Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

СОҲАИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 

Рӯзи 29 январи соли равон фаъолияти як солаи соҳаи фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Зарифзода Почохон мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Нахуст мудири бахши фарҳанги ноҳия Зокирзода Раҳмон оиди фаъолияти як солаи соҳаи фарҳанги ноҳия бо маърӯза баромад намуд. Зикр карда шуд, ки бахши фарҳанги ноҳия дар баробари дигар самтҳои хоҷагии халқи ноҳия соли 2018-ро бо дастоварҳои хуб ҷамъбаст намуданд.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади фароғати сокинони ноҳия ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии ноҳия аз ҳисоби бахши мазкур дар давоми соли 2018 зиёда аз 33 маротиба чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ гузаронида шудааст.

Ҳамчунин ҳаваскорони ноҳия дар Фестивалозмуни ҷумҳуриявии “Андалеб-2018” фаъолона иштирок намуда, соиби ҷойи намоён гардиданд. Маълумот дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия айни ҳол 33 муассисаи фарҳангӣ арзи ҳастӣ доранд, ки аз он 1 китобхонаи марказӣ, 7 клуби деҳотӣ, 1 боғи марказӣ ва 17 филиалкитобхонаҳо ро дар бар мегирад.

Баъди ҳисоботи мудири бахши фарҳанг ва гузоришҳои мудирони китобхонаи марказиву клубҳои деҳотӣ раиси ноҳия бо таҳлили амиқу дақиқ бо маъруза баромад намуда, фаъолияти як солаи соҳаи фаврҳанги ноҳияро мавриди баррасӣ қарор дод.

Зикр карда шуд, ки ҳарчанд дар ин давра аз ҳисоби бахши мазкур корҳзои муайяне иҷро шуда бошанд ҳам, амоно мушкилотҳо низ зиёданд. Зеро дар соҳаи мазкур мавҷуд будани кадрҳои тасодуфӣ ва ғайриихтисос ва набудани мутахассисони варзидаи соҳа ба чашм мерасанд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барномаҳои таҳиянамудани ҳунармандони бахши мазкур на ҳама вақт аз ҷониби тамошобинон хуб қабул қарда мешаванд. Сабабаш диққати зарурӣ надодани рҳбарияти соҳа ва хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои бар зиммагузошта шудаашон мебошад.

Инчунин раиси ноҳия аз фаъолияти клуб ва филиалкитобхонаҳои деҳоти ноҳия изҳори нигаронӣ намуда, зикр намуданд, ки китобхонаҳои мавҷуда бо таври зарурӣ бо мардум хизматрасонӣ намекунанд. Ҳамин аст, ки шумораи мутолиакунадагони китобхонаҳои мазкур кам аст.

Дар охир ба масулини соҳа барои ислоҳи камбудиву норасогиҳои мавҷуда ва дар сатҳи баланди сиёси ҷашн гирифтани ҷашнҳои дар пеш истода, махсусан 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин