Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД

 

Рузи 30 январи соли ҷори дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Зарифзода Почохон Ҳабибулло фаъолияти соҳаи тандурустии ноҳия дар соли 2018 мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Нахуст сартабиби беморхонаи марказӣ Дӯстов А ва менеҷери кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Саидзода М бо маърӯза баромад намуда доир ба фаъолияти соҳа дар соли 2018 маълумот доданд. Зикр карда шуд, ки кормандони соҳаи тандурустии ноҳия соли 2018-ро бо хотироти нек ва дастовардҳои муҳим ҷамъбаст намуданд.

Дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 1 беморхонаи қитъавӣ, 1 маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил ва 4 беморхонаи рақамӣ фаъолият мекунанд.

Қайд карда шуд, ки соҳаи тандурустии ноҳия дар давоми соли 2018 зери таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошт ва вобаста ба пешравиҳои соҳа чораҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Дар ин давра сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба таври хуб ба роҳ монда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ бо таври зарурӣ ба роҳ монда шуданд.

Баъди баромади шахсони масъул ва пурсишу посух бо директорони беморхонаҳои қитъавӣ ва марказҳои саломатӣ раиси ноҳия бо маълумотҳои аниқу дақиқ бо маърӯза баромад намуда, фаъолияти як солаи соҳаи тандурустии ноҳияро мавриди муҳокима қарор доданд.

Зикр карда шуд, ки ҳар чанд дар ин давра аз тарафи кормандони соҳаи тандурустии ноҳия корҳои судманде иҷро шуда бошанд ҳам, вале мушкилотҳои зиёд дар ин соҳа дида мешавад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳад, ки иҷроиши кат рӯз ба сатҳи даркорӣ нарасида, баръакс рӯ ба поёнравӣ дорад.

Инчунин раиси ноҳия зимни баромад аз даст доштани кормандони соҳаи мазкур дар амалҳои коррупсионӣ, бепарвогӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ, бенизомии интизоми меҳнат, набудани кадрҳои баландихтсоси соҳавӣ ва ғайраҳо изҳори нигаронӣ намуда, онҳро бо меҳнати ҳалолу дасту дили пок ҳидоят намуд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин