки сокинони ин ноҳияи куҳистон чун дигар афроди ватанхоҳву ватандӯсти ҷумҳуриямон сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои рушду нумуи ин гӯшаи зебои диёр талош меварзанд.

Дар маросими кушодашавии бинои мазкур раиси ноҳия Зарифзода Почохон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромад раиси ноҳия ин бинои наву замонавиро ба бошандагони ҷамоат табрик намуда ин иқдоми наҷиби соҳибкори маҳаллиро шоҳистани таҳсину офарин намуд. Зикр карда шуд, ки сокинони бофарҳангу ватандӯсти ноҳия махсусан соҳибкорон сиёсати созандаи пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯзҳо аниқан дарк намуда, дар пешрафту шукуфоии кишварамон саҳми муносиби худро гузошта истодаанд.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани санаи муҳими таърихии кишвари азизамон 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба тавсиб расида, тибқи он бояд дар ноҳия зиёда аз 160 иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ сохта ба истифода дода шаванд, ки аксарияташон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия анҷом дода мешаванд.

Зимнан мардуми ҷамоатро ба корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни Байналмилалии Наврӯз, ки дар ҷамоати деҳоти мазкур чорабиниии ноҳиявии он баргузор мегардад, даъват намуданд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин