Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Манфиатњои пардапўшона

 

Имрўз баъзе аз давлатњои аљнабї идеология ва амалњои разилонаи зишту аз ахлоќи инсонї бегона будани ташкилотњои террористии байналмилалиро дастгирї ва пуштибонї намуда, онњоро њамчун «олот» дар ниќоби дини поку беолоиши Ислом истифода намуда, барои ноил шудан ба манфиатњои геопалитикии худ љавонони мусулмонтабор, ки аз фарњангу маданияти исломї бехабаранд, ба доми худ фурў мебаранд. Дар натиља љавонон бо дасти худ мардуми мусулмонро ба ќатл расонида, манфиатњои пардапўшонаи душманони дини мубини Исломро њимоят менамоянд.

Як гурўњи љавонони ба дом афтодаи  мо низ пайрави ба ким –кадом як нохалаф даст ба  вањшатафканї мезананд. Ба арзишњои миллии мо тољикон латма варид менамоянд.  Ин дар амалии ѓайриинсонї рўзи  29- уми  июли соли равон, ки дар шоњроњи  Душанбе- Кўлоб дар ноњияи Данѓара  рух  дод ва  сайёњон бо як берањмї ба њалокат расонда шудаанд, дасти  љавонони  то бистсолаи тољик буд. Њоло он ки ба ќатл расонидани шахсе дар дини ислом сахт мањкум карда шуда, тибќи таълимоти Ќуръони карим ќотил лоиќи љањаннам аст.

 Ин ќотилони вожгунабахт дирўз аз паси  мизи мактаб бархестанд. Аз куљо  чунин берањмї ва љоњилият дар замири ин љавонон љо гирифт. Кишвари моро,  ки  дар ќатори дањ мамлакати амн дар сатњи љањонї мавќеъ гирифта буд, зарба заданд. Пас маълум гардид, ки барои ин ќишри љомеа арзишњои миллї, ватандорию ватанпарастї ќадре ќурб надоранд. Ин амали нангин боиси андешамандии љиддист, ки  чї тавр зуд  нињодњои иљтимоии муѓриз фазои холии  љавононро пур месозанд.   Роњбарони ватангумкардаи ин гурўњ М. Кабирї ва косалесони манфураш аз дур истода  ба Тољикистони   азиз сангандозї менамоянд. Пешравї, амну амонї  ва корњои созандагию бунёдкоре, ки имрўз тањти Роњбарии Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон  ба даст омадаанду ба даст омада истодаанд, дида наметавонад. Њасад, бухл, кина, миллатситезї дар замирашон то хаддест, ки дигар њељ пешравию муваффаќият ва   оромиро  дида наметавонанд.  Чашмашон парда кашидааст. Нияти нопок доранд. Мехоњанд љавононро маѓзщўи намуда,  ба муќобили худ бишўронанд. Дар дохили кишвар суботу оромиро барњам зананд.   Дањњо бор бо ин нияти нопокашон ба чоњ афтиданд, бархостанд, афв шуданд. Аммо нияти разилонаашонро боз идома дода истодаанд. Эй сифлагони хони мардум, аз ёд набароред, ки тољик тољики солњои навадум нест. Ин тољикест, ки дурандеш асту дўстро аз душман ба хубї фарќ карда метавонад. Ободкорињо пеши чашмаш њар соату њар рўз љилва медињанд. Дар ќалбаш муњаббат ба Ватан ва марзу буми он  дар љўш аст. Ба љуз чанд сиёњкору  оќипадар дигар касе шуморо намешиносад. Мо муаллифони ин сатрњо кайњою кайњо  шуморо нашинохтаем.  Аз хотиротамон чењраатон, суханатон гум гаштааст. Вуљуд надорї бароямон ва арзандаи дар бораат чизе навиштан  њољат надорад. Ягон некие ба љуз мухолифат барои кишвар накардаї, ки ба хотират биёрем. Танњо коратон сангандозї, нафрат, даъвати љавонони носипос барои дањшатафканї дар байни мардум. Амалњое, ки дар кишвар рўзи 29-уми июл дар шоњроњи Душанбе- Кўлоб ба вуќуъ пайвастанд, моро њушёр намуд аз як тараф аз тарафи дигар нафрату кинаву адоватамонро нисбати шумо ватангумкардањо дањчанд афзуд. Вале  ин масъалањои басо мубрами рўз гаштаанд. Аз ин амали нољавонмардона  касе дар амон буда наметавонад. Мо њушёр шудем ва  амиќ дарк кардем, ки  панљаи  иттињом сўї њар яки мову мо дароз мегардад, зеро ин гурўњ пушти дари мо истодаанд.  Аз ин лињоз, дар ин лањзањои таќдирсози таърихї танњо матонату мардонагї, ватандўстию мењанпарастї, эњтирому эътимод ба фарњанги миллї, тамаддуни созандаи исломї ва арзишњои умуми эътирофшудаи башарї метавонанд, кишвари азизамон – Тољикистонро аз ин разилони замон эмин дорад.

    Мо ифроту ифротгарої ва тафриту  вањшатафканиро мањкум намуда, муттањидї ва пуштибонии хешро аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон изњор медорем. Аз љавонону наврасон, ањли љамоатчигї даъват ба амал меорем, ки њарчї бештар мафњуми сулњу субот, вањдати миллї, истиќлолияти давлатиро ба ќишри љомеасози давлату миллат талќин намуда, бањри гул- гулшукуфии Тољикистони азиз сањмгузор бошанд.

 Некќадами Сафо     ва  Љўё

   

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин