Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Мувафаққияти Варзишгарони ноҳия

 

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29-уми июли соли 2018   дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Юнифайт», чемпионати ҷумҳуриявӣ бо иштироки варзишгарони аз синни 14 то   17-сола   баргузор гардид. Варзишгарон аз вилоятҳои Хатлон, Суғд ва инчунин ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд. Дар ин мусобиқа таҳти сарварии мураббӣ Фарҳоди Ҷумъазод- устоди варзиш бо  18 нафар шогирдонаш, шарафи варзишии ноҳияи  Шамсиддин Шоҳинро ҳифз карданд. Натиҷаи мусобиқа нишон дод, ки варзишгарони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо омадагии ҳаматарафа ба мусобиқа омадаанд. Аз 18 нафар варзишгар  16 нафарашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шада, ба медал ва ифтихорномаҳо ба ноҳия баргаштанд.

1.Абдуҳалимова Омина ,.Шукронаи Мирзо,.Рамзияи Дилшод,Сафаров Абдураҳмон,Сангинов Суҳроб,Абдуллоев Меҳроҷ, Муродов Чаҳонгир соҳиби ҷои аввал ва  медали тилло.

2.Оишаи Абдулмуъмин,Сайёҳати Абусаид,Ҷовидони Акрам,Пайрави Сафармад- соҳиби ҷойи дуюм  ва  медали нуқра.

3.Аниси Азиз ,Макнунаи Толиб,Муродмадзода Алишер,Зуршои Наҷмиддин ,Ҷовидони Хисрав   ҷойи сеюм бо  медали биринҷӣ  сарфароз гаштанд.

       Рӯзи 4-уми августи соли 2018 марҳалаи дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар ин мусобиқа  варзишгарони ҳамаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб: Ҳамадонӣ,  Фархор, Ховалинг,  Восеъ, Муъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қувваозмоӣ карданд.  Бояд зикр намуд,ки ин мусобиқаро  варзишгарони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  оғоз бахшиданд.      Аз намуди  варзиши давидан ба масофаҳои  гуногун  Зуршоҳи Начмиддин сазовори ҷойи аввал, Муҳаммади Мақсадшоҳ   сазовори ҷойи дуюм  ва Сафарҷони Давлатшоҳ   соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.Аз  шумораи варзишдухтарон бошад Сайфораи Борон ва Шарифова Дилноза   сазовори  ҷойи дуюм гашттанд.

         Дар мусобиқаи маъмули дастхобонӣ бошад аз  варзишгарони  ноҳия   Баҳори Абдусамад дар вазни 60  кг,    Оминаи Аскаршо дар вазни 65 кг,  Ҳабибаи Амиралӣ дар вазни 50 кг  .Орипов Эраҷ дар вазни 80кг , Файзиев Нозим дар вазни 85кг соҳиби мақоми  аввал гардиданд. Ин натиҷаҳои   нишон медиҳанд, ки варзишгарони ноҳия  аз худ маҳорати хуби варзишӣ  нишон дода, нисбати рақибонашон бартарии комил  доштанд. Ғолибонро  бахши ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб бо   туҳфаҳои арзанда  ва медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин