Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Хоинони миллат ба мақсад нарасиданд

 

    Тавре маълум аст, 16 июли соли ҷорӣҳаводорону тарафдорони ташкилоти экстремистию террористииҳизби наҳзати исломӣ бо дигарҳаммаслакону гуруҳҳои тафриқандоз дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъ омада, бо истилоҳ  бобати таъсиси иттиҳоди нави неруҳои оппозитсионии тоҷик  машварат оростанд. Тибқи иттилоъ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ташкилоти экстремистию террористииҳизби наҳзати исломӣ  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар ин чорабинӣ зимоми маҷлисороиро ба даст гирифта,  ба ибораи дигар дар дохили тафриқа тафриқаи нав андохтан мехост. Яъне миёни гуруҳҳои   иртиҷоӣ худроҳамчун шахси донишманду кордида  муаррифӣ сохта, бо ин васила афзалияти ташкилоти экстремистию террористииҳизби наҳзати исломиро аз дигар ташкилотҳои иртиҷоии  мавҷуда боло гузоштан мехост. Ин амали Кабирӣ бори дигар собит месозад, ки тамоми маблағҳои молиявии ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз охундҳои эронӣ дастрас мегардад, тавассути ин хоин сурат гирифта, барои гарм сохтани дили сарпарастонаш номбурда баҳама кор қодир аст. Ва шиори ӯ, ки «Барои мо сулҳ дигар вуҷуд надорад» баёнгари он аст, ки ин хоин пайи ҷӯстуҷӯ ва амалисозии фаъолияти зидди инсонии  навбатист.

    Иқдоми ин хоинро хоинони дигари миллат ба хотири яккатозиаш қабул надоштанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро? То ҷое огоҳем, ин хоин бо истифода аз дини мубини ислом ва афзалият доштани эътиқоди динии мардум бо шиорпардозиҳо ва истифодаи дини поки ислом ба манфиати шахсӣ ва ғаразҳои сиёсӣ мехоҳад ба амалҳои тахрибкоронааш идома диҳад.ҳамоно, мақсад  истифода аз арзишҳои исломӣ,  салтанат  доштан миёниҳаводорону ҳамаслакон ва гирифтани бренди сиёсӣ аз маблағгузорони хориҷӣ.

     Хоинони миллат як нуқтаро фаромӯш карданд, ки Худованд парҳезкоронро дӯст  медорад ва тафриқаандозии онҳо дар ҷомеа паёмаду самараи  нек надошта,  холиқи якто аз онҳо рӯ тофтааст.

      Азҳама кори бузургу шоиста дар  зиндагӣ ин нигоҳубини  волидону  фарзандон аст, ки ин мунофиқон аз ин неъмати бузурги худовандӣ фаромӯш сохтаанд. Шахсе, ки волидайну фарзандони худро дӯст намедораду аз онҳо дар таъминоти зиндагӣ рӯ тофтааст, магар   метавонад Ватанро дӯст дорад? Роҳи интихобкардаи Кабирӣ ва ёронаш хиёнат, хиёнат ва боз хиёнат аст,ки интиҳои ин роҳ нобудист. Яъне, дар оташе, ки ин хоинон афрӯхтаанд худ рӯзе  хоҳанд сухт.

      Зеро, дуои аксарият назди Худованд мартаба дорад ва оҳи дили модарони тоҷик, ки аз сиёсатбозиҳои ин шахси манфур наздиконашонро аз даст додаанд, рӯзе дунболагири ин хоинони Ватану миллат хоҳад буд. Малоҳат Қурбонова

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин