Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Хурсанд Мазоров, гунаҳкори асосии нооромӣ дар Хоруғ

Мақомот ҳам ба онҳо «Огоҳии расмӣ» эълон карданд, ба умед ки ҷинояти дигар содир накунад. Аммо, аз куҷо медонанд, ки ин гургҳои борондида, ба мисли Хурсанд Мазоров, ки таҷрибаи бар лаби об бурдан ва ташна оварданро доранд, дар ин 27 сол он қадар гуфтушуниду сходкаву мулоқот гузаронидааст, ки дигар чашмаш намепарад.

Инак, боз ҷиноят. Санаи 05.11.2018с. Ин дафъа ҳамла ба тарафи сардори дидбонгоҳҳои БДА дар шаҳри Хоруғ. Он ҳам бо ҳамон тарзу усули собиқа, боз тахқири кормандони давлатӣ ва боз ҳам митинбозӣ. То куҷо ин ҷиноятманишӣ идома меёфта мебошад? Омилҳои аслии ин ҷиноятмадорӣ кист?
Мардум ба дод омадааст дар шаҳри Хоруғ. Мутаассифона дар байни баъзе ҷавонони шаҳри Хоруғ, ақидае ҳукмфармо мебошад, ки ҳамин «хурсандакҳо» ифодагари манфиати умуманд. Ин қатъиян ин тавр бояд набошад. Нухбагони Бадахшон: олимон, шоирон,ҳофизон, варзишкорон, муҳандисон ва кормандони давлат мебошанд, ки бо меҳнати шабонарӯзии худ «ҳар касе муште аз хирвор», саҳми худро дар бинои муаззами миллат мегузоранд.
Ҷинояткорони ба мисли Хурсанд Мазоров дигар хел меандешанд. Барои онҳо муомилаи маводи мухаддир дар бозорҳои наздисарҳадӣ аз ҳама арзишҳо болотар аст. Онҳо халқро барои фаъолияти ҷиноятии худ истифода ва манфиати авбошонаи худро рӯйпуш мекунанд.
Шодмон Куртов, сокини м. Бузмичи ш. Хоруғ

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин