Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Найрангҳои сиёсии Кабирӣ рӯи об баромад

 

Тамошои барномаи телевизионии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» дар мусоҳиба бо собиқ фаъолиҳизби мамнуи наҳзати исломӣ  Сатторов Аёмиддинро тамошо намуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки Кабирӣ мехоҳад боҳар роҳу  восита  дар ҷомеаи ороми Тоҷикистон тухми кинаю душмангароӣ ва ноумедиро талқин ва бо ин амали хоинона аз ҷониби таблиғгарону сарпарастони хориҷиаш  брендҳои нави сиёсӣ ва маблағҳои ҳангуфти бедарди миён ба даст орад.

      Дарвоқеъ,ҳизби террористии наҳзати исломӣ новобаста аз он киҳар як амалуҳаракати роҳбаруҳаводоронаш назди мардуми Тоҷикистон чун офтоб рӯшан аст, вале то имрӯз  якҷоя  бо охундҳои эронӣ аз кору амалҳои  зишт ва бозиҳои  пасипардагиашон иқрор нестанд.

        То ҷое медонем, Сатторов Аёмиддин  яке аз фаъолиҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои инҳизб дар давраи фаъолияти   қонунӣ доштан дарҳудуди  Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат кардааст. Ва муаллифҳангоми баромади телевизионӣ

фаъолияти худро ба манфиатиҳизб тайи солҳои 2015-2017 мардонавор эътироф мекунад.

     Баъди тамошои ин навор андешае дар мафкураи инсон шакл мегирад, ки эътирофи нақшаҳои разилонаи  ташкилоти террористииҳизби наҳзати исломӣ  ва бозиҳои  пасипардагии  роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ баъди ин намоиш оё хотима меёфта бошад? Оё  Кабирӣ  ва баъзе ташкилотҳои байналхалқӣ, ки ба тарғибу дифо азҳуқуқи  шаҳрвандонҳадс мезананд, ба арзагӯии  пинҳону ошкоро хотима мебахшида бошанд? Фикр мекунем, На!

       Зеро Кабирӣ ва таблиғгарони ғояҳои  ифротии ин хоин беҳеҷ шак барои расидан баҳадафҳои манфуронаи худ аз пиёда сохтани ноамнию бесуботӣ дар ҷомеа  рӯ намегардонанд. Ҷор задан назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳ ёфтан ба интихоботи соли 2020 ормонҳои сиёсии ин хоинҳасту  мемонад.ҳатто, суханҳои ӯ,  ки агар бо роҳи осоишта нашуд бо роҳи низомӣ аз истифодаи зархаридону фурӯхташудагон  ва таълимгирандагони мактабҳои террористии  шаҳрҳои Мозандарон Бумеҳон, Падрис ва Ароқи давлати исломии Эрон гуё ба Тоҷикистон бармегаштанд, моро водор месозад, ки дар таҳким ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб дар атрофи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозҳам жарфтару  сарҷамъ бошем.

     Таблиғоти ташкилоти террористию экстремистииҳизби наҳзати исломиро  охундҳои эронӣ дар мағзу ҷони Кабирӣ ваҳаводоронаш ҷой карда, бозгӯи он  аст, ки барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз қатлу кушториҳамватанонуҳаммиллатон рӯй наметобад. Яъне, шиорпардозиҳои  забонии ин хоин ба умқи дилаш яксон нест.

     Метавон амали террористии дар ноҳияи Данғара  содиргардида, ки ҷони 4 сайёҳи хориҷиро аз байн бурд, давоми мантиқии сиёсатбозиҳо ва найрангбозиҳои ин хоин ном бурд.  Маълум аст, ки  фарзандони асолатгумкарда ва фурӯхташудаюҳаводорони ҳизби  наҳзати  исломӣ барои расидан баҳадафҳои нопокашон аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода менамоянд.ҳарчанд  амалиёти террористии дар ноҳияи Данғара рӯйдода  аз ҷониби Носирхӯҷа Убайдов (Қорӣ Носир)- узви фаъоли ташкилоти террористииҳизби наҳзати исломӣ аз давлати исломии Эрон роҳандозӣ ва назорат мешуд, вале мутаассифона  ин хоинон  то имрӯз  масъулияти куштори сайёҳони хориҷиро ба уҳда нагирифта, онро кори дастиҳаводорони давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) медонанд.

     Мусаллам аст, ки ташкилоти террористию экстремистииҳизби наҳзати исломӣ як бахши  фаъоли ташкилоти иртиҷоии давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) аст, ки дар қолаби фармоишии он амалҳои тахрибкоронаашро  роҳандозӣ  менамояд.

       Ин хоин ваҳаммаслаконаш фаромӯш кардаанд, ки мардуми Тоҷикистон дигарҳавасманди ҷангу хунрезӣ  нестанд. Сулҳ, амният ва

суботи сиёсӣ дар кишвар азҳама сиёсатбозиҳои Кабириюҳаводоронаш волотар аст. Ва мардуми Тоҷикистон  қадри сулҳу суботро, ки бо арзиши ҷони садҳо фарзандони ин миллат ба даст  омадааст, ба хубӣ эҳсос ваҳифз мекунанд.

         Кабирӣ ваҳаммаслаконаш орзуи  сиёсии худро чун найрангҳои сиёсиашон ба гӯр хоҳанд бурд. Зеро барои онҳо дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҷой нест. 

                                                                                             Абдураҳим  Ошимов

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин