Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ГИРДОБИ КИНАВУ ҶАҲОЛАТ

 

Ҳамарӯза дар ҳар ақсои ҷаҳон ҳаводиси зиёде рух медиҳанд ва тавассути васоити ахбор онҳо намоиш дода мешаванд. Мебинем, ки чӣ гуна дар кишварҳое, ки мардумонаш иттифоқу осуда барои зиндагии шоистаи хеш талош мекунанд, вазъ орому шароит муътадил аст. Дар он кишварҳое, ки қисмате аз аҳолиаш ба таблиғоти хориҷиён мубтало шуда, ҳисси милливу мардумиашонро гум кардаанд, бесарусомонӣ идома меёбад. Аз ҷумлаи кишварҳои ноосуда ҳамсоякишвари Афғонистон аст, ки анқариб ҳар рӯз ё инфиҷоре рух медиҳад, ё гурӯҳе бо гурӯҳи дигар дар набард мешаванд. Вазъи Шарқи Наздик низ чандон хуб нест.

Дар чунин шароите, ки дунё нотинҷ буда, бо васвасаи баъзе ҳокимиятхоҳону моҷароҷӯён баъзе давлатҳо сарҳисоби кори худро намеёбанд, он кишварҳое бурд мекунанд, ки зери парчами сулҳу ваҳдат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ ба сӯи ояндаи нек бо фикри пешрафт зиндагӣ доранд.

Ин муқаддима ба он хотир буд, ки мардум бояд ба қадри осудагӣ бирасанд, некро аз бад фарқ карда тавонанд. Як дарси бисёр омӯзандаи неку бади зиндагӣ филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» буд, ки чанде пеш аз аксар шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд. Қаҳрамони ин филм – яке аз раҳбарони ғоявӣ ва аз ибтидо созмондиҳандагони ҳизби мамнӯъ ва террористиву экстремистии наҳзати исломӣ Айёмиддин Сатторов буд.

Ин марди ҳоло куҳансол ва хеле таҷрибаандӯхта аз зумраи шахсиятҳое ба шумор меравад, ки ба қавле дар даруни ҳизби наҳзат калон шудааст. Аз нақли муфассали ӯ бисёр сирҳо ва муаммоҳои фаъолияти наҳзатиён ошкор гардид. Маълум шуд, ки на  танҳо солҳои пеш, балки имрӯзҳо низ чанде аз масъулини ин ҳизби тахрибкор худро барои ҷомеаи ғарбӣ одамони бегуноҳ ва ҷабру озордида нишон дода, чӣ гуна барои вайрон намудани вазъи осудаи Тоҷикистон, аз нав ба вуҷуд овардани харобкориҳо ҷаҳду талош мекардаанд.

Аз сухангӯии ин масъули наҳзатиён он далел равшан шуд, ки алоқаву робитаи онҳо аз ибтидо то ҳозир бо хадамоти ҷосусии Эрон мустаҳкам буда, ҷониби ин кишвари гӯё бо мо дӯст тухми кинаву адоват нисбат ба мо мекоштааст. Дар пойгоҳҳои ин кишвар омода кардани террористон барои ҳизби наҳзат як амали муқаррарӣ будааст.

Аз фаъолияти чандсолаи ин ҳизби бадкор маълум буд, ки онҳо ҳеҷ созише на бо мардум ва на бо ҳукумат надоранд, ҳадафашон тағйири мазҳаб, сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир додан аст. Онҳо дар симои Эрон такягоҳи худро ёфта, мазҳабу виҷдон ва ҳама гуна арзишҳои миллиро фурӯхтаанд. Бар ивази маблағҳои хоҷагони шиаашон омода ҳастанд, ки ватанашонро ба як ғуломи давлати дигар табдил диҳанд.

Ин филм бори дигар собит намуд, ки ҳама гуна даъвоҳои чанде аз фирориёни ин ҳизби вайронкор дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ – боз аз нав ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст.

Айёмиддин Сатторов имрӯз пушаймон аст, ки ҳаёташро ба ин ҳизб бахшидааст. Дар зиндагӣ ошкор намудани ростиву ҳақиқат беҳтар аз он аст, ки онро бо дили сиёҳ ба гӯр барӣ. Ин филм моро ҳушдор медиҳад, ки на эҳсосот, балки ақлро раҳбари худ намоем, чуқур ва ҳамаҷониба андеша кунем, ки сарчашмаи бадиҳо аз куҷост ва чӣ оқибате хоҳад дошт. Ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломӣ имрӯзҳо мурдаро мемонад, гарчи баъзе аз аъзои боқимондааш дар хориҷа ҳанӯз доди адолат мезананд. Аммо таърих кори худашро мекунад. Чунонки шоире бисёр бамаврид гуфта:

Марг он набувад, ки гӯру чӯбат созанд,

Раҳгум заданат ба зиндагонӣ марг аст.

Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин