Суиистифодаи наҳзат аз Ислом
Санаи 15 октябри соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ва Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак, Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи Истанбул доктор Нурҷан Гудер ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конфронси мазкур инчунин теъдоди зиёди донишҷӯён, аспирантҳо, устодон аз факултаҳои илоҳиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва дигар бахшҳои Донишгоҳи Истанбул ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки иштирокдорони Конфронс аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буданд. Донишҷӯёни донишгоҳи мазкур фаъол буда, дар бораи хатари наҳзат дар ҷомеаи демократӣ суолҳои зиёд пешниҳод карданд.
Дар рафти Конфронси байналмилалӣ дар баробари дигар меҳмонон, маърузачиён инчучин суханронии фарохи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ сурат гирифт. Ҳамзамон Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо пешниҳоди донишҷӯи Донишгоҳи Истанбул Ферҳат Гул маълумоти зарурӣ дар бораи амалҳои нопоки наҳзат изҳор намуданд;
Ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзат дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфтааст. Созмони мазкур фаъолияти худро ба таври махфиёна пеш мебурд. Мақсади он ба таври зуроварӣ ғасби ҳокимият ва барпо намудани давлати Хилофат дар Тоҷикистон буд.
Боиси шукр аст, ки Худованди бузург марому мақсади нопоки ҳизби наҳзатро ба мо тоҷикон нишон дод. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳи террор аз байн бурд. Баъди пош хўрдани иттиҳоди Шӯравӣ 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд. Наҳзат баъд аз шикасти сахт хўрдан дар шаҳри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод моҳи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм ҷойгир шуданд. Дар он ҷой мардумро бо роҳи зӯроварӣ ба худ ҷалб мекарданд. Гӯё ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ мекарданд. Дар ин минтақа 14 феврали соли 1993 яке аз мубаллиғони низоми исломӣ домулло Саъдидин Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шӯрои инқилобии исломии ноҳиявии Ғарм таъйин карданд. Роҳбарони ин гурӯҳ онҳоро ба “ҷиҳод” ба муқобили ҳ