Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

XИЁНАТИ НАҲЗАТ ОШКОРТАР ШУД

 

Мурури замон довари ҳақиқӣ мебошад, ки ҳақро аз  ботил ҷудо мекунад. Бо мурури замон ҳамаи асрор хоҳ нек бошад, хоҳ бад, ошкор мешавад. Одамони бадтинат, ки бо сад ҳилаву найранг ба Ватан, миллат ва мазҳаби худ хиёнат мекунанд, мувофиқи адолати илоҳӣ дар назди мардум шарманда мешаванд.

Шахсоне, ки дар давоми 27- соли истиқлолият ба Ватан ва миллат хиёнат карданд, мардумро ноором карданд, хуни бағайри ҳақ рехтанд, сирру асрори онҳоро бо амри тақдир аз дохили худи онҳо ошкор мекунанд. 
Яке аз чунин далелҳои раднопазир суханҳои яке аз муассисони Ҳизби хиёнаткори Наҳзат Сатторов Аёмиддин мебошад. 
Сатторов Аёмиддин дар як намоиши телевизионии бо номи "Бозгашт аз ҷаҳаннам", ки бо тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, аз ҳаёти чандинсолаи худ ҳамроҳи ТЭТ Ҳизби наҳзат ва хоҷагони хориҷии он ҳисобот дода, кӣ будани муассисони Наҳзат, бо чӣ ҳадаф ташкил кардан ва фаъолияти хиёнаткоронаи он, аз ҷумла хизматҳои муғризонаи охундҳои хориҷиро бо далелҳои азсаргузаронидаи худ баён намуд. 
Баъди тамошои ин сӯҳбати ошкоро ва афсӯсу надоматҳои  Сатторов Аёмиддин тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ходимони дини масҷиди ҷомеи марказии Шайх Маслиҳатдини ш.Хуҷанд аз нақшаҳои Кабирӣ ва хоҷагони он боз огоҳтар шуданд, ки ҳадаф онҳо ба дини ислом хидмат кардан не, балки аз номи дин сӯи истифода карда, маблағ ба даст овардан аст ва бо роҳи хиёнат ба хоҷагони хориҷии худ хизмат карда, мардумро гумроҳ кардан аст. Аммо бояд онҳо донанд, ки имрӯза мардум, мардуми солҳои навадум нестанд, ки аз паси балвогарон раванд, имрӯз мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ходимони дин ба ин хиёнаткорон нафрат доранд.

 ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,

сархатиби масҷии ҷомеаи Шайх Маслиҳатдини ш.Хуҷанд

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин