Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

БОЯД ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕМ

 

Аз тариқи телевизион барномаеро тамошо кардам, ба номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки қаҳрамони он Сатторов Айёмиддин буд. Дар рафти барнома шахси номбурда аз тамоми амалҳои бадкоронаи худ ва ТЭТ ҲНИ нақл мекард. Сатторов А. бори дигар парда аз рӯи амалҳои бадкоронаи наҳзатиён ва саркардаҳои онҳо, яъне кишвари ба мо “дӯст” бардошт. Ба таври возеҳу равшан баён намуд, ки наҳзатиҳо дар давроне, ки мардуми фиребхӯрдаи мо дар давлати Афғонистон буданд, аз давлати Эрон чӣ қадар маблағҳои бешуморро бо номи «кӯмаки муҳоҷир» аз худ мекарданд. Инчунин Сатторов А. аз хиёнатҳои Кабирӣ ёдовар шуда, баён кард, ки ҳама ин қатлу куштор то табаддулотҳои Ҳоҷӣ Ҳалим бо саркардагии Кабирӣ ва охундҳои эронӣ сурат гирифтаанд. Ба ин басанда накарда, боз дар пойгоҳҳои террористии воқеъ дар шаҳрҳои Бумеҳан, Пардис, Ароқ, Мозандарон ҷавонони моро қатлу куштор меомӯзанд ва мақомоти махсуси Эрон чӣ гуна онҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Сатторов А. дар охири баромадаш мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки найрангҳои ин ҳизб давом дорад ва Эрон мехоҳад ба дасти инҳо амалҳои шум анҷом диҳад.

Умед дорем, ки ин бадхоҳон ва саркардаҳояшон ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд, зеро мардуми мо ҳадафу нақшаҳои шуми онҳоро ба хубӣ дарк кардаанд. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон бояд зиракиро аз даст надиҳем ва дар ҳаққи Пешвои миллати худ ҳама вақт дуо кунем ва бо якдигар дӯсту бародар бошем. Дар ин сурат, ҳеҷ қуввае ҳадафҳои нопокашро дар сарзамини зебои мо роҳандозӣ карда наметавонад.

Ҳамдуллоҳ Раҳимов,

сархатиби масҷиди ҷомеи

марказии ноҳияи Сино

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин