Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ВОКУНИШ

 

Эй магас, арсаи симурғ на ҷавлонгаҳи туст,

Ирзи худ мебарию заҳмати мо медорӣ.

       Мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон дилхоҳ давлат  ва ё ҳукумат роҳҳои афзалиятонки ҳамкории байни давлатӣ ва муносибатҳои дипломатиро ба соири давлатҳо дар доираи манфиатҳои умумимиллӣ

нақшагирӣ ва  роҳандозӣ менамояд.

      Кишвари  Ҷопон яке аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро барасмият шинохт ва тавре ки воқеият собит месозад ҳамкории байнидавлатӣ дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар дар сатҳи  рӯ ба инкишоф аст. На ба он таҳлилҳои сарсарие, ки  сухангӯи ҳизби террористию  экстремистии  наҳзати исломӣ  Муҳаммадиқбол  Садриддин мекунад. 

     Муҳаммадиқболи Садриддин аз кӯмакҳои бебозгашт, гӯё «дар сатҳи лозимӣ» набудани ҳамкориҳои байни давлатӣ бо кишвари Ҷопон гилагузорӣ намуда, муносибатҳои иқтисодию тиҷоратиро байни ду давлат «ғайримуваффақона» унвон намудааст, ки аз назари ақли инсони ҳушманд чунин таҳлилу мавқеъгирӣ хато, пур аз ғараз ва баҳогузории яктарафа мебошад. Вақте ки як давлат дар ҳудуди дигар давлат сафорат дорад, ин аз густариши ҳамкориҳо ва аз ба таври беандоза манфиатдор будани тарафҳо дар муносибатҳои байнидавлатӣ дарак медиҳад.  Мутаассифона мухолифин, бахусус «шореҳи сиёсӣ»-и ҳизби наҳзати исломӣ Муҳаммадиқболи Садриддин инро нодида мегирад, ки аз чунин тарзи баёни муаллиф  ба ҷузъ аз  коштани тухми кинаю адоват ва

якдигарнофаҳмию  курдилӣ чизи дигареро интизор шудан ғайри имкон аст. 

    Куштори сиёсатшиноси ҷопонӣ , профессор Ютака Акино ва дигар кормандони Созмони Милали Муттаҳидро, ки санаи 03.07.1998 аз ҷониби ҳаводорону тарафдорони ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифта буд, муаллифи матолиб ғайри мунсифона баҳогузорӣ намуда, мехоҳад аз ин ҷинояти мудҳиш ҳизби наҳзати исломиро  ба қавле аз об соф барорад. Вале ин «шореҳи сиёсӣ» фаромӯш сохтааст, ки ҳар амалу ҳаракати ғайриқонунии дилхоҳ ташкилот ё шахсият  як рӯз не як рӯз исбот гардида, ҳақ ба ҳақдор мерасад. Ва, воқеан куштори кормандони Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби намояндагони ташкилоти террористию экстремистии  ҳизби наҳзати исломӣ ҳақиқати бебаҳс аст, ки инро тамоми мардуми Тоҷикистон медонанд.

   Аз таҳлили ин бозингари сиёсӣ маълум мешавад, ки бояд ҳар як амали хоинонаи ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ба иборае «васф» карда шуда,  назди омма ранги сиёҳ сафед нишон дода шавад, ки чунин иқдом дар ҷомеаи кунунӣ дигар ҷойгоҳ надорад. Зеро, аллакай мардуми Тоҷикистон хиёнатҳои шумою сипоҳсолорҳоятонро куллан медонанд. Ҳатто,  Ризвон Садиров яке аз чеҳраҳои манфуру хунхори ҳизби наҳзати исломиро,  ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ӯ ҳеҷ гоҳ  муросо  накардаю  бо муддаиёни хиёнаткори ҳизби наҳзати исломӣ пинҳонию ошкоро муносибат дошт, ҳамчун бренди сиёсӣ истифода бурдани Муҳаммадиқболи Садриддин хеле хандаовар ва боиси шармандагии ин «шоҳреҳи сиёсӣ» аст.  Мо нағз медонем, ки барои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаводоронаш Ватану миллат, пешрафту шукуфоии кишвар аҳамият надорад. Аз чунин мавқеъгирӣ метавон омӯхт, ки ҳизби наҳзати исломӣ барои шумою дастандаркоронатон ҳамчун машинаи таблиғотӣ ва сарчашмаи даромади молиявии ҳаммаслаконатон мебошаду ба ақидаи худи шумо якчанд «тими қавӣ» дораду халос.  Он рӯз дур нест, ки ин «тими қавӣ» барои аъмоли хиёнаткорона назди Ватану миллат ҳатман ҷавоб хоҳанд гуфт.

     Ҷойи дигар муаллиф доир аз иштироки ҳайати ҳукуматӣ дар  ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо  ёдовар шуда, рӯйирост дурӯғ мегӯяд,  ки гӯё аҳли конфронс аз мухолифон пуштибонӣ карда, ба ҳамин хотир ҳайати ҳукуматӣ  дар охири ҳафта ин ҷаласаро тарк сохтанд.

       Дар ислом дурӯғро торикии имон мегӯянд. Ҳарчанд медонем, ки шумою шумобаринҳо имон надоред вале метавон ёдовар шуд, ки ҳамаи аъмоли шумо дар ин ҷаласа аз ҷониби ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон исбот шуд ва чун натавонистед хостаҳоятонро пиёда созед, ҷаласаро ба тавтеа мубаддал  сохтед. 

         Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон сафари роҳбари як давлати 9-

миллионнафара буд, ки аз ин сафар Ватану миллат интизориҳои зиёд дорад. На ба мисоли шумо барин асолатбохтагон, ки бо  гурезпоию саргардонӣ ва дур аз ҳисси ватандӯстию инсонпарварӣ дар кадом давлати Аврупоӣ, ё шояд дар давлати охундӣ сари давлату ҳамватанони худ санги маломат мезанед!

          Фикр мекунам шумо камтар шарм медоред, вагарна ҳамлаи соли 1945 болои шаҳрҳои Херосима ва Нагасакиро бо яроқи ядроӣ кори дастӣ ҳамватанони худ унвон  хоҳед кард. Чунки навишти тунди шумо эҳсоси ботинии ғализу сӯхташудаи шумост. То чӣ қадар манфурона аз гулгузорӣ бар пояи « Боғи ёдбуди сулҳ»-и шаҳри Херосима аз ҷониби Роҳбари давлати Тоҷикистон сухан гуфтанатон баёнгари афкори манфуронаатон аст.

       Марг ин кори худовандист. Чӣ дар хона чӣ дар сафар, ҳар кӯҷое,ки тақдир кашида бошад, он бо хости худовандӣ ҳатман моро дунболагир хоҳад буд. Вале маргро кори дасти инсон баҳогузорӣ кардану нодида гирифтани қазову қадар мусулмонии шуморо ҷаноби Муҳаммадиқболи Садриддин зери шубҳа мебарад.

      Дар урфият мегӯянд: мард ҳар ҳодисае, ки бар сараш  меояд аз Худо мебинаду номард аз бандаи Худо. Шумо аз зумраи  ҳамон номардонед, ки дар пояи дини мубини ислом ва пинҳон шудан зери ин дини пок ғаразҳои манфуронаю  манқуртонаатонро амалӣ сохтан мехоҳед.

     Он куштори зиёда аз 150000 аҳолии Тоҷикистон  бо сиёсатбозиҳои шумо барин  аҳли тақво аввали солҳои 90-уми асри гузашта сари миллат овардед, ҳануз аз хотираҳо зудуда нашудааст. Симои зоҳирии шумою шумо баринҳо назди тамоми миллат чун оина равшан аст.  Ва, беҳуда арзагӯӣ ва  ҳадиссозӣ барои расидан ба мақсадҳои нопокатон назди мардум дигар арзиш надорад.

      Шарматон бод ҷаноби Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо макру фиреб аъмоли хоинонаи ҳизби наҳзати исломиро зери пӯшиши обу ранги сиёсӣ пинҳон месозед.

     Ҳизби наҳзати исломӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон чун турбати бесоҳиб дигар мақому манзалат надорад.  Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери сиёсатбозиҳои «мутантан» ба қавле тарғибот кардани фаъолияти он ба истиснои  хандахарриши мардум дигар чизеро ба бор нахоҳад овард.

Зарифзода Почохон Ҳабибулло-раиси Маҷлиси  вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин