Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Набудани ҳизби наҳзати исломӣ дар фазои сиёсии кишвар кафолати рушди Тоҷикистон аст

 

Таҷрибаи рушани ҷаҳони муосир собит  месозад, ки дар аксари давлатҳои мутамаддини дунё, бахусус  Амрико, Олмон  ва Англия  новобаста аз он ки аҳзоби мухталиф  дар фазои сиёсии ин мамлакатҳо амал мекунанд, дар нуқтаи интиҳоӣ эҳтиромро қоим будан ба гузаштаи дуру имрӯзи миллатҳояшон яке аз рисолати  ҷонию  имонии онҳост. Агар аз шаҳрванди Амрико мепурсӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  ки ғолиб омад?ҳатман ҷавоб медиҳад, ки Амрико. Миллату давлати пешрафтаи дунё кадом аст? Бешак ҷавоб хоҳӣ ёфт, Амрико. Ин бар он маъност, ки мардум  новобаста азҳадафи сиёсӣ  дар умум  пешравии давлату миллати худро бо назардошти фарҳанги гузаштаи худ мехоҳанд.

    Фаъолияти ташкилоти террористииҳизби наҳзати исломӣ  бошад баръакс. Ба ном муттаҳид кардани тамоми аққалиятҳо дар дохил ва хорииҷи кишвар  бо назардошти афзалият додан бо арзишҳои  исломӣ.

         Арзишҳои исломӣ низ то ҷое дар  тарбияи ахлоқию маънавии аҳли ҷомеа ҷойгоҳи хос доранд, вале барои якпорчагию шинохти имрӯзу гузаштаи халқи тоҷик эҳтиром ваҳифзи арзишҳои фарҳангии миллат бояд дар ҷомеа  ҷойгоҳи олӣ дошта бошанд. Зеро бо дур шудан аз арзишҳои суннатии миллат ба рушди давлатдорӣ, якпорчагии он,  тамомияти арзӣ  латна зада, дилхоҳ давлатро ба завол ёфтан  водор месозад.

       Фаъолияти ташкилоти террористииҳизби наҳзати исломӣ низ бар асоси исломгароии ифротӣ равона гардида, насли  ҷавонро ба гумроҳӣ ва рӯй гардонидани онҳо аз ифтихороти миллӣ ва  ватандорӣ талқин мекунад. Мисоли рушани ин гуфтаҳо иваз сохтани номҳои саромади форсӣ –тоҷики доштаи  Рустаму Суҳроб,  Бежану Манижа ваҳамсони онҳо бо номҳои гуногуни арабиасос, ки бо мусоидати дастгоҳи таблиғотии инҳизби мамнуь  мардуми тоҷикро ба сӯи бегонапарастӣ раҳнамун  месохт.

     ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ дар давраи фаъолияти худ дар фазои сиёсии Тоҷикистон бо роҳи дур  кардани   мардум аз асолати миллию хештаншиносӣ ва талқину тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ифротгароӣ

дигар хизмате барои ин миллату Ватан накардааст. Афзоиши ифротгароию иштирок дар ҷангҳои Ховари Миёна ва дигар манотиқи ҷангзадаи ҷаҳон  азҳисоби ҷавонони гумроҳи тоҷик низ хизмати хирсонаиҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ  маҳсуб меёбад, ки дастгоҳи таблиғоти инҳизби террористӣ то имрӯз аз ин кори разилона даст накашидаанд.

       Набудани ҳизби наҳзати исломӣ  дар фазои сиёсии  кишвар ин кафолати субботи сиёсӣ, рушди давлат ва якпорчагии Тоҷикистон аст, ки бешак  мардуми Тоҷикистон тайи чанд соли охир асли воқеаро ба пуррагӣ дарк кардаанд.  

     Месазад, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати Роҳбарияти олии сиёсии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобатиҳифз ва эҳтироми арзишҳои суннатии миллат, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондаанд, сарҷамъона кӯшиш ба харҷ дода,  барои пешгирии омилҳои хурофотпарастию  бегонаманишӣ  дар ҷомеа  муборизаи беамон барем. 

                                                                                                 Алиҷон       Асақолов

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин