Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАРҒИБИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ

 

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин тарғиби ҳунару анъанаҳои миллӣ ва эҳёи онҳо чорабинии маърифатию фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳои таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия озмунҳои “Кадбонуи беҳтарин”, “Ҳунарманди беҳтарин” “Дастархонорои беҳтарин” ва ғайраҳо гузаронида шуданд, ки дар он занону бонувони ноҳия маҳсули дасти худро пешкаши тамошобинон намуданд .

Зимни тамошои маҳсули дасти ҳунармандон аён буд, ки занону духтарони ин ноҳияи кӯҳистон сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллатро дарк намудаанд. Ва мехоҳан ба ин васила анъанаҳои гузаштагони худро, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, дубора эҳё намоянд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Ғафорзода Санам иштирок намуда, ҳунармандони ноҳияро барои пиёда намудани сиёсати бунёдкоронаву фарҳангпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуданд.

Зикр карда шуд, ки муаррифӣ фарҳанги ниёгон ва ба ҷаҳониён нишон додани анъанаҳои қадима аз ҳар яки мову шумо махсусан бонувон модарони азиз алоқамандии зич дорад. Пас мо бояд аз ҳарвақта дида, бештар ин иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакатро дастгирӣ ва амалӣ намоем.

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин