Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Машварати августии омӯзгорон

 

Рӯзи 23.08.2018 дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия маҷлиси васеъи кормандони соҳаи маорифи ноҳия (машварати августии омӯзгорон)  бо иштироки васеи намояндагони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони хоҷагиҳо, инчунин маъмурияту  омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. 

Дар машварати мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода П.Ҳ ва муовини раиси ноҳияи Ш.Шоҳин Ғафорзода С иштирок намуданд. 

         Дар кори машварат аз рӯи мавзӯи «Ҷамъбасти соли таҳсили 2017-2018 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли таҳсили 2017-2018» мудири шуъбаи маориф Ғоибзода Н.А баромад намуд. Аз ҷумла мавсуф дар баромади хеш оид ба ҳама паҳлу ва самтҳои фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили 2017-2018 маълумоти муфассал дод. Изҳор карда  шуд, ки дар баробари ҳама муваффақиятҳои соҳаи маориф дар соли таҳсили гузашта ҳанӯз ҳам дар фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ камбудию норасоиҳо боқӣмондаанд. Аз ҷумла имрӯз норасоии 6 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба маълумот гирифта шуда, ягон кӯдакистони хусусӣ ва муассисаҳои типпи нав дар ноҳия вуҷуд надорад.  

            Дар кори машварат муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират ва раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода П.Ҳ суханронӣ намуда, вазъи имрӯзаи соҳаи маорифи ноҳияро мавриди таҳлил қарор доданд. Зикр карда шуд, ки соҳаи маорифи ноҳия дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар ин давра чандин муассисаҳои таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин эшон аз муваффақияти хонандагони ноҳия дар озмунҳои фаннии даври вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ изҳори хушнудӣ намуда, ин пешравиҳоро ҳамчун дастоварди муҳими соҳаи маорифи ноҳия унвон намуданд. Ҳамчунин мавсуф ҷиҳати рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷинояту ҷинояткорӣ, аз қабили гаравидан ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ изҳори андешаронӣ намуданд.

           Дар хотимаи кори конференсия раиси ноҳия муҳтарам Зарифзода П.Ҳ  як қатор кормандони соҳаи маорифи ноҳияро барои хизматҳои тӯлонӣва самарабахшашон дар соҳаи маорифи ноҳия бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.  

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин