Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

САДОИ «БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ»

 

Дар таърихи 13-уми августи соли 2018 аз тариқи шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ наворе бо номи «Бозгаш аз ҷаҳаннам» ба намоиш гузошта шуд. Дар ин филми мустанад чеҳраи яке аз муассисин ва мубалиғини ТЭТ ҲНИ Айёмуддин Сатторов, маъруф ба Мавлавӣ Аёмуддин дида шуд.

Аёмуддин Сатторов дар вақти суханрониҳои худ аз амалҳои разилонаи ТЭТ ҲНИ аз оғози ташкилшавӣ то фаъолияти ҳозира ва нақшаҳои шуми дар оянда даштаашон хабардор намуд. Ниқобро аз чеҳраи ТЭТ ҲНИ, ки чун гург дар либоси гӯсфанд худро ҷой дода буданд, кашида, тамоми амалҳои разилонаашон, аз ҷумла садҳо қатлу куштор, мазҳабфурӯшию миллатфурӯшиашонро бе ягон таҳдиду зуроварӣ шарҳу эзоҳ дод. Муаллиф боз як бори дигар мисли дигар ҳаммаслаконаш иқрор намуд, ки сарпараст дар амалҳои қатлу куштор ва хусусан табаддулоти нокоми гузаштаи соли 2015 ТЭТ ҲНИ дасти кишварҳои ба мо «дӯст» мебошад.

Шиори сарбаланди мардуми тоҷик аст, ки мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад», дар ҳақиқат ин гуфтаҳо рост мебошанд. Чунки ба дили мардум бо найрангу ҳила роҳ ёфтан ғайри имкон аст.

Мардуми бохираду сарбаланди Тоҷикистон аз дер боз медонанд, ки роҳбарони ин ҳизб дар рӯи гургсифати худ ниқоб кашидаанд.

Чун имрӯзҳо Аёмиддин ва ҳаммаслаконаш агар ба нав аз хоб бедор шуда бошанд, ин мардуми бонангу номуси тоҷик ба гуфтаи хирадмандонаи Мавлоно кайҳо боз бедор буданд. Чунончи Мавлоно гуфтааст:

Чун басо иблиси одамрӯй аст,

Пас ба ҳар дасте набояд дод даст.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави андешаҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қадам ба қадам барои рушду нумӯ ва ободонии Ватани азизамон саъю талош варзида, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Ардашер Амонов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

«Ҷалолиддини Рӯмӣ»-и н. Шоҳмансур 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин